logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН – ФАРОНСА

 
Таҳкими мубориза бо терроризму экстремизм
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, тарафҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз қабили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН 
Ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф тақвият меёбанд
Дар вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла эътирофкунии дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳо ва филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва филиалҳо ва факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон муҳокима гардид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаи баргузор кардани Шурои ректорон ва вохӯрии донишҷӯёни ҳар ду кишварро ба хотири омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар муфид шумурданд.
 
 
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Раиси кумита оид ба корҳои  байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин мулоқот намуд, - хабар дод маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон.
Саидмурод Фаттоҳзода зикр кард, ки Чин шарики стратегии Тоҷикистон буда, густариши робитаҳои дӯстона бо Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ӯ нақши Чинро дар рушду тараққиёт, дастгирии татбиқи лоиҳаҳо бо ворид кардани сармояи чинӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои самараноки стратегияи миллии рушд, саноатикунонии кишвари мо ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар ҳисобид.
 
 
Кумаки Амрико ба неруҳои марзбони Тоҷикистон 
Сафорати ИМА дар Душанбе ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон радиоҳо, мошинҳои боркаш ва маҷмуи қисмҳои эҳтиётии Ҷип J8 тақдим кард. 
Радиоҳо ва мошинҳо 1,1 миллион доллар, маҷмуи қисмҳои эҳтиётии Ҷип ва дигар муҳимот 1,85 миллион доллар арзиш дошта, ба марзбонон дар таъмини назорати доимӣ ва муассири сарҳад кумак хоҳанд кард.
Ба иттилои сафорат, дар маросими супурдани онҳо кордори муваққатии ИМА дар Тоҷикистон Бридҷит Уокар ва муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Одилҷон Носирзода ширкат варзиданд. Гуфта шуд, ки ИМА дар сӣ сол ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар ёрӣ расондааст.
 
 
Сафари гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ба Ӯзбекистон
Аз 4 то 15 апрел ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои  Риштон ва Сухи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  бо намоиши  «Маликаи нозанин» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Сафари ҳунармандони тоҷик бо даъвати  Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон  сурат гирифт. Муаллифи намоиши мазкур Ҳотам Салимов, таҳиягар Зафар Ҷаводов мебошанд. “Маликаи нозанин” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба саҳна гузошта мешавад.
 
 
Боз 198 ҳазору 900 воя ваксина ворид гашт
Дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID - 19 ба  Тоҷикистон боз 198 ҳазору 900 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ҳадаф аз ин иқдом пешгирии сирояти бемории нави COVID-19 ва ба иммунизатсия фаро гирифтани шаҳрвандон мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 725
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед