logo

Хабарҳо

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚША ДАР РӮЗИ АВВАЛ

Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаро иҷро намуданд. Аз ҷумла, ноҳияҳои Сангвору Лахш 100, Тоҷикобод 105, Нуробод 101 ва Рашт 100,7 дарсад нақшаи даъватро иҷро карданд.
Дар робита ба ин, субҳи 1 апрел дар  қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ин маросим раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиа, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок карданд.
Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ дар ҳузури ҷамъомадагон чунин иброз дошт: “Ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, ки онро маҷозан хизмати Ватан - Модар меномем, қарзи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу ори кишвар аст. Чи хуб аст, ки солҳои охир ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонони бошарафи водии Рашти бостонӣ боло рафта, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданду рисолати шаҳрвандии хешро бо сари баланд адо менамоянд”.
Дар ҳамоиши мазкур ба 90 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» - ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурда шуд.
Оимнисо Тавакалова, сокини ноҳияи Рашт, иброз дошт, ки мо занону бонувони раштонзамин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Хушбахтона, имрӯзҳо заҳмати шабонарӯзиямонро мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулияти ватандориро ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд, ки аз он фахр мекунем.
Дар ҳамоиш дастаи санъаткорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд ва ҳамин тавр, наваскарон бо дуои пирони рӯзгор, аҳли ҷамоатчигӣ ва падару модарон дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 923
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед