logo

сиёсат

РОҲНАМОИИ ХИРАДМАНДОНА

Дар ҳошияи табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола шаҳрвандони кишварро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик мекунанд.
Ин аст, ки, дар ҳақиқат, соҳиб-ихтиёрии давлатӣ дар баробари бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба эҳёи арзишҳои динӣ ва ормонҳои таърихии миллат мусоидат кард.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба низом даровардани баъзе расму оинҳои мардумӣ, ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои молии шаҳрвандон ва тарбияи дурусти насли наврас қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, ки омӯзишу риояи онҳо андешаи одамро сайқал ва ақли ӯро таҳрик медиҳад.
Бо фарорасии сулҳу оромӣ, бо супориши Пешвои миллат аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ чоп ва дастраси мардуми кишвар гардонда шуданд. Аз ҷумла, китоби «Тоҷикон» -и Бобоҷон Ғафуров, ки ба ҳар як оила дастрас карда шуд ва аз он ғизои маънавӣ мегиранд. Ҳадафи асосӣ, бо ин васила мардумро ба худҷӯиву худрасӣ ва худшиносии маънавӣ мутаваҷҷеҳ сохта, онҳоро ба худогоҳии миллӣ расондан аст, то ки заминаи тафаккури мардум, аз ҷумла ҷавонон, тоҷикӣ гардад.
Тавассути табрикот Сарвари давлат таъкид ба он доранд, ки хайру некӣ дар вуҷуди инсон аз донишмандиву доништалабӣ ҳосил мешавад. Дониш ва хайру саховат муҳаббат ба миён меорад, дилҳоро бо ҳам мепайвандад ва мардумро дар ин давраи ҳассостарину душвортарини таърихӣ муттаҳиду сарҷамъ мекунад. 
Таҷрибаи зиндагӣ собит менамояд, ки равандҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ дар ҳар давраи таърих дар назди инсоният вазифаҳои нав мегузорад. Давлат ва Ҳукумат низ ҳамеша дар сари масъалаҳои муҳими ҷомеа фикр мекунад, мардумро сари вақт аз печу тоби он хабар медиҳад ва роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд, то ки ҳушёрии мардум фаъолтар ва зиндагии онҳо бо ривоҷу равнақ бошад. Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалкарди оқилона ва ҷасорати камназир миллатро аз бемории сирояти нави коронавирус раҳонданд.
Ба таври қатъӣ ва, яқинан, метавон гуфт, ки Президенти муҳтарами мамлакат даъват ба он доранд, ки мардум дар кишти баҳорӣ бо истифодаи тухмиҳои аълосифат ҳарчи бештар ғалла, зироатҳои лӯбиёгӣ, маккадон, шолӣ кишту истеҳсол карда, захираи дусолаи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошанд.  
Аз ҷумла, хешу ақрабоям дар деҳот кор мекунанд ва зиндагии хоксоронаи худро бо меҳнати ҳалол пеш мебаранд. Дар партави роҳнамоии пайвастаи Сарвари давлат солҳои охир аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ самаранок истифода бурда, бо истифода аз кишти такрорӣ ҳосили фаровон ба даст меоранд ва захираи хуби маҳсулот низ дар ганҷурхона нигоҳ медоранд.  Аз дороиву оромии хешовандон мо низ бенасиб нестем ва шукронаи онро дорем, ки хушҳолона умр ба сар мебарем.
Бинобар ин, аз номи аҳли оила ва наздиконамон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориву роҳнамоии хирадмандона, гиротар кардани ақлҳо, пойдории сулҳу оромӣ ва табрикоти самимӣ аз дилу ҷон сипос мегӯем.
 
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, 
омӯзгор, сокини шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2022    №: 64    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед