logo

иҷтимоиёт

БУЗУРГМАРДИ ЭҲТИРОМУ ЭЪТИБОР

 
Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Толиб Набиев дар давоми 52 соли фаъолияти худ  дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои инкишофу пешбурди илми кишоварзӣ, соҳаҳои муҷтамаи агросаноатӣ, тайёр намудани мутахассисони баландпоя ва олимони ҷавон саҳми арзанда гузоштааст. 
Толиб Набиев соли 1996 дар Академияи кишоварзии шаҳри Москва  рисолаи докториро дифоъ намуда, соли 1998  соҳиби унвони профессорӣ, соли 2005 академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007 академики Академияи илмҳои кишоварзии Федератсияи Россия ва соли 2008 академики  Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ  гардидааст. 
Номгӯи тадқиқоти илмии ӯ беш аз 300 асару мақолаҳои илмию таълимӣ, аз  ҷумла 11 китоби дарсӣ, 9 монография, 14 тавсиянома ва 25 дастури методиро,  дар бар мегирад.
Комёбиҳои Толиб Набиев дар соҳаи тадқиқоти кишоварзӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои бонуфузи илмии кишварҳои хориҷӣ мавриди эътироф қарор гирифтааст. Ӯ дар конференсияҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Ҳиндустон, Чин,  Миср, ИМА,  Япония, Шветсия, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон  бо гузоришҳои илмӣ маъруза ва дастовардҳои илми Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Самараи заҳматҳои илмӣ ва тадқиқотии Толиб Набиев марҳилаи наверо дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, хусусан бахши рустанипарварӣ, оғоз кард.   
Ҷанбаи муҳими фарқкунандаи тадқиқоти анҷомдодаи Толиб Набиев дар омӯзиши хусусиятҳои биологӣ, агротехникаи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, хӯроки чорво, техникӣ ва, махсусан лӯбиёдонагиҳо, бо мақсади ба даст овардани ҳосили баланди онҳо, таъминот бо сафеда ва равған, илова ба ин, бойгардонии таркиби хок бо нитрогени биологӣ ва ҳосилхез гардондани заминҳои кишоварзӣ ба шумор меравад, ки натиҷаҳои бадастовардааш дар истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳурӣ ва берун аз он татбиқи худро ёфтаанд.
Таҳти роҳбарии ӯ тадқиқоти илмӣ оид ба селексия, тухмипарварӣ, таҳия намудани усулҳои парвариши зироатҳои  ғалладонагӣ, лӯбиёдонагӣ, техникӣ, хӯроки чорво дар шароитҳои заминҳои обӣ ва лалмии минтақаҳои водии Ҳисор, вилоятҳои Хатлону Суғд гузаронда шудааст, ки дар доираи пайванди илм бо истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ мавриди истифода қарор дорад. 
Профессор Толиб Набиев муаллифи навъҳои  ноҳиябандишудаи гандуми «Садоқат» ва «Ориён» дар ҷумҳурӣ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи докторӣ, 9 кас рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Ҳоло роҳбарии 2 докторант, 2 аспирант ва 1 унвонҷӯйро ба уҳда дорад.
Китобҳои дарсии ӯ  «Растанипарварӣ», «Асосҳои тухмишиносӣ» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Асосҳои агрономӣ», «Зироатпарварӣ», «Зироатҳои лӯбиёдонагӣ» ва «Растанипарварӣ бо асосҳои тухмишиносӣ»  китобҳои рӯимизии донишҷӯёни равияи биологии донишгоҳу донишкадаҳо ва мутахассисону кишоварзони ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. 
Айни замон аъзои ҳайати мушовараи таҳририи маҷаллаи илмии «Гузоришҳои АИКТ», «Кишоварзӣ ДАТ» ва  аъзои шурои диссертатсионии рисолаҳои докторӣ ва доктор PhD Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад.   
Доираи эътибори инсонӣ ва касбии Толиб Набиев ба кишвари мо маҳдуд нагардида, дар собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ, хориҷаи наздик ва дур доман густурдааст. Моҳият, таъинот ва аҳамияти таҳқиқотҳои анҷомдодаи ӯ дар кишварҳои гуногуни Шарқу Ғарб  ҳамчун офаридаҳои боарзиши илмӣ ва таҷрибаи хизматӣ лоиқи табодулу  пайравӣ  дар доираҳои бонуфузи илмӣ мақбулу писандида гардидааст. Чунин сатҳи баланди эҳтирому эътибор, ки як тан фарзанди деҳқон дар роҳи печида ва пурмонеаи  илм ва ҳаёт танҳо бо такя ба савод, дониш ва ҷустуҷӯву часпу талоши худ  ба он ноил гардидаасту  ҳар остонаи мушкилгузари  таҳқиқ ва мансабу мақомро  зина ба зина  устуворона боло рафтааст,  мактаби  омӯзиш ва оинаи пурҷилои ибрат мебошад. 
Ҳукумати Тоҷикистон заҳматҳои пурғановати Толиб Набиевро  бо ҷоизаву унвонҳо, нишону орденҳо ва дигар арҷгузориҳои муътабар қадр гардондааст.                                         
 
Усмон МАҲМАДЁРЗОДА МАЪМУР, 
доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви  вобастаи АИКТ,
 
Рӯзимурод БОЙМУРОДОВ, 
номзади илмҳои  кишоварзӣ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2022    №: 64    Мутолиа карданд: 667
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед