logo

қарорҳои ҳукумат

ҚОИДАҲОИ МУНОСИБ ВА АВТОМАТӢ ГАРДОНИДАНИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2022, № 124 тасдиқ шудааст
 
 
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ (минбаъд – Қоидаҳо) тартиби муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатие, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, муайян менамояд.
2. Мақсади муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ сода ва суръат бахшидан ба раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатие мебошад, ки аз ҷониби хизматрасонанда пешниҳод мешавад, аз ҷумла:
- аз байн бурдани расмиёти зиёдатии маъмурӣ ва шумораи воҳидҳои ҳамоҳангсози мақомоти давлатӣ;
- кам кардани шумораи ҳуҷҷатҳои коғазие, ки аз ҷониби гирандагони хизматрасониҳо барои ба даст овардани хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд ё ба шакли электронӣ табдил додани онҳо, ё бо варақаи иттилоотӣ иваз кардани онҳо;
- таъмини ҳамкории байниидоравии низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ;
- ҳамкории гирандагони хизматрасонӣ бо шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ»;
- кам кардани вақти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии шаҳрвандон ва ташкилот аз натиҷаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- кам кардани хавфҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷетӣ.
3. Муносиб ва автоматӣ гардонидани равандҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ бо дарназардошти муҳлатҳои дар рӯйхат муқарраргардида ба таври доимӣ амалӣ карда мешаванд.
 
2. ТАШКИЛИ КОР ВОБАСТА БА 
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ ҳамасола ҷадвали муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатиро (минбаъд - ҷадвал) барои соли тақвимии оянда таҳия ва баъд аз мувофиқа бо хизматрасонанда тасдиқ мекунад.
5. Хизматрасонанда ҷадвалро дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқи он аз мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дастрас менамояд.
6. Ҷадвал на дертар аз нуҳ моҳи пеш аз фарорасии соли тақвимӣ, ки муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ карда мешавад.
7. Вобаста ба хизматрасониҳои давлатие, ки пас аз як соли мавриди амал қарор гирифтани Қоидаҳо муносиб ва автоматӣ гардонида мешаванд, ҷадвал на дертар аз як моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани Қоидаҳо тартиб дода мешавад.
8. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар муҳлати дар ҷадвал муқарраршуда дар бораи тартиби амалкунандаи хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба ваколати онҳо тааллуқ доранд, таҳқиқот мегузаронанд. 
 
3. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАҲҚИҚОТ, ИНЧУНИН, ТАҲИЯ НАМУДАНИ ҲИСОБОТ ВА НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО
9. Барои гузаронидани таҳқиқот мақомоти ваколатдори давлатӣ:
- аз ҳисоби кормандони худ намояндагони мақомоти манфиатдори давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ, хизматрасонанда, субъектҳои соҳибкорӣ ва коршиносони мустақил гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад;
- дар портали интернетии «Ҳукумати электронӣ», инчунин, дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ дар бораи оғози ҷамъоварӣ пешниҳодҳо оид ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба ваколати мақомоти давлатӣ дохил мешаванд, эълон ҷойгир менамояд.
10. Аз лаҳзаи оғоз намудани таҳқиқот мақомоти ваколатдори давлатӣ:
- аъзои гурӯҳи кориро бо маълумот, ҳуҷҷатҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, машваратҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, инчунин, ҷойи корӣ, таҷҳизоти корӣ, алоқа ва маводи дигаре, ки барои таҳқиқоти хизматрасониҳои давлатӣ заруранд, таъмин менамоянд;
- дар портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» ҳуҷҷатҳои зарурӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фикру мулоҳизаҳо оид ба пешниҳодҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатиро ҷойгир менамоянд.
11. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳодҳои ҷамъоваришудаи аҳолиро дар портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» ва натиҷаҳои мониторинги ҷамъиятии муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатиро дар доираи ваколати худ таҳлил менамояд ва ҳангоми гузаронидани таҳқиқот ба назар мегирад.
12. Ҳангоми таҳқиқот, пеш аз ҳама, имконияти автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ муқаррар карда мешавад, ки барои он амалҳои зерин анҷом дода мешаванд:
- муайян кардани хусусият ва шумораи ҳуҷҷатҳои коғазие, ки аз гирандагони хизматрасониҳо барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ талаб карда мешаванд ва мувофиқат кардани онҳо бо манбаъҳои иттилоотии электронии низомҳои иттилоотии давлатӣ бо мақсади иваз кардани ин ҳуҷҷатҳо бо манбаъҳои иттилоотии электронӣ. Агар дар низомҳои иттилооти давлатӣ маълумоти мавҷудбудаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ вуҷуд надошта бошад, пас имконияти истифодаи нусхаи электронии ҳуҷҷати коғазӣ ва(ё) иваз кардани онҳо бо шакли иттилоот муайян карда мешавад;
- муайян кардани низомҳои иттилоотии ҳамгироишаванда бинобар сабаби иваз кардани ҳуҷҷатҳои коғазӣ бо манбаъҳои электронии иттилоотӣ, ки дар ин низомҳо коркард ва нигоҳ дошта мешаванд;
- муайян кардани муҳлате, ки давомнокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатиро метавонад кам намояд. Кам кардани муҳлати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ бо роҳи кам кардани муҳлати қабул, санҷиш, мувофиқакунӣ, таҳвили ҳуҷҷатҳо, инчунин, истисно намудани воҳидҳои сохтории мақомоти давлатии ҳамоҳангсоз ва (ё) истисно намудани мувофиқакунӣ бо мақомоти дигари давлатӣ дар ҳолати иваз кардани ҳуҷҷатҳо бо манбаъҳои иттилоотии электронӣ, ки дар низомҳои иттилоотии давлатӣ мавҷуданд.
13. Дар ҳолатҳое, ки хизматрасониҳои давлатиро дар вақти таҳқиқот имконияти автоматӣ гардонидан набошад, ё ин ки дар баробари автоматӣ гардонидан имконияти муносибгардонии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути фаъолияти ташкилӣ, кадрӣ, маъмурӣ, технологӣ ва ғайра мавҷуд аст, гурӯҳи корӣ таркиб ва хусусиятҳои фаъолияти иловагиро муайян менамояд, ки дар натиҷаи он суръатбахшӣ ва содагардонии раванди хизматрасониҳои давлатӣ ба даст оварда мешавад.
14. Чорабиниҳои иловагӣ оид ба муносиб гардонидани хизматрасониҳои давлатие, ки дар банди 13 Қоидаҳо пешбинӣ шудаанд, тадбирҳои зеринро дар бар мегиранд:
- хориҷ кардани шумораи воҳидҳои сохтории ҳамоҳангсозандаи мақомоти давлатӣ тариқи тақсимоти мақсадноки вазифаҳои онҳо;
- аз байн бурдани вазифаҳои такрории мақомоти давлатӣ;
- танзими ҳамкории дохилии воҳидҳои сохторӣ, ташкилоти зертобеи мақомоти давлатӣ ё ҳамкории берунаи ду ва, ё зиёди мақомоти давлатӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- тақсимоти мақсадноки ҳайат, аз ҷумла зиёд ё кам кардани шумораи ҳайати мақомоти давлатӣ, ташкилоти зертобеъ;
- ҷойгиркунии ҳудудан мақсадноки воҳидҳои сохторӣ, ташкилоти зертобеъ бо мақсади баланд бардоштани суръати алоқа байни онҳо ва бартараф намудани тулкашии мукотибот тариқи почта;
- таъминоти моддии саривақтӣ ва босифати воҳидҳои сохторӣ, ташкилоти зертобеъ;
- тағйир додани технологияи истеҳсоли натиҷаҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
- кам кардани шумораи ҳуҷҷатҳое, ки гирандагони хизматрасонӣ барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод мекунанд, аз ҷумла тавассути иваз кардани онҳо бо шакли маълумот;
- расонидани хизматрасониҳои давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ».
15. Пас аз ба итмом расонидани таҳқиқот мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳар як хизматрасонии давлатӣ инҳоро таҳия менамояд:
- ҳисобот, ки мутобиқи таркиб ва мундариҷаи ҳисоботи таҳқиқот тартиб дода шудааст (замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур);
- нақшаи чорабиниҳо, ки мутобиқи мазмуни нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст (замимаи 2 ба Қоидаҳои мазкур).
16. Ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ барои мувофиқакунӣ ба мақомоти манфиатдори давлатӣ ва ташкилоти масъул ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ, фиристода мешаванд.
17. Мақомот ва ташкилоти манфиатдори давлатӣ дар доираи ваколати худ эродҳо ва таклифҳои асоснок ва ҳамаҷонибаро ба таври хаттӣ бо пешниҳод оид ба рафъи камбудиҳо манзур мекунанд, дар акси ҳол онҳо дар муддати даҳ рӯзи корӣ аз санаи гирифтани ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ хабар медиҳанд.
18. Дар асоси эродҳои гирифташуда, ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо, дар ҳолати зарурӣ, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷамъбаст карда мешаванд ва гурӯҳи корӣ маълумотномаи эродҳои қабулшуда ва радшударо бо асосҳои рад намудани эродҳо тартиб медиҳад.
19. Ҳисоботи омодашуда, нақшаи чорабиниҳо бо замимаи мактубҳои мақомоти давлатӣ, ташкилоти манфиатдор ва маълумотномаи гурӯҳи корӣ, ки аз рӯи натиҷаҳои мувофиқакунӣ тартиб дода шудааст, мақомоти ваколатдори давлатӣ на дертар аз даҳ рӯзи корӣ пеш аз ба ҷаласаи комиссияи экспертӣ пешниҳод шудан ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ мефиристад, ки мутобиқати онро ба Қоидаҳои мазкур санҷиш намоянд.
 
4. ТАРТИБИ САНҶИШИ ҲИСОБОТ 
ВА НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО
20. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз санаи гирифтани ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо, мутобиқати онҳоро ба Қоидаҳои мазкур месанҷад. Дар ҳолати мувофиқат накардани онҳо ба Қоидаҳои мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ онҳоро бо нишон додани камбудиҳои ошкоршуда барои баррасӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ бармегардонад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ камбудиҳои содиршударо дар муҳлати на зиёда аз бист рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани он ислоҳ мекунад ва такроран ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод менамояд. Дар ҳолати мувофиқат ба Қоидаҳои мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ онҳоро ба ҷаласаи комиссияи экспертӣ пешниҳод мекунад.
21. Комиссияи экспертиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти илмӣ ва соҳибкорон ташкил медиҳад. Дар ҳолати зарурат ба кори комиссияи экспертӣ ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин, олимон ва мутахассисони баландихтисос ҷалб карда мешаванд.
22. Комиссияи экспертиро раиси комиссияи экспертӣ роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ таъин карда шуда, ба фаъолияти он роҳбарӣ мекунад, дар ҷаласаҳо раисӣ мекунад, корро ба нақша мегирад ва аз болои иҷрои қарорҳо назорати умумӣ мебарад. Дар вақти набудани раис вазифаҳои раисиро муовине, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ таъин кардааст, иҷро мекунад.
23. Ташкили кор, тайёр кардани мавод, тавсияҳои комиссияи экспертиро котиби комиссияи экспертӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ аз ҳисоби кормандони худ таъин карда мешавад, иҷро мекунад.
24. Котиби Комиссия:
- омода намудани пешниҳод оид ба рӯзномаи ҷаласаи комиссияи экспертӣ, татбиқи қарорҳои комиссияи экспертиро таъмин ва назорат менамояд;
- кори аъзои комиссияи экспертӣ ва мутахассисони ба фаъолияти он дахлдорро ҳамоҳанг менамояд.
25. Ҷаласаҳои комиссияи экспертӣ ҳафтаи сеюми моҳи тақвимӣ ва дар ҳолати зарурӣ вақти дигаре, ки раиси комиссияи экспертӣ муайян мекунад, баргузор мешаванд. Ҷаласаи якуми комиссияи экспертӣ на дертар аз ду моҳи пас аз тасдиқи ҷадвал баргузор мегардад.
26. Рӯзномаи ҷаласаҳо, инчунин, ҷой ва вақти баргузории онҳоро раиси комиссияи экспертӣ дар мувофиқа бо аъзои комиссияи экспертӣ муайян ва дақиқ менамояд.
27. Дар ҳолати иштироки на камтар аз нисфи шумораи умумии аъзои комиссияи экспертӣ ҷаласаи комиссияи экспертӣ салоҳиятнок ҳисобида мешавад. Дар ҳолати ғайриимкон будани ҳузури аъзои комиссияи экспертӣ дар ҷаласа, аъзои комиссияи экспертӣ ваколатҳои худро ба шахсони дигар вогузор карда метавонад.
28. Қарорҳои комиссияи экспертӣ бо аксарияти овозҳои аъзои он қабул гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд, ки онро раис ва котиби комиссияи экспертӣ имзо мекунанд ва онҳо хусусияти тавсиявӣ доранд.
29. Ҳангоми қабули қарор ҳар як аъзои комиссияи экспертӣ дорои як овоз буда, дар сурати баробарии овозҳо овози раис ҳалкунанда мебошад.
30. Дар ҷаласаи комиссияи экспертӣ ҳисобот, нақшаи чорабиниҳо бо замимаи мактубҳои мақомоти манфиатдори давлатӣ, ташкилот ва гузоришҳои гурӯҳи корӣ, ки дар натиҷаи мувофиқакунонӣ тартиб дода шудааст, пешниҳод карда мешаванд. Мавод ба аъзои комиссияи экспертӣ на дертар аз се рӯзи корӣ то ҷаласаи комиссияи экспертӣ фиристода мешаванд.
31. Комиссияи экспертӣ маводи дар банди 30 пешбинишударо дар ҷаласа бо иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ баррасӣ, тасдиқ ё барои баррасӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ бармегардонад.
32. Дар ҳолати баргардонидани ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо аз тарафи комиссияи экспертӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на дертар аз бист рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарори комиссияи экспертӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 16-20 Қоидаҳои мазкур ҳуҷҷатҳоро коркард намуда, онҳоро барои баррасии такрорӣ ба комиссияи экспертӣ пешниҳод менамояд.
33. Дар ҳолати тасдиқи ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо аз тарафи комиссияи экспертӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз понздаҳ рӯзи тақвимӣ пас аз қабули қарор аз ҷониби комиссияи экспертӣ якҷо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ва манфиатдор нақшаи чорабиниҳоро дар ду нусха имзо мекунад. Пас аз имзои ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дар як нусха ба мақомоти ваколатдори давлатӣ баргардонида мешаванд ва мақомоти масъул нақшаи чорабиниҳоро ба ҳамаи мақомоти манфиатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд.
34. Пас аз тасдиқи нақшаи чорабиниҳо, пайдарҳамӣ ва муҳлати чорабиниҳо оид ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо муайян карда мешаванд.
35. Дар баробари ин, ҳар як хизматрасонии давлатие, ки аз муносиб ва автоматикунонӣ гузаронида мешавад, аз марҳилаи озмоиши амалӣ мегузарад. Дар ҳолати муайян намудани норасоиҳо дар асоси натиҷаҳои ба итмом расонидани марҳилаи озмоишии хизматрасониҳои давлатие, ки аз муносиб ва автоматикунонӣ гузаронида мешаванд, мақомоти ваколатдори давлатӣ эродҳо ва пешниҳоди худро оид ба низоми иттилоотӣ дар муддати даҳ рӯзи корӣ якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ протоколи эродҳо ва пешниҳоди худро оид ба низоми иттилоотӣ дар ду нусха имзо мекунанд ва муҳлатҳои бартарафсозии онҳоро муқаррар менамоянд. Пас аз бартараф намудани эродҳо ва пешниҳод, пайдарҳамӣ ва муҳлати чорабиниҳо оид ба муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо муайян карда мешаванд.
 
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
36. Тағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 16, 20, 32 ва 33 Қоидаҳо ворид карда мешаванд.
37. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ риояи муҳлатҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатиро назорат мекунад ва натиҷаҳои мониторингро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2022    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 4160
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед