logo

иқтисод

БОЗОРИ «КӮШОНИЁН». ОБОДИРО БО ЧАШМИ АҚЛ БОЯД ДИД!

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 24 ноябри соли 2021 бозорҳои «Султони Кабир», «Осиё» ва «Мадад» ба Маркази савдои «Кӯшониён» кӯчонда шуданд. Гарчанде ин як кори маъмулист, аммо баъзе расонаҳо бо баҳои якҷонибаи масъала, хостанд ихтилофи назар ба вуҷуд оранд. Ҳол он ки ин иқдом, асосан, ба хотири бартараф сохтани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт ва фароҳам овардани шароити муосири савдо дар ҷойи мувофиқ роҳандозӣ гардидааст. Вале аҷиб аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста вазъи хизматрасонии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр маҳз аз ҷониби онҳо интиқод мешавад. Яъне ки «ҳам дар наъл мезананду ҳам дар пошна». Аммо асли воқеа дар бозори навбунёди «Кӯшониён» тамоман чизи дигар аст.
Чанд моҳи охир аст, ки масъалаи кӯчондани бозори «Султони Кабир» вирди забонҳост. Аз ин хотир, барои аз наздик шинос шудан бо вазъ, ҷониби бозори «Кӯшониён» роҳ пеш гирифтем. 
Чун рӯзҳои аввали ҷобаҷошавист, ҳама савдогаронро саргарми кор дарёфтем. Баъзеҳо рафҳои мағозаро дуруст мекарданду бархеи дигар, аллакай, ба савдо шуруъ намуда буданд. Нахуст фурӯшандаи нуқтаи савдои 4132 ба суолҳои мо оид ба раванди кӯчидан рӯшанӣ андохт: «Ҳамин мағозаҳоро ба мо доданд, ки нисбат ба пештара фароху баланданд. Дар як қисмаш мешавад анбор низ сохт. Чи тавре мебинед, бо шабакаи гармидиҳӣ низ пайваст аст. Боз дигар сабукиҳо низ пешниҳод шудаанд, ки барои «қомат рост кардан» то муддате мадад мерасонанд». 
Ба ошёнаи дуюми бино баромадем. Зане машғули поккорӣ худро Гулхумор Фозилова муаррифӣ кард. Ӯ қаблан бекор буд ва се моҳ мешавад, ки ба фаъолият оғоз намуд. «Маошам 1200 сомонӣ. Зиндагиро пеш мебарам. Шароити корӣ хуб», - бо қаноатмандӣ гуфт ӯ. 
Давлатшоҳ Муҳаммад, директори ҶСП Маркази савдои «Кӯшониён», дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки соҳибкорон панҷ моҳ аз супурдани иҷорапулию патент озоданд. «Масоҳати бозори мазкур 20 гектар асту 8 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Тибқи қарори раиси шаҳр, нахуст, ба соҳибкорони бозорҳои «Султони Кабир», «Осиё» ва «Мадад» мағоза ё нуқтаи савдо ройгон дода мешавад. Баъд аз баровардани эҳтиёҷоти онҳо, он қисматҳоеро, ки ҳоло сохтмон идома дорад, ба нафарони хоҳишманд медиҳем. Ғайр аз ин, 27 нуқтаи хӯроки умумӣ сохтаем, ки барои табохони бозори «Султони Кабир» пешбинӣ шудааст. Аробакашҳоро низ бо ҷойи кор таъмин карданием. Он маълумоте, ки гӯё мо барои ҷой маблағ талаб карда бошем, асос надорад». 
Тоҷир Ҳоким Аюбов низ, ки аз соли 2005 дар бозори «Султони Кабир» ба соҳибкорӣ машғул аст, ройгон гирифтани мағозаро тасдиқ намуд: 
- Он ҷо масоҳати дуконам ҳамагӣ  2 метри мураббаъ  буд.  Мағозае,  ки дар бозори тозабунёд бароям ҷудо кардаанд, 6 метри мураббаъ аст. Ҳамчун савдогар бартарияти ин бозорро дар он мебинам, ки ҳамаи маҳсулот ботартиб ҷой карда шуда истодааст. Яъне, агар барои харидор зардевор лозим бошад, шарт нест, ки тамоми бозорро гардад. Аз як нуқта пайдо мекунад. Дигар ин ки пештар молро харидор танҳо бо ароба мебаровард. Ҳоло миёни тамоми растаҳо мошинроҳ ҳаст, ки аз 10 то 50 метр аст. Пиёдагардон низ бемамоният равуо мекунанд. 
Маврид ба зикр аст, ки бо назардошти пешгирии тамбашавии воситаи нақлиёт дар бозори нав беш аз 7 гектар танҳо барои таваққуфгоҳ ихтисос ёфтааст. Гузаргоҳҳо низ 5,5 метр аз роҳи мошингард баланданду ба омадурафти нақлиёт мушкил эҷод намекунанд. Ба он хотир, маҳз ҳамин минтақаро барои сохтмони бозор интихоб кардаанд, ки масолеҳи сохтмону қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт, асосан, аз вилояти Суғд вориди пойтахт мегарданд ва дигар барои ба шаҳр даромадани КамАЗ-ҳои бузурги боркаш ҳоҷат намемонад. 
Дар умум, иқдоми шаҳрдорӣ истиқболи гарми дастандаркоронро сазовор  аст, на он тавре ки баъзе аз «дӯстони дардошно» саҳифа сиёҳ мекунанд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
Комрон САФАРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2022    №: 64    Мутолиа карданд: 2690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед