logo

сиёсат

МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ИСЛОМИ СИЁСӢ. МУЛОҲИЗАҲОИ ХАЙРИДДИН УСМОНЗОДА ВА САИДМУРОД ФАТТОҲЗОДА

Дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеаи башарӣ гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва инсонҳо вобаста ба тасаввуру дарки нооромиҳои шадиди иҷтимоию иқтисодӣ ниёзмандии ҳарчи бештарро ба намодҳои роҳбарӣ ва пуштибонӣ аз манфиатҳояшон эҳсос ва ҷустуҷӯ мекунанд. Дарёфти чунин намоди боэътимоду кафили  роҳи ҳалли ин масъалаҳо вобаста ба сатҳи рушди ҷомеаҳо ва мавқеи ҷойгиршавияшон дар нуқтаҳои ҳассоси геополитикию минтақавӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Вале, новобаста аз ин тафовутҳо дар маҷмуъ, чунин талошҳо зарурати майли беихтиёронаи одамонро ба интихоби ниҳодҳои гуногуни аз манфиату садоҳояшон намояндагикунанда ба вуҷуд меоранд. 
 
Агар дар ҷомеаҳои ғарбӣ ба сифати чунин ниҳоди намояндагикунандаи садою манфиати мардум ниҳодҳои худидоракунандаи расмию ғайрирасмӣ аҳёнан баромад кунанд, пас дар ҷомеаҳои инкишофнаёфтаю рушдкунанда ҷараён гирифтани вазъияти мазкур андаке дигаргуна аст.
Ҷомеаҳои рушдёбанда кафили намояндагии манфиату садоҳояшонро аслан дар ҷеҳраи давлатҳои миллӣ ва талош баҳри устувории онҳо мебинанд. Баръакс, ҷомеаҳои тавсеанаёфтаю дорои низомҳои ноустувори сиёсӣ одатан қудрати назорати арсаи чунин талошҳоро пурра дар ихтиёр гирифтан надоранд ва бо сабаби надоштани сармояву ҳавсалаи дарки муносиби манфиатҳои ҳаётии одамон баёни онҳоро на бо забони сиёсӣ, балки сирф мафкуравию мазҳабӣ сурат мебахшанд.
Чунин ҳолат ба рақибони геополитикии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ имконият фароҳам месозад, ки аксари равандҳои ҷамъияташонро ба осонӣ таҳти пӯшиши мафҳумҳои барои худашон муносиб қарор диҳанд ва дар фурсатҳои муносиб баҳри бесубот сохтанашон ин вазъиятро ба манфиати худ истифода баранд.
Масалан, солҳои охир мо тавассути баёнияҳою изҳоротҳои гуногуни сиёсию коршиносӣ шоҳиди шаклгирии чунин пӯшишҳои мафҳумӣ аз ҳаёти ҷамъиятии кишварҳои тавсеаёбанда зери унвони “манотиқи хокистарранг”, “давлатҳои нокомил”, “квазидавлатҳо”, “ҳавзаи давлатҳои авторитарӣ” ва ғайра гардидем, ки ҳар кадоме аз зарробхонаи худ аслиҳаи заруриро барои ислоҳи ин вазъи ба назарашон носолим пешкаши тасмимгирандагон карда метавонанд.
Мутаассифона, манзараи мазкур аз ҳама бештар дар ҳавзаи кишварҳои мусулмоннишин шадидтар сурат мегирад ва низомҳои сиёсии ҳавза барои пурра ба зимма гирифтани намоди роҳбарии манфиатҳои мардум аксаран ба ҷуз рамзҳои урёни мафкуравию мазҳабӣ дигар рамзҳои аз орзую омоли ба зиндагии беҳтари дунявӣ расидани мардумро зарфияти пешниҳод кардан надоранд. Таҳлилҳо ва бознигарии таҷрибаи ҷомеасозии муосири кишварҳои мусулмоннишин нишон медиҳанд, ки дар сархати чунин омилҳои мушкилзо баробари омилҳои дигар аз ҳама бештар таъсири манфии мафкураи исломи сиёсӣ ба талошҳои касби суботи сиёсии онҳо мушоҳида мешавад.
Омили мазкур на танҳо бо талоши сиёсатварзии ба ифодаи манфиатҳои фаромиллӣ нигарондашуда, балки сирф ба арзишҳои мафкуравии динӣ такя намуданаш сабабгори заъф пайдо кардани рушди аксари кишварҳои мусулмоннишин шудааст. Аз ин ҷиҳат, доираҳои берунии манфиатдор онро бештар ҳамчун абзори амалисозии ҳадафҳои худ дар ин кишварҳо васеъ истифода кардаанд. Лозим ба таъкид аст, ки интихоби равиши дар сояи дастгирии кишварҳои манфиатдори беруна ҳаракату амалҳои сиёсии худро пеш бурдани чунин гурӯҳҳо таъсири манфии худро на танҳо ба устувории низомҳои сиёсии дохилӣ, балки бевосита ба вазъи зиндагии табақаҳои ниёзманди ҷомеа мерасонанд.
Масалан, масъулияти вазъи ногувору зиндагии риққатбори сокинони аксари кишварҳои ҷангзадаи мусулмоннишин ва муҳоҷирони барои рӯзгори хубтар дар баҳру сарҳадҳои кишварҳои дигар хору залилгаштаро дар баробари кишварҳои интишордиҳандаи низоми мардумсолорӣ парчамбардорони мафкураи исломи сиёсӣ низ ба дӯш доранд. Яъне, ҷомеаи кишварҳои муайянро гаравгони ҳадафҳо ва арзишҳои маҳдуди эътиқодии худ сохтани пайравони мафкураи мазкур на танҳо барои низомҳои сиёсӣ пайомадҳои ногувор дорад, балки барои мардумони одӣ низ мушкилоти сангине ба бор меоварад.
Пайомади талошҳои сиёсатварзии номуваффақи наҳзатиҳо дар арсаи ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон тули солҳои замони истиқлолиятёбии кишвар ва дар замони ҳозир тавсеаи маъракаи бадгӯӣ тавассути истифодаи фазои маҷозӣ нисбат ба кишварамон яке аз намунаҳои талоши харобиовари таъсиргузории мафкураи исломи сиёсӣ ба шумор меравад.
Мусаллам аст, ки бо чунин собиқаю намоди сиёсии дар зеҳни мардум пайдокарда даъвои таҳияи барномаи рушд кардани парчамбардорони мафкураи мазкур имрӯз ба мазҳакаи сиёсӣ монанд аст. Иштирокдорони чунин мазҳака, албатта, хаёлпарастонеанд, ки дар фазои маҷозии сохтаи худашон саргарми бозӣ ҳастанд ва қудрати ҷалби назари дигаронро ба барномаҳои худ надоранд.
Манзури мо дар ин ҷо даъвои чанде пеш расонаишудаи барномаи рушди таҳияшавандаи наҳзатиҳо аст, ки касе онро мутолиа накардаю онро маҳсули зеҳни ғурбатгуморонаи эшон медонанд. Зеро таҳияи чунин барнома наметавонад маҳсули тахайюли сирф мафкураи исломи сиёсидоштаи доираи маҳдуд бошад, балки он ҷамъоварию ҷамъбасти маълумотеро тақозо мекунад, ки фаъолияти дастаҷамъонаи силсилаи бешумори ниҳодҳои маъмурӣ ва илмию таҳлилӣ анҷом медиҳанд.
Айни замон дар чорроҳаи чунин сардаргумӣ афтодани ҳокимияти муваққати Афғонистон бозгӯикунандаи хаёлпарастиҳои чунин ҳаракату ҷунбишҳои мазҳабӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, илҳомбахшони наҳзатиҳо чи дар замони ҳозир ва чи дар гузаштаи на чандон дур дар кишварҳои дигар низ бо сабаби надоштани зарфияти барномарезии рушди муосири ҷомеаҳои худ ҳамеша новобаста аз касби қудрат дар ҷомеа баъдан яке паси дигаре аз саҳнаи сиёсӣ канор андохта мешуданд. Яке аз намунаҳои барҷастаи он ба сари ҳокимият расидани роҳбарони ихвонияшон дар Миср буд, ки натавонистанд идораи кишварро тибқи хостҳои доираи васеи мардум амалӣ гардонанд ва дар кӯтоҳтарин фурсат риштаи умри қудратталабиашон гусаста шуд.
Вобаста ба масъалаи зикршуда бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунии рушди ҷомеаи башарӣ беихтиёр чунин саволе ба зеҳни ҳар як фард ва таҳлилгари иҷтимоию сиёсӣ роҳ меёбад, ки то кадом сатҳ мафкураи исломи сиёсӣ қудрати посухгӯӣ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосирро дорад. Барои дарёфти посух ба ин савол пеши назар овардани силсилаи масъалаҳое, ки дар марҳалаҳои гузашта дар маърази таваҷҷуҳи низомҳои оламшумули башарӣ қарор доштанд ва ҳар як ҷомеа талоши посухгӯии худро дар баробари онҳо ба харҷ медод, аз аҳамият холӣ нест.
Ҳаракату ҷунбишҳои масъулиятпазир зимни чунин талошҳо дар қадами аввал барои таъмини роҳи ҳамвори расидани инсонҳо ба неъматҳои моддию хосторҳои амниятӣ даст ба мардум дода, бо онҳо тавофуқ карданро кафили муваффақияти хеш меҳисобиданд. Агар аз ин мавқеъ ба талошҳои мафкураи исломи сиёсӣ назар андозем,  пас мебинем, ки эҷоди тафриқаю низоъҳо миёни мардум тавассути афрӯхтани алангаи зиддиятҳои арзишӣ бар ивази ҷустуҷӯи мусолиҳаю тавофуқ дар амалҳои сиёсатварзии онҳо афзалият доштааст.
Ихтиёри чунин шеваи амал дар тули таърих боиси эҷоди мушкилоти муносибати тарафайни онҳо бо аксарияти мардум ва низомҳои сиёсӣ гаштааст. Он чизеро, ки аз кӯлвори сармояи зеҳнию рафториашон алайҳи ин даъватҳо қарор медоданд, ниҳоятан боиси заъфи рушди ҷомеаи худ ва ба гирдоби фақру залолат ғӯтавар шудани мардум мегардиданд.
Барои эътимод ба ин қазоват интихобан якчанд намунаро аз силсилаи мавзуъҳои дар маърази таваҷҷуҳи амалҳои сиёсии асри ХХ ва аввали асри ХХI қарордошта мисол меорем, ки чӣ гуна зарфияти посухгӯии мафкураи исломи сиёсӣ дар онҳо сурат гирифтааст. Қабл аз зикри ин масоил, ҳаминро бояд гуфт, ки талоши посухгӯии исломи сиёсӣ ба онҳо муносибу муваффақона ва ба манфиати рушди ҳаёти ҷамъиятии даврони нав набудааст. Инро пеш аз ҳама, дар сохторёбии мавзуъҳои дар маърази таваҷҷуҳи ҳавзаҳои ниҳодинасозии амалҳои сиёсии замони муосир дар кишварҳои мусулмоннишин дар посух ба фишорҳои низоми нави шаклгирандаи ҷаҳонӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба сифати субъекти аслӣ давлатҳои миллии асли дунявидошта қарор гирифтааст. Чун ин раванд дар баробари масоили гуногун, инчунин, масъалаи тавзеҳи шакли ҳамкории давлат ва эътиқоди мазҳабии ҷомеаро дар бар мегирифт, зуҳури он дар рӯзномаи амалҳои исломи сиёсӣ тобишҳои мухталифро касб намуд. Вобаста ба ин, дар амалияи кӯшиши таҳмили идеали рушди ҷамъиятии худ ба зеҳни ҷомеа ҷилва додани мушкилоти рафънашавандаи низоми сиёсии дунявиро аз тариқи аркони эътиқоди мазҳабии мардум афзалият медоданд.
Агар ба ташаккули дидгоҳҳо оид ба чигунагии ҳамкории давлат ва дин аз ин мавқеъ назар андозем, мебинем, ки дар ин маврид ҳам дар заминаи арзишҳои динӣ ва ҳам низомҳои сиёсӣ таърихан мавқеъгириҳои гуногун ба миён омадаанд. Мавқеъгириҳои таълимотҳои диниро дар робита бо чигунагии ҳамкорияшон бо низомҳои сиёсӣ мухтасар метавон дар намунаи зерин хулоса кард. Ин мавқеъгириҳо аз ҳамдигар тафовути назаррас доранд, ки дар навбати худ таъсирашонро ба муносибати тарафайни онҳо мегузоранд.
Дар насроният таъинкунандаи вижагии ҳамкории дину давлат тибқи андарзи маъмуле, ки маҳаки аз ҳамдигар ҷудо намудани сарҳадоти ҳокимияти дунявию руҳонӣ дониста мешавад, яъне «кори Худоро ба Худо вогузору кори қайсарро ба қайсар» баён гардида буд.
Дар индуизм маҳаки ҷудосозии сарҳадоти ҳокимияти руҳонию дунявӣ аз вижагии сохтори иҷтимоӣ асос мегирад, ки дар он ваколати татбиқи ҳокимияти дунявӣ ба дӯши намояндагони табақаи кшатраҳо ва ҳокимияти руҳонӣ ба дӯши табақаи браҳманҳо вогузор гардидааст. Ислом ҳамеша аз рӯйи принсипи ягонагии ин ду навъи ҳокимият пайравӣ мекард, ки ин аксар маврид омили эҷоди зиддият дар ҳамкории дин ва давлат мегардид.
Таҷрибаи дар заминаи ҳамкории низоми ҷамъиятӣ ва дин ҷустуҷӯ намудани суботи иҷтимоӣ ба ганҷинаи афкори иҷтимоии мо намунаҳои гуногуни онро ворид намудааст, ки омӯзишашон барои дарки паҳлуҳои гуногуни ин масъала дар замони муосир низ аз аҳамият холӣ нест.
Омӯзиши моделҳои марбут ба таъмини суботи иҷтимоии дар афкори иҷтимоию динии мо нуҳуфта нишон медиҳад, ки нусхабардорию пайравӣ аз моделҳои пешниҳоднамудаи суботи иҷтимоии онҳо аз нигоҳи муосир мақсаднок нест. Ҳарчанд имрӯз як чунин идеал дар зершуури баъзе аз афрод ва гурӯҳҳо дар ҷомеа вуҷуд дорад. Муҳтавои ин идеалҳо аз он иборат аст, ки чӣ тавр ба инсоният аз намунаи олитарини тартибу суботи дар олами фароиҷтимоӣ мавҷудбуда имконияти нусха бардоштан барои олами ҳаёти дунявӣ фароҳам меояд. Вале таърихи афкори иҷтимоӣ гувоҳ аст, ки ҳанӯз дар асрҳои миёна ироаи чунин консепсияҳо ба мушкилот дучор шуда буданд. Заминаи ин мушкилот аз эътирофи фарқияти назму суботи олами фароуттабиию иҷтимоӣ ба миён омад. Минбаъд андешаронию кӯшиши амалан даст ёфтан ба ҳамоҳангии низоми тартибу суботи ҳаёти ҳамарӯзаи иҷтимоии инсон дар шакли моделҳои гуногуни ҷомеаҳои ормонӣ сурат гирифт.
Дар тамаддуни исломӣ намунаҳои барҷастаи ин гуна кӯшишҳо аз ҷониби Абунасри Форобӣ, Ибни Боҷа, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳо амалӣ гардиданд. Модели ҷомеаи ормонӣ инсонеро мадди назари худ қарор медиҳад, ки дорои сифатҳои муносиб ба арзишҳои назму тартиботи олами фароуттабиӣ бошад. Чун дар воқеияти ҳаёти башарӣ пайдо кардани чунин инсонҳо хеле душвор ба назар мерасад, бинобар ҳамин, инсони заминии ба намоди инсони комил ташаккулёфтаро пайдо кардан дар ҷомеа ғайриимкон гардид. Вале то имрӯз дар зеҳни мардуми мо ин идеал ҷой дорад ва баъзан тарғиб мешавад. Ин яке аз омилҳои камтаваҷҷуҳии мо ба ниёзҳои воқеии афроди ҷомеа мебошад.
Гардиши нисбатан куллӣ дар баррасии муҳтавои суботи иҷтимоӣ дар таълимоти Ибни Халдун, Томасс Гоббс, Ҷонн Локк, Жан Жак Руссо ва дигарон ба амал меояд, ки ин як навъ фосилагирӣ аз намунаҳои сирф динии таъмини суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа буд. Тибқи андешаи онҳо суботи иҷтимоӣ на маҳсули инъикоси намунаҳои фароуттабиӣ ва на майли пайравӣ аз моделҳои гуногуни ҷомеаҳои ормонӣ мебошад. Суботи иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ ба фаъолияту талаботи инсон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бинобар ҳамин ҳам, таъмини суботи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, зарурияти танзими фаъолияту таъмини талаботи муқаррарии инсонро ба миён мегузорад. Дар ин самт ҷомеаҳо ҳарчанд аз фишангҳои гуногун истифода мебаранд, вале дар маҷмуъ, хусусияти онҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ таҷассуми худро меёбад, ки ин салоҳияти эҷоди усулҳои ташкилу нигоҳдории суботи иҷтимоиро ба дӯши худи инсонҳо вогузор мекунад.
Маҳз дар ҳамин замина шаклҳои навини идоракунию таъмини суботи иҷтимоӣ ба миён омаданд, ки машруияташон дигар ниёз ба меъёрҳои таъини илоҳиро надошт. Ин то андозае ҳудуди даъвоҳои ниҳодҳои диниро оид ба машруиятдиҳии илоҳии низомҳои муайяни идоракунӣ, чи дар Аврупо ва баъдан, дар кишварҳои шарқӣ, маҳдуд сохт. Вале дар кишварҳои шарқӣ бо гузашти солҳо, чун ниҳодҳои динӣ ба қабули ин амалияи ҷомеасозӣ омода набуданд, пас ин яке аз омилҳои ноустувории суботи ҷамъиятии онҳо гардид. Яке аз намунаҳои пуртазоди муносибат карданро ба чунин амалияи муосири ҷомеасозӣ мо дар мавриди ташкили давлати Покистон мебинем, ки дар он вобаста ба ин масъала, сиёсатмадорон бо гурӯҳи уламои маъруфи динӣ вориди баҳсу талошҳои зиёд шуда буданд ва ин баҳсҳо ахиран бо мусолиҳаи онҳо оид ба тарзи ташкили давлати исломие анҷомид, ки руҳониён бо вуҷуди давлати исломӣ унвон шудани мамлакат аз дарёфти мақоми роҳбарикунанда доштанашон дар он маҳрум шуданд. Дар дигар кишварҳо низ нобарории ҳамкориҳои ҳокимиятҳои сиёсӣ ва дин дар масъалаи афзалиятдиҳии намунаи муайяни суботи иҷтимоӣ аҳёнан боиси ташаккули сохтҳои сиёсии хусусияти авторитарӣ ва демократияи ҳарбидошта гардид.
Омилҳои дар ин принсипҳо хусусияти тазоддошта дар даврони ташаккули давлатҳои миллӣ дар ҳавзаҳои гуногуни ҷуғрофию тамаддунӣ амиқтару ҷиддитар аз худ дарак доданд. Ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ин тазодҳо дар баъзе ҳавзаҳо ба таҳкими асосҳои давлати миллӣ ва дар дигар ҳавзаҳо баръакс боиси воридсозии мушкилот дар истиқрори суботи сиёсӣ гардиданд.
Падидаи аввал равшантар аз ҳама дар ҳавзаи тамаддуни аврупоӣ мушоҳида мешавад, ки дар он зуҳури консепсияҳои дунявият батадриҷ динро моил ба қабули зарурияти маҳдудсозии даъвояш аз доштани мақоми хосса дар умури дунявӣ сохт. Ин раванд дар заминаи назарияпардозиҳои давлати дунявие, ки ҳамчун модели англосаксонӣ ва модели фаронсавӣ маълуманд, асоснок карда шудааст.
Чуноне ки маълум аст, барои модели фаронсавӣ тамоюли аз саҳнаи оммавӣ ба мадори фардият кашидани зуҳури мансубияти динии шахс ва ҷудосозии шадиди дин аз давлат хос аст. Баръакс модели англосаксонӣ зуҳури тамоюлоти диниро дар фазои оммавии ҷомеа ҳамчун таҳдид ба суботи иҷтимоӣ баррасӣ намекунад ва давлат дар баробари такя ба арзишҳои динӣ дар татбиқи ҷомеапазирии мақсадноки одамон, инчунин, дар танзими қонунии ин равандҳо фаъолона иштирок менамояд. Чунин шеваи муътадили ҳамкории дин ва давлат хатари дар шароити махфӣ, ғайриошкоро фаъолият кардани одамонро барои татбиқи арзишҳои динияшон метавонад камтар кунад.
Дар амалияи ҳамкории давлат ва дин дар Тоҷикистон имрӯз мо аҳёнан намунаи татбиқи модели англосаксониро мушоҳида мекунем, ки он воқеан ҳам, кафолати таъмини суботи иҷтимоиро ба дӯш дорад. Маҳз ҳамин боиси он гашт, ки ҷомеа усули дунявияти раванди эъмори давлати миллиро бидуни мухолифат қабул намуда, минбаъд саҳеҳияти онро чи аз нигоҳи илми муосир ва чи аз нигоҳи шаръӣ низ асоснок намуданд. Назарияпардозии дар ин замина ташаккулёфта дар Тоҷикистон, ки ҳамзистии давлати дунявӣ ва динро мусолиҳатомез арзёбӣ менамояд, хусусияти нотакрор дорад ва агар он минбаъд такмил ёбад, метавонад барои баъзе аз кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ, намунаи омӯзанда гардад. Заминаи ин назарияпардозӣ аз як қатор мақолаҳои Президенти мамлакатамон ва силсилаи андешарониҳои олимону руҳониёни кишварамон маншаъ мегирад.
Дар марҳилаи имрӯза эҳсоси заъфи бо забони сиёсӣ ифода кардани талошу интизориҳои мардум аз ҳаёти муносибу ба шарафи инсониашон ҷавобгӯй пайравони мафкураи исломи сиёсиро ба интихоби роҳи тарсу ваҳшатафканӣ ва бадгӯӣ кардан аз таъриху тамаддуни бумӣ ва анъанаҳои миллӣ мебарад. Барномаҳояшон саршор аз як навъ бозӣ бо шеваҳои ҷиҳодталабӣ ва пойбанди умед ба зиндагии бемисли ухравӣ сохтани мардум аст. Мусаллам аст, ки бардошти маънидорона аз чунин забони сиёсии мафкураи қудратталаб дигаронро водор ба чеҳрасозии даҳшатафканонаи кулли сокинони ҳавзаҳои фарҳангии зуҳури намояндагони ин гурӯҳҳо месозад. Самараи чунин чеҳрасозиҳо имрӯз  ба он оварда расондааст, ки дар назари ҷомеаи ғарбӣ таркиби ҳувияти ин мардум акнун холӣ аз унсурҳои ба ҳаросафканию тундгаро тамоюлдошта ҷудо тасаввур намешавад. Чанде пеш дар маҷаллаи “Нэйшнал интерес” мақолаи Алиризо Ахмадӣ таҳти унвони “Набарди руссия-укроинӣ нишон дод, ки Аврупо то имрӯз Шарқи Наздикро дуруст дарк накардааст” ба табъ расид, ки дар он муаллиф вазъи қабули муҳоҷирони иҷбории аз маконҳои ҷангзадаи мусулмоннишин ба кишварҳои ғарбиро дар муқоиса бо муҳоҷирони украинӣ тасвир намудааст. Барои яке агар оғӯши гарм ба истиқбол шитофта бошад, пас барои дуюмӣ шароити тоқатфарсои ғайрибашарӣ зери хаймаю бошишгоҳҳои дур канори мардуми бумӣ насиб гардонда шудааст. Муаллиф сабаби чунин муносибатро дар он мебинад, ки: “Мусулмононро барои он канор меандозанду ваҳшатнок ҷилва медиҳанд, ки фарҳангу ҳувияти онҳо бо даҳшатафканию ифротгароӣ алоқаманд дониста мешавад.”.
Чунин ҳолат наметавонад заминаи равнақи рушди босуботи ҷомеаро эҷод кунад, зеро зимни таомулот бо олам танҳо аз мавқеи арзишӣ, аз ҷумла арзишҳои мазҳабӣ баромад намудан, ин маънои худро ба оғӯши баҳсу даргириҳои ҳалокатбор андохтанро дорад. Чунин диди назар ба дурнамои татбиқи таомулоти сиёсӣ бо олам, хусусан барои кишварҳои рӯ ба инкишоф, хатари зиёди дохилию беруниро метавонад ба дунбол дошта бошад. Зеро дар ин замина онҳо наметавонанд назари мусбати дигаронро ба мафкураю арзишҳояшон ҷалб намоянду ба гуногунии фарҳангии ҷаҳони имрӯза бо чашми иззату эҳтиром нигоҳ кунанд. Бинобар ин, зимни тарҳрезию татбиқи муомилоти сиёсӣ бо кишварҳои ҷаҳони имрӯз афзалиятдиҳии абзорҳои сиёсию иқтисодии орӣ аз арзишҳои қавмгароёнаю мазҳабӣ муҳим ба назар мерасад. Ин имконият медиҳад, ки кишварҳои мазкур имтиёзҳои муайянро барои таъмини рушди устувори худ ба даст оранд. Пайравӣ аз чунин интизориҳои ҷомеаи башарии муосир барои гурӯҳҳое, ки қисми бештари фаъолияташонро сарфи амалҳои террористӣ кардаанд, ғайривоқеӣ ба назар мерасад. Бинобар ин, даъвои гурӯҳи наҳзатиҳо барои таҳияи барномаҳои рушд тасаввури дур аз воқеиятмонда доир ба масоили ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ ба назар мерасад.
Ҳамин тавр, имрӯзҳо новобаста аз босуръат иваз шудани вазъи ҷаҳону минтақа бо бардошт аз собиқаи талхи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истодагарии бештарро барои нокомсозии талошҳои гурӯҳҳои исломгарои сиёсӣ барои ҳоким шуданашон ба сарнавишти мардуми на танҳо кишварамон, балки минтақа ба харҷ медиҳад. Ин ҳам дар ҳолате сурат мегирад, ки таҳдиди хатари ин гурӯҳҳо на танҳо тавассути фазои маҷозӣ, инчунин, бо таҷаммуи дастаҳои ҳаросафкани аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон созмонёфта дар тули сарҳади давлатҳои ИДМ бештар мегардад. Ҳодисаҳои январии Қазоқистон нишон доданд, ки дар фурсатҳои барояшон муносиб чунин гурӯҳҳо метавонанд аз дохил низ ячейкаҳои хуфтаи худро бедор созанд ва барои анҷоми амалҳои ғасби қудрат сафарбар намоянд. Аз ин рӯ, устувории Тоҷикистон дар мавқеи интихобкардааш нисбат ба низоми кунунии ҳоким дар Афғонистон низ аз он бармеояд, ки дурахши шарораи илҳомбахшии  он ба талошҳои гурӯҳҳои исломгарои сиёсӣ баҳри тасаллут ёфтан ба сарнавишти мардуми минтақаҳои дигар пешгирӣ карда шавад. Баъзе аз кишварҳое, ки ба умеди баҳраи зудҳангоми иқтисодӣ гирифтан масъалаи амниятиро маҳсули қаноатмандии талаботи моддӣ меҳисобанд, дар навбати худ мумкин аст беихтиёр алангаи оташи зиддиятҳои мавҷударо минбаъд боз ҳам фурӯзонтар созанд. Барои пешгирии чунин вазъият ҳамкориҳо бо низоми мазкур бо роҳи коҳиши ҳамкориҳои ҳарбӣ бояд аз мавқеи батадриҷ ғайринизомисозии он пеш равад ва барномаи дастгириҳо танҳо ба хотири паст кардани шиддати фақру бекорӣ татбиқ карда шавад. Аз ин ҷиҳат, андешаи эҷоди ҳалқаи амниятӣ атрофи Афғонистон тавассути ҳамкории кишварҳои ҳамсарҳаду шарикони рушди он, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба воқеият наздиктар аст. Вагарна ҷуброни хатари оқибатҳои ногувори қувват гирифтани гурӯҳҳои исломгарои сиёсӣ барои тасаллут ёфтанашон ба сарнавишти мардуми ин кишварҳо сангин хоҳад шуд. Чунин андешаро муҳаққиқи рум С. Малашенко низ дар мақолааш таҳти унвони “Исламизм в Центральной Азии: cегодня – тишина, а завтра?” баён кардааст.
Мубрамияти ин масъалаҳо дар ҷомеаи тоҷикистонӣ имрӯз низ эҳсос мешавад, зеро дар баробари фазои буғранҷи ҳаёти сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя, инчунин, аксаран гурӯҳҳои маҷозии мазҳабӣ кӯшиши таҳмили моделҳои тезутунд сохтани заминаи ҳамкориҳои осоиштаи давлату эътиқоди мазҳабии ҷомеаро ба харҷ медиҳанд. Бинобар ин, масире, ки имрӯз дар пешорӯйи ҷомеаи мо бар асари ҳодисаҳои хеле мураккаби олами муосир қарор дорад, моро муътақид месозад, ки чунин иқдомҳои гурӯҳҳои таассубпеша наметавонанд ва набояд ҷузъи барномаи рушди кишвари мо гарданд. Ҷомеаи тоҷикистонӣ тули солҳои истиқлолият таҷрибаи кофии таҳия ва татбиқи барномаҳои воқеии рушди кишварамонро бо манфиатҳои миллии он андӯхтааст.
 
Бознашр аз АМИТ «ХОВАР»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2022    №: 65    Мутолиа карданд: 929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед