logo

маориф

МАОРИФ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ БОҚӢ МЕМОНАД

Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд. Дар Паём зикр гардид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, диққати аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Пешвои муаззами миллат дар Паём таъкид карданд, ки дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Яъне, зиёда аз як миллион хонандаи кишвари соҳибистиқлоли мо имкон пайдо намуд, ки дар муассисаҳои нави таълимии замонавии муҷаҳҳаз бо аёниятҳои замонавӣ, технологияи навтарини таълимӣ сатҳи дониши худро баланд бардорад.  
Дар Паём масъалаҳои китобу китобдорӣ ва ҷалби оммаи васеъ, хусусан ҷавонон, ба китобхонӣ махсус зикр гардиданд. Баргузории намоишҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар  туҳфа намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон  Ғафуров, таҷлили  Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо иншооти таъиноти фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба кишварҳои гуногуни дунё, аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол дар соҳаи фарҳанг дониста шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намуданд, ки ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илмдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.
Барои фарҳангиёни мамлакат ва тамоми сокинони кишвар боиси ифтихор аст, ки чанде аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии моро ЮНЕСКО соли 2021 ба рӯйхати мероси фарҳангӣ ворид кард.  Аз ҷумла,  9 мавзеи таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон - Қароқум», пазируфта шуд. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон мавриди дар сатҳи чорабиниҳои ЮНЕСКО таҷлил намудани 2500 - солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин дар солҳои 2022 - 2023 хуш пазируфта шуд. Дастоварди дигар дар ин росто он аст, ки намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гашт.
Аввалин бор роҳандозӣ гардидани намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи "Гимей"-и шаҳри Парижи Фаронса, ки  моҳи октябри соли 2021 оғоз ёфт ва се моҳ таъриху тамаддун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷикро ба мардуми Аврупо муаррифӣ намуд, аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими фарҳангии диёри мо ба шумор меравад, ки дар ин бора низ Пешвои миллат дар Паём ишора карданд.
Ба олимони ҷомеашинос ва зиёиёни эҷодкор Сарвари давлат тавсия доданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таърих, ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон ва ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ кардани тамаддуни давлатсозии халқи тоҷик, рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд. 
 
Махсуда ЮСУФОВА, 
омӯзгори МТМУ № 2-и шаҳри Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2022    №: 64    Мутолиа карданд: 4060
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед