logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ҒАМХОРИЮ ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК АСТ

Ғамхорӣ ба ниёзмандон, ятимон ва ашхоси имконияташон маҳдуд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ин аст, ки ҳамасола бо фарорасии ҷашну идҳо аз ҳар гӯшаю канори мамлакат дар хусуси дастгирӣ ва кумак ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ хабар мерасад. Имсол низ дар арафаи ид, хусусан таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз, аз ҷониби бисёр ташкилоту идораҳо ва шахсони саховатпеша амалҳои хайру савоб анҷом дода шуданд. Танҳо дар давоми се моҳи соли ҷорӣ бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ 12,9 миллион сомонӣ барои кумак ба ниёзмандон равона гардидааст.  
 
Ба иттилои бахши иҷтимоиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, чунин дастгирию ғамхориҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста зоҳир гардида, марҳила ба марҳила ҳамаи табақаҳои осебпазири ҷомеаро фаро мегирад. Соли сипаришуда тибқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр аз буҷети маҳаллӣ ба маъюбону шахсони барҷомонда ва собиқадорони ҷангу меҳнат, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор, хонаи кӯдакон ва муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ барои пиронсолони яккаву танҳо, инчунин, кормандони раёсати роҳҳои ноҳияҳои пойтахт, дар маҷмуъ, 25,5 миллион сомонӣ кумакпулӣ расонда шуд.
Дар тобеияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ 7 хона-интернати (3 хона-интернати беморони руҳӣ ва 4 хона-интернати пиронсолону маъюбон) будубоши доимӣ, як осоишгоҳ ва 3 истироҳатгоҳи фаъолияташон мавсимӣ барои ба табобати санаторӣ-курортӣ фаро гирифтани ниёзмандон фаъолият менамоянд. 
Тавре Назархудо Дилшодов, муовини директори агентӣ, иброз дошт, масъалаи беҳтару босифат анҷом додани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба шахсони эҳтиёҷманд доимо мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти агентӣ қарор дошта, ба муассисаҳои дар тобеияти агентибуда, тибқи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 дар соли 2021 ба маблағи 513324,00 сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони саховатпеша, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба маблағи 1 215267,00 сомонӣ, дар маҷмуъ, 1 728591,00  сомонӣ кумак расонда шуд.  
Ҳамин тариқ, дастгирии маъюбон ва оилаҳои ниёзманд имконият фароҳам меорад, ки ин қишри осебпазири ҷомеа низ  мисли дигарон зиндагиашонро пеш баранд, мактабҳои хосаи омӯзишӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ кушоянд. Ба ин восита, онҳо метавонанд касбу кор ва роҳи мустақили худро дар зиндагӣ пайдо кунанд. Маҳз ҳамин ғамхорию ҳамкорӣ бо табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳаст, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфтааст.
Муҳимтар аз ҳама, ин низоми пурра ва дақиқи молӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамдардӣ, ёриву ҳамкорӣ ва нисбат ба якдигар эҳтироми самимиро ба вуҷуд меорад. Маҳз бо ҳамин сабаб амният ва заминаҳои шукуфоии иқтисодии кишвар ва рушди молии сармоядорони дохилӣ, на танҳо аз назари қонунҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ фароҳам мегардад, балки дар қалби ҷомеа фазои муносибе ба вуҷуд меояд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2022    №: 65    Мутолиа карданд: 674
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед