logo

сиёсат

ПАЁМ. ВОЛОИЯТИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МОНД

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва мартабаи зан дар ҷомеа баланд гардида, ҳоло нақш ва таъсири онҳо дар пешбурди корҳои идоракунии давлатӣ хеле чашмрас аст.
 
Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони   ниҳодҳои назди  Президент  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии  шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва дигар корхонаву ташкилот аз он  шаҳодат медиҳанд, ки бонувон таҳти ғамхории ҳамешагии роҳбарияти олии  кишвар қарор доранд. Сарвари давлат дар  паёмҳо, мулоқотҳо, вохӯриҳо бо  қишрҳои гуногуни ҷомеа ва  суханрониҳояшон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи гуногун ҳамеша ба ин масъала рӯ оварда, нақш ва ҷойгоҳи бонувонро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ менамоянд.
Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 оид ба нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ибрози назар намуда, тазаккур доданд, ки имрӯз пешрафти ҷомеаи муосири Тоҷикистонро бе иштироки фаъолонаи занон тасаввур кардан аз имкон берун аст.  Зеро айни замон дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба ин мавзуи муҳим зимни ироаи Паёми навбатӣ дастур доданд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 -2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Сарвари давлат дар Паёми худ, ҳамзамон, ба фарҳанги миллӣ ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тазаккур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон, бисёр муҳим мебошад.
Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки ҳадаф аз баргузории озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти  миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Масъалаи  муҳими  дигаре,  ки  дар  Паёми  Сарвари  давлат матраҳ гардид, ба рушди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ рабт дошт. Зеро ба гуфтаи Пешвои миллат - бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Бо назардошти ин нукта, Президенти мамлакат барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин робита, мо - омӯзгорон вазифадорем, ки нишондодҳои Паёмро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дастуру супориш ва пешниҳодҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар тамоми самтҳо, аз ҷумла таълиму тарбия, бо сатҳу сифати баланд иҷро намоем. 
 
Дилором НАИМЗОДА,
муовини ректори Донишкадаи 
давлатии фарҳанг ва санъати 
Тоҷикистон ба номи 
Мирзо Турсунзода
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2022    №: 63    Мутолиа карданд: 850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед