logo

порлумон

ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО. ПАРЛУМОН ТАРҲИ НАВИ ҚОНУНРО ҶОНИБДОРӢ КАРД

 
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар пешниҳод шуда буд, баъди баррасӣ пазируфтанд.  
Барно Сайидвализода, сардори Хадамоти иҷро, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон зикр кард, ки қонуни амалкунандаи истеҳсолоти иҷро моҳи марти соли 2008 қабул гардида, дар тули 13 соли амал ба он се маротиба тағйироту иловаҳо ворид гаштааст. Таҷрибаи 13-солаи қонун нишон дод, ки  бо сабаби рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ зарурати таҷдиди назар кардани меъёрҳои он ба миён омад. Лоиҳа аз қонуни амалкунанда вобаста ба ҳаҷм, матн, танзими муносибатҳо, услуби забонӣ ва ба низоми мутамаркази иттилоотӣ-электронӣ гузаштани раванди истеҳсолоти иҷро фарқ мекунад. Тарҳи нави қонун аз 19 боб ва 146 модда иборат буда, дар қиёс ба қонуни амалкунанда 10 боб ва 45 модда зиёд аст.  
Дар иртибот ба ин, дар таҳияи лоиҳа талаботи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ дар лоиҳа вобаста ба ташкили махзани ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолотӣ пешбинӣ гардидааст.  
- Бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирии оқибатҳои номатлуби он, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар лоиҳаи қонун масъалаҳои муваққатан маҳдуд намудани баромадани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ворид намудани қарздорон ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон пурра таҷдиди назар шудааст. Ҳамзамон, лоиҳаи қонун масъалаҳои аз рӯйи кадом ҳуҷҷатҳои иҷро наситондани пардохти иҷроро танзим намудааст, ки дар қонуни амалкунанда ин меъёр муқаррар нашудааст. Аз ҷумла, оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки қарздор иҷрои талаботи онро то оғози истеҳсолоти иҷро таъмин намудааст; оид ба андешидани чораҳои таъмини даъво; оид ба мусодираи молу мулк; оид ба баргардондан ё насупурдани далелҳои шайъӣ; оид ба интиқоли маблағҳои дар суратҳисоби мақомоти тафтишоти пешакӣ ва судӣ нигоҳдошташаванда; оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки такроран ворид гардидаанд. Инчунин, бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ ва дастгирии модару кӯдак аз ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки талаботи онҳо ситониши маблағи алимент, ҷуброни зарари боиси фавти саробон ё ҷуброни зарари ба саломатӣ расондашударо пешбинӣ менамояд, пардохти иҷро ситонда намешавад, - гуфт сардори Хадамот.            
Бояд гуфт, ки қонуни амалкунанда иҷрои ҳамаи санадҳои судиро ба зиммаи иҷрочиёни мақомоти иҷро ва дар як вақт иҷрои баъзе санадҳои судиро ба зиммаи суд вогузор намудааст. Тибқи лоиҳаи нав, минбаъд иҷрои санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро иҷрочиёни мақомоти иҷро таъмин менамоянд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2022    №: 62    Мутолиа карданд: 3963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед