logo

Хабарҳо

Россия ва Ҳиндустон шабеҳи SWIFT-ро сохтанд

 
Москва 24. Корпоратсияи русии ВЭБ. ФР ва Бонки захиравии Ҳиндустон (БЗҲ) системаи  пардохти ҷойгузин ба SWIFT таҳия карданд, то тиҷорати дуҷонибаи бемамониятро таъмин намоянд. Дар ин бора News.ru хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манобеъ, ки бо вазъ ошно ҳастанд, платформаи нави транзаксия эҳтимолан дар қароргоҳи ВЭБ ва БЗҲ насб хоҳад шуд. Интизор меравад, ки он пас аз қатъи иртиботи бонкҳои Россия аз SWIFT интиқоли бемамонияти ҳуҷҷатҳо барои муомилот бо рупия ва рублро таъмин кунад. “Ҳиндустон як қатор чунин платформаҳои транзаксияро пешниҳод кардааст, ки ҳукуматдорони Россия аз онҳо вариантеро,  ки дар яке аз протоколҳои шабакавӣ кор мекунад, метавонанд интихоб намоянд”, - шарҳ дод яке аз манбаъҳо.
 
 
 
Суҳбати Путин бо Алиев ва Пашинян  
EADaily. Ба иттилои дафтари матбуоти Кремл, Владимир Путин  31 март бо Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфтугӯйи телефонӣ анҷом дод. Мавзуи суҳбат вазъи атрофи Кӯҳистони Қариябоғ буд.
«Вазъ дар атрофи Кӯҳистони Қариябоғ бо таваҷҷуҳ ба ҳалли мушкилоти амалии таъмини амният ва субот дар минтақа баррасӣ гашт. Муҳимияти иҷрои пайвастаи ҳамаи муқаррароти изҳороти сеҷониба аз 9 ноябри соли 2020, 11 январ ва 26 ноябри соли 2021 бори дигар тасдиқ шуд. Раҳбарони се кишвар дар бораи равобити минбаъда ба мувофиқа расиданд.
 
 
 
Муборизаи Чин бо камбизоатӣ намунаи ибрат аст 
REGNUM. Муваффақиятҳои Чин дар коҳиш додани камбизоатӣ барои тамоми ҷаҳон намуна аст,- гуфта мешавад дар гузориши Вазорати молияи Чин.
Тибқи гузориши муштараки Вазорати молияи Чин, Маркази таҳқиқоти рушди Шурои давлатӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар тули чаҳор даҳсолаи охир, кишвар тақрибан 800 миллион нафарро аз камбизоатӣ раҳо кард. 
Дар гузориш таъкид мешавад, ки ин рақам тақрибан 75 дарсади коҳиши камбизоатии ҷаҳониро дар ҳамин давра ташкил медиҳад.
Муваффақиятҳо ба тағйироти иқтисодии Чин марбутанд, ки ба тавонмандии мардуми камбизоат ва баланд бардоштани даромади онҳо, инчунин, сиёсати мақсадноки кишвар барои коҳиш додани камбизоатӣ мусоидат кардааст. 
 
 
Шурои ҳуқуқи башари СММ ба қабули таҳримҳои якҷониба мухолифат кард
Gazeta.ru. Шурои ҳуқуқи башари СММ аз давлатҳо даъват кард, ки аз қабули таҳримҳои якҷониба ҳамчун василаи фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ даст кашанд.  
Дар сессияи 49- уми Женева аз 47 давлат  27-тоаш ба ҷонибдории қатъномае овоз доданд, ки мутобиқи он, бо мақсади монеа эҷод кардан ба давлатҳо ҷиҳати «ҳуқуқи озодона ва мустақилона қарор қабул намудан» аз ҷониби «бархе абарқудратҳо» истифодаи чораҳои маҳдудкунандаро ҳамчун воситаи фишор, аз ҷумла фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ, маҳкум менамояд. 14 давлат, аз ҷумла ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Украина зидди қабули санад баромад карданд. Шаш ҳайати дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ намуд. Созмон “ҳамаи давлатҳоро даъват кардааст, ки андешидан, нигоҳдорӣ ё татбиқи чораҳои маҷбурии якҷониба”, ки ба қонунҳои байналмилалӣ ва Оинномаи СММ мухолифанд, аз ҷумла “бо оқибатҳои экстерриториалӣ, ки ба муносибатҳои тиҷоратӣ монеа эҷод мекунанд”, хотима диҳанд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 945
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед