logo

Хабарҳо

Боздиди муовини Сарвазир аз рафти бунёди муассисаи нави таълимӣ

 
Усмоналӣ Усмонзода, муовини Сарвазири мамлакат, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе сохташаванда шинос шуд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илм хабар дод.
Сохтмони муассисаи мазкур барои 1224 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад. Тибқи нақша соли равон мавриди истифода қарор мегирад. 
 
 
 
Густариши ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сзи Шумин зимни як мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва харидуфурӯши одамон баррасӣ кард.
Ба иттилои Вазорат, онҳо, ҳамчунин, оид ба мубодилаи иттилооти фаврӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо изҳор доштанд.
 
 
 
 
Ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ таҳким меёбад
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккави вохӯрд. Ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобила изҳори андеша намуданд, - хабар медиҳад маркази матбуоти вазорат. 
- Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 фаъолият дошта, яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маориф ба шумор меравад. Бо дастгирии ЮНИСЕФ барномаҳои рушди барвақтии кӯдак, “Дастгирии таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир)”, солимии равонӣ ва Лоиҳаи рушди малака ва маҳорати салоҳиятнокӣ татбиқ шуда истодаанд, - зикр кард вазир.
Осама Маккави гуфт, ки масъалаи рушди соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон аз асоситарин ҳадафҳои Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. 
 
 
 
 
Вокуниши башардӯстона ба Афғонистон
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим дар чорабинии сатҳи баланд оид ба вокуниши башардӯстона ба Афғонистон, ки бо ибтикори Дабири кулли СММ ва ҳукуматҳои Қатар, Британияи Кабир ва Олмон ба таври маҷозӣ баргузор шуд, ширкат варзид.
Фарҳод Салим расондани кумаки фаврии мақсаднокро ба мардуми Афғонистон изҳор дошт, инчунин, илова кард, ки Тоҷикистон омода аст василаҳои иртиботии худро ба ҳама ҷонибҳои манфиатдор ва кишварҳои донор барои расондани ёрии башардӯстона ба мардуми Афғонистон фароҳам созад.
 
 
 
 
Ифтитоҳи телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Дар мамлакат МД телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фаъол шуд. Маросими ифтитоҳи он бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Дилафрӯз Амирзода баргузор гашт.
Мақсади асосии телевизиони навтаъсис огоҳ намудани аҳолӣ бо хабару гузоришҳои муҳим, барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат арзёбӣ мегардад.
 
 
 
 
Боз як ташкилоти амонатии қарзӣ ба кор оғоз кард
Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фурӯз” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Фурӯз” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, таҳти № 97 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба ташкилоти амонатии қарзии хурд аз эътибор соқит дониста шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 835
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед