logo

Хабарҳо

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ. ҲАМОИШ ДАР МАВЗУИ МУҲИМ

 
Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, баргузор гардид. 
Дар ҷаласа сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, Бонки рушди Авруосиё, «Зарубеждипстрой», «БалтСтройИнжиниринг» ва пудратчиён иштирок намуданд. 
Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пудратчиён вобаста ба рафти корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла вазъияти кунунӣ - ҳаҷми корҳои иҷрошуда, корҳои боқимонда, муҳлати анҷом додани корҳои монолитӣ ва хиштсозӣ, рафти корҳо дар самти хатҳои интиқоли обу барқ дар ҳудуди қитъаҳои замин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода ҳисобот доданд.
Аз ҷониби иштирокдорон қадамҳои баъдӣ дар самти иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ пешниҳод гардида, мутаносибан ба онҳо муҳлатҳои ниҳоӣ оид ба иҷрои корҳо муқаррар шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат ба намояндагони вазорату идораҳо ва пудратчиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм вазифадор гардид, ки рафти иҷрои дастуру супоришҳои зикршударо зери назорати ҷиддӣ гирад. 
 
Бахтовар САФАРОВ,
корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм
 
 
 
 
ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. БАДАХШОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ НАҚШАРО БАРЗИЁД ИҶРО КАРД
Аз 1 апрели соли равон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати навбатии  шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад. Дар рӯзи аввали ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат маросими гусели наваскарон ботантана доир гашт. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъват аз иҷрои 102,5 дарсади нақша гузориш дод.
Дар шаҳри Душанбе ба ин муносибат маросими тантанавӣ доир гардида, 350 нафар ҷавон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел шуд, ки 29,5 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. 
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода, муовини вазири мудофиа Абдусаттор Шоҳиён ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст, ки бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.
Ба даъватшудагоне, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, сипас, машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиа ба намоиш гузошта шуд, инчунин, анъана маросими «нонгазон» сурат гирифт.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, шумораи ҷавонони синни даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин ба масъулони мақомоти вобастаи давлатии даъват имкон медиҳад, ки аз байни онҳо беҳтаринҳо ҷудо шаванд. Зеро, натиҷаҳои чорабиниҳои даъватӣ ба вазъи омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири бевосита мерасонад. Аз ин сабаб, масъулони даъват кӯшиш мекунанд, ки танҳо ҷавонони солиму бардам ва болаёқат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват ва гусел гарданд.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
РАШТ.  ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ОБОДОНӢ
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рашт дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар муҳлати кӯтоҳ ободу зебо гардида, симои худро ба куллӣ дигар намудааст. Дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор беш аз 370 иншооти таъиноти гуногун қомат афрохта, ба ҳусни маркази ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳалҳои аҳолинишини дурдаст ҳусни дигар зам намуданд.
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳия, иттилоъ дод, ки дар ноҳия омодагӣ ба таҷлили 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз ёфта, мардуми заҳматпеша бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки то таҷлили ҷашни мазкур 203 иншооти дигарро сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
- Дар ҷамоатҳои шаҳраки Ғарм 16, шаҳраки Навобод 13, деҳоти Қалъаи Сурх 36, деҳаҳои Навдӣ 10, Нусратулло Махсум 25, Қалъанак 13, Боқӣ Раҳимзода 18, Аскалон 8, Ҳоит 17, Ясман 7, Ҷафр 8, Тагоба 18, Ҳиҷборак 9 ва деҳоти Оби меҳнат 6 иншооти барои хоҷагии халқ ҳаётан муҳим бунёд мегардад. Бештари иншооти сохташаванда ба соҳаи саноат - коргоҳу корхона рост омада, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд. Бо пайдо шудани имконият сохтмон ва таъмиру барқарорсозии иншооти иловагӣ низ ба нақша ворид карда мешавад, - гуфт раиси ноҳия.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ КИНОСТУДИЯҲОИ ИДМ ВА ГУРҶИСТОН
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон  ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои тарафайн ва офаридани филмҳои муштарак баргузор гардид. Дар кори он, Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон – аъзои шуро аз Киностудияи миллии «Беларусфильм», Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Киноконсерни «Ӯзбекфилм», «Қазоқфилм», Иттиҳодияи эҷодӣ – истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт - Петербург» иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Шурои 4 – уми директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистонро ифтитоҳ намуда, баргузории онро муаррифии ҳунари киноофарии тамоми кишварҳои аъзои шуро арзёбӣ кард.   
Дар ҷараёни кори ҷаласаи шуро директорони киностудияҳои «Озарбой-ҷонфилм», «Арменфилм», «Грузия-филм», Маркази миллии кинематографии Молдова, киноконсернҳои «Ленфилм» ва «Туркменфилм» тариқи онлайн ширкат варзида, андешаҳояшонро доир ба масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар филмофарии муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, зикр шуд, ки фаъолият ва неруи эҷодию техникии киностудияҳо муаррифӣ ва минбаъд ҳамкорӣ барои офаридани филмҳои муштарак тавсеа дода мешавад.
Дар доираи ҷаласаи шуро нақшаи лоиҳаҳои муштарак ва Ёддошти ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Киностудияи миллии «Беларусфильм» ва Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Студияи филмҳои ҳуҷҷатии Санкт-Петербург» баррасӣ ва имзо гардид. Аъзоёни созмон ба созиш расиданд, ки маҷмуи ягонаи тиллоии филмҳои  кишварҳои ИДМ ва Гурҷистонро бо дубляжашон таҳия намоянд. Инчунин, қарор кабул шуд, ки Ассотсиасияи байналмилалии эҷодии киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон ташкил шавад.
Ёдовар мешавем, ки 24 сентябри соли 2019 дар заминаи «Беларусфильм» нахустин ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор шуд. Дар он иштирокчиён бобати инкишофи фаъолияти киностудияҳои давлатӣ мубодилаи афкор карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ ва ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои якҷоя баррасӣ намуда буданд. Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии шуро муттаҳид кардани талошҳо ва таҳияву ҷорӣ намудани механизмҳои нави густариши ҳамкорӣ мебошад.
 
 
 
АЗ «ХАТСАЙРИ 101» ТО «АХТАРОНИ ОСМОНИ ҲАФТУМ».  
БАРДОШТ АЗ РӮЗҲОИ КИНОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА БЕЛАРУС ДАР ТОҶИКИСТОН
Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷиҳати табодули таҷриба дар филмофарии муосир, офаридани филмҳои муштарак ва дастгирии синамогарони ҷавон дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Беларус, Шурои чоруми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон ва  Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор гардид. 
Қобили зикр аст, ки дар чанд соли охир ин сеюмин рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зимни баргузории ин чорабинии синамоӣ се филми ҳунарӣ - «Хатсайри 101», «Тӯйи якрӯза», «Асорат» ва ду филми мустанади «Ҳусниддини моҳир» ва «Ифтихори Нафиса», ки маҳсули эҷоди синамогарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд, манзури алоқамандони синамо гардид.  
Дар ифтитоҳи расмии Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар толори синамои «Кохи Наврӯз» баргузор гардид, ҳайати васеи синамогарони ӯзбек бо намояндагии Фирдавс Абдухолиқов, директори генералии Агентии кинематографии Ӯзбекистон ширкат намуданд. Фирдавс Абдухолиқов зимни нишасти матбуотиӣ изҳор дошт, ки баргузории чорабинии мазкур ба тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни синамогарони тоҷику ӯзбек мусоидат намуда, боз ҳам дӯстию шарикии халқу миллатҳои бародарро устувор менамояд.  
Ҳамчунин, дар доираи баргузории чорабинии мазкур Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус пешниҳоди ҳаводорони синамо гардид.  Аз ҷониби синамогарони Беларус филмҳои «Ахтарони осмони ҳафтум», «Арвоҳи Киндервилӣ», «Қисмати тахрибкор», «Ҷанг. Инсон будан» (алманах иборат аз 4 новелла), «Моҷароҳои Парантиш Вривич» пешниҳод гардиданд. 
Рӯзҳои кинои Беларус 31 март бо иштироки Владимир Карачевский, директори генералии «Студияи миллии «Беларусьфилм» баргузор гардид. 
- Ин аввалин Рӯзҳои кинои Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳои кинематографистони ду ҷониб идома хоҳанд ёфт, - гуфт В. Карачевский.
Намоиши филмҳо дар кинотеатрҳои «Кохи Наврӯз», «Ватан», «Зебунисо» ва ба номи Тоҳир Собиров, инчунин, дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Хоруғ, Ҳисор, Роғун, Норак ва ноҳияи Файзобод манзури тамошогарон гардиданд. 
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
СУҒД.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ
Дар доираи эълон гаштани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов имсол тасмим гирифтаанд, ки чандин корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси зиёда аз 300 ҷойи нави кориро бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Аз ҷумла, бо ибтикори сарвари ҶДММ “Хишти аълосифат” Нӯъмон Розиқов, дар Ҷамоати деҳоти Гулхона корхонаи истеҳсоли хишт бо иқтидори солонаи 5 миллион дона сохта шуда, шароит фароҳам меояд, ки аҳолии деҳот пурра бо ин маҳсулоти бинокорӣ таъмин шавад.
Корхонаи дигар, ки аҳамияти содиротӣ дорад, марҳилаи дуюми фабрикаи ресандагии ҶДММ “Органик ян” буда, дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Акнун ин ҷо аз ҳисоби ресмони худӣ матоъҳои замонавӣ тавлид ва дар баробари бозори маҳаллӣ ба кишварҳои хориҷӣ содирот хоҳанд шуд. Бо бунёди ин фабрика беш аз 100 нафар ҷавондухтарони русто бо ҷойҳои нави кориву музди маоши хуб таъмин мегарданд.
Бо назардошти рӯйи кор омадани силсила-фабрикаҳои парандапарварию фермаҳои чорвои калони шохдор дар миқёси вилояту ноҳия, ҶДММ “Сомон кишоварз” бо ворид кардани хати нави технологии ширкатҳои хориҷӣ корхонаи муосири тавлиди чанд номгӯй хӯроки паранда ва чорво бунёд мекунад, ки истеҳсоли маҳсулот дар як шабонарӯз то 100 - тоннаро ташкил медиҳад. 
Сарвари корхона Абдуманнон Қаҳҳоров, ният дорад, ки дар рушди соҳаи парандапарварию чорводории ноҳия саҳми муносиб гузорад.
 
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 815
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед