logo

Хабарҳо

Буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон

 
CentralAsia (CA). Антонио Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, иброз намуд, ки дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон 9 миллион нафарро гуруснагӣ таҳдид мекунад. Афғонистон бадтарин вазъи башариро дар даҳсолаҳои ахир аз сар мегузаронад: кумакҳои хориҷӣ қатъ, низоми бонкӣ ва молӣ фалаҷ, наздик ба 20 миллион нафар аз кор маҳрум гашта, қимати ғизову маводи сӯхт ду баробар боло рафтааст. 
Гутерриш эътироф намуд, ки вазъи башарӣ дар Афғонистон дар моҳҳои охир ба таври нигаронкунанда бадтар шуда, иқтисоди кишвар амалан таназзул кардааст.
Номбурда дар Твиттер навишт: “Ман аз кишварҳои донор даъват менамоям, ки муроҷиати моро ба таври фаврӣ маблағгузорӣ кунанд, то СММ ва шарикон тавонанд, кумаки ҳаётан муҳимро идома диҳанд”.
СММ барои рафъи буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон 4,4 миллиард доллар мехоҳад, ки ин маблағ барои ҳеҷ кишвар дархост нашудааст.
 
 
 
Александр Вучич дар интихоботи президентии Сербия пирӯз шуд
 
Мир 24. Президенти феълии Сербия Александр Вучич дар даври аввали интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Тибқи маълумоти Комиссияи ҷумҳуриявии интихобот, 90,71 дарсади бюллетенҳо шумурда шуда, 59,55 дарсади интихобкунандагон ба тарафдории Вучич овоз додаанд.
Дар ҷойи дуюм, собиқ раиси Ситоди генералии Сербия Здравко Понос аз эътилофи “Иттиҳод барои пирӯзии Сербия” бо 17,53%, дар ҷойи сеюм Милош Йованович – 5,82% қарор доранд. 
Дар Сербия, ҳамзамон, интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Ба иттилои RIC, дар он эътилофи “Бо ҳам мо метавонем ҳама чизро анҷом диҳем” бо таҳти роҳбарии Ҳизби ҳокими прогрессивии Сербия бо сарварии Вучич пирӯз шуд.  
 
 
 
Лавров: “Таҳримҳои бесобиқаи Ғарб ба иқтисоди ҷаҳон зарба мезананд”
 
ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ дар пайи музокирот бо гурӯҳи тамоси Лигаи давлатҳои арабӣ дар бораи Украина гуфт, ки таҳримҳои бесобиқаи Ғарб алайҳи Россия, пеш аз ҳама, ба иқтисоди ҷаҳон зарар мерасонанд.
«Ба муносибатҳои дуҷонибаи мо бо ҷаҳони араб, кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ на худи вазъият, балки он таҳримҳои комилан номашруъ, ғайриқонунӣ ва бесобиқае, ки Ғарб алайҳи Федератсияи Россия эълон кардааст, таъсир мерасонанд, ки дар навбати аввал ба иқтисоди ҷаҳон зарбаи сахт мезананд”.
Ӯ гуфт, Россия омода аст, ки бо Ғарб гуфтугӯйи самимӣ анҷом диҳад.
 
 
Президенти Озарбойҷон ба таҳкими равобит бо Россия изҳори боварӣ кард
 
Lenta.ru. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамтои русаш Владимир Путинро ба муносибати 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Боку ва Маскав табрик гуфт.  
Алиев дар табрикоти худ изҳори итминон кард, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байни Озарбойҷону Россия ва амалӣ намудани вазифаҳои таъхирнопазири ҳамкориҳои дуҷониба имкониятҳо мавҷуданд. Президенти Озарбойҷон гуфт, ки тайи 30 соли охир муносибатҳои ду кишвар дар руҳияи шарикии стратегӣ бомуваффақият инкишофу таҳким ёфтаанд. Ба нақши ҳамкориҳои башардӯстона ва фарҳангии Боку ва Маскав низ, ишора намуданд.
     
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 927
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед