logo

иҷтимоиёт

ВОСЕЪ. Вақте соҳибкор ободкор аст...

Авазхон Кабировро ҳамчун соҳибкори муваффақ мешиносанд, ки, албатта, бесабаб нест. Номбурда дар зодгоҳаш ноҳияи Восеъ низ, ба амалҳои ободонӣ камари ҳиммат баста, эътирофи ҳамагон гардидааст. Хосса осоишгоҳ- меҳмонхонаи дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бунёднамудааш дар минтақа беназир буда, на танҳо ҳусни ноҳияро меафзояд, балки завқи зебопарастии мардуми атрофро низ такони тоза мебахшад. 
Иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи  иншооти мазкур далели ҳамин гуфтаҳост. Инчунин, дар  ҳудуди  ҷамоат  варзишгоҳи хеле боҳашамат барои зиёда аз 10 ҳазор тамошобин сохтааст, ки солҳои зиёд фаъолият дорад. Баробари ин ҳама, дар маркази ноҳияи Восеъ калонтарин бозор бо тамоми шароитҳояш бунёд шуда истодааст. Дар шафати он меҳмонхонаи боҳашамат бо фароҳам овардани тамоми имконот мудом фаъол аст. Ҳамзамон, корхонаи дӯзандагӣ бо нархҳои барои мардум дастрас либоси мактабӣ тайёр менамояд. Чеварон маоши хуб гирифта, нисфирӯзӣ аз ошхонаи назди коргоҳ рӯзе як маротиба ройгон хӯрок тановул мекунанд. Дар айни ҳол ин ҷо низ тамрингоҳи хеле калон ва меҳмонхона барои сайёҳони дохилию хориҷӣ бо диду биниши навоварона сохта истодаанд. 
- Ҳамаи ин имкониятро барои мо Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардаанд, - мегӯяд ин соҳибкор. 
Мавриди зикр аст, ки падараш Султони Кабир низ аз кӯҳистон ба ин водӣ солҳои пешин муҳоҷир шуда, дар ободонии ҷамоат саҳми асосӣ гирифта буд. Хоҷагӣ дар он вақт номи Мичуринро дошт ва ба ангурпарварӣ, ҳосили баланди хушсифат дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шуҳрати зиёд дошт. Ба хориҷ аз ҷумҳурӣ ангур ва шароб мебаровард.
- Имрӯз мо дар ҳудуди ҷамоат корхонаи шарбатбарорӣ дорем ва дар даврони саноатикунонии мамлакат мақсад гузоштем корхонаи шароббарорӣ низ бунёд намоем,- мегӯяд Авазхон Кабиров.
Маврид ба зикр аст, ки аввалин  амали мондагоре, ки Авазхон Кабиров шуруъ карда буд, обод кардани қабристони ҷамоати аҳолиаш дувоздаҳ ҳазор нафара мебошад. Гулзор ва арчазор  намудани  роҳравҳо, атрофу акнофи хонаи охирати  мардум кори дигари хайри ӯ мебошад. 
Ҳамин тавр, ин соҳибкори муваффақ саъю талош ба он меварзад, ки дар ободонии як гӯшаи Ватанаш, боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми ин хоҷагӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузорад.
 
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, ноҳияи Восеъ 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2022    №: 65    Мутолиа карданд: 660
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед