logo

қарорҳои ҳукумат

ҚОИДАҲОИ ТАҲИЯИ СТАНДАРТҲО ВА МЕЪЁРҲОИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2022, №125 тасдиқ шудааст
 
 
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби таҳияи стандартҳо ва меъёрҳо вобаста ба хизматрасониҳои давлатиро муайян намуда, ба таъмини риояи талаботи ягонаи муқаррарнамудаи стандартҳо ва меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ равона карда шудааст.
2. Мақсадҳои стандартикунонӣ ва танзими хизматрасониҳои давлатӣ инҳоянд:
- таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои давлатӣ;
- таъмини муносибати ягона ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳии фаъолияти хизматрасонанда оид ба хизматрасониҳои давлатӣ;
- таъмини муносибгардонии минбаъда ва автоматӣ гардонидании хизматрасониҳои давлатӣ;
- таъмини мубодилаи муносибат бо гирандагони хизматрасониҳо ҳангоми анҷомдиҳии хизматрасониҳои давлатӣ;
- таъмини анҷомдиҳии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ»; 
- мониторинг ва танзими фаъолияти хизматрасонанда оид ба расонидани хизматрасониҳои давлатӣ.
 
2. ТАРТИБИ ТАҲИЯИ СТАНДАРТҲОИ      ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ
3. Стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, таҳия карда мешаванд.
4. Стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ барои ҳар як хизматрасонии давлатӣ алоҳида таҳия карда мешаванд. Стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ дар давоми як моҳ аз санаи ба феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ дохил намудани хизмат-расонии давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
5. Стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур, дар шакли мухтасар ва дастрас муқаррар карда мешаванд.
6. Механизми таҳияи стандарти хизматрасонии давлатӣ дар шакли нақша дар замимаи 1 Қоидаҳои мазкур оварда шудааст.
7. Тартиби гузаронидани муҳокимаи оммавии лоиҳаи стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ:
- мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки стандарти хизматрасонии давлатиро таҳия менамояд, лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатиро барои муҳокимаи оммавии он дар портали интернетии «Ҳукумати электронӣ», инчунин, дар сомонаи расмии худ ва (ё) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахси ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро мерасонад, ҷойгир менамояд ва дигар воситаҳои огоҳ кардани гирандагони хизматрасониҳоро дар бораи лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатӣ таъмин менамояд;
- муҳокимаи оммавии лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатӣ дар давоми сӣ рӯзи тақвимӣ, аз санаи ба муҳокимаи оммавӣ гузоштани он, амалӣ мешавад;
- дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз санаи ба феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ дохил кардани хизматрасонии давлатӣ, пас аз натиҷаи муҳокимаи оммавии лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатиро таҳия кардааст, дар бораи ба итмом расонидани муҳокимаи оммавии лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатӣ, ҳисобот таҳия менамояд, ки он бояд дар портали интернетии «Ҳукумати электронӣ», сомонаи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир карда мешавад.
8. Ҳисобот дар бораи ба итмом расидани муҳокимаи оммавии лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатӣ аз рӯи шакли тибқи замимаи 2 Қоидаҳои мазкур пешбинишуда тартиб дода мешавад.
9. Эроду пешниҳодҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатие, ки пас аз гузаштани муҳлати дар банди 7 Қоидаҳои мазкур зикршуда пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.
10. Лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатӣ, ки аз рӯи натиҷаҳои муҳокимаи оммавӣ такмил дода шудааст, дар шакли ҳисобот дар бораи ба охир расидани муҳокимаи оммавии лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатӣ барои мувофиқа ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқии манфиатдор фиристода мешавад.
11. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба стандартҳои тасдиқшудаи хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ҳатми бо тартиби муқарраркардаи банди 7 Қоидаҳои мазкур мавриди муҳокимаи оммавӣ қарор гирифта, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ мувофиқа карда мешаванд.
12. Лоиҳаи стандарти хизматрасонии давлатие, ки шакли электронии пешниҳод ва (ё) тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» хизматрасонии давлатиро пешниҳод мекунад, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ мувофиқа карда мешавад.
13. Стандарти хизматрасонии давлатӣ аз фаслҳои зерин иборат аст:
- муқаррароти умумӣ;
- тартиби хизматрасонии давлатӣ;
- тартиби шикоят овардан аз рӯи қарорҳо, амали (беамалии) мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ ва (ё) кормандони онҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
- дигар талабот бо дарназардошти хусусиятҳои хизматрасонии давлатӣ, аз ҷумла хизматрасониҳое, ки дар шакли электронӣ ва тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ», пешниҳод мешаванд.
14. Фасли «Муқаррароти умумӣ» инҳоро дар бар мегирад:
- номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ (бояд ба номгӯи хизматрасонии давлатии дар феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ мувофиқ нишон дода шавад);
- номи мақомоти марказии давлатие, ки стандарти хизматрасонии давлатиро таҳия мекунад (номи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки ба ваколати он таҳияи стандарти хизматрасонии давлатӣ вогузор шудааст) нишон дода шавад; 
- номи хизматрасонанда (нишон додани номи мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахси ҳуқуқӣ, бо нишон додани ташкилотҳое, ки қабули аризаҳоро ва додани натиҷаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва (ё) нишон додани портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» дар сурати пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ таъмин менамоянд). 
15. Фасли «Тартиби хизматрасониҳои давлатӣ» аз инҳо иборат аст:
- муҳлати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ (аз лаҳзаи муроҷиати гирандагони хизматрасонӣ барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ то гирифтани натиҷаи хизматрасонии давлатӣ муқаррар карда мешавад);
- шакли пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ (шакли хизматрасонии давлатӣ, вобаста ба усули пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ - электронӣ (пурра ё қисман автоматӣ) ва (ё) коғазӣ нишон дода шавад);
- натиҷаи пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ (намуди ҳуҷҷате, ки ҳамчун натиҷаи пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ пешниҳод карда мешавад ё ҷавоби асоснок дар бораи рад кардани хизматрасонии давлатӣ дар ҳолатҳо ва бо асосҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, шакли пешниҳоди натиҷаи хизматрасонии давлатӣ - электронӣ ва (ё) коғазӣ нишон дода шавад);
- маблағи пардохтҳое, ки аз гирандаи хизматрасонӣ барои хизматрасонии давлатӣ ситонида мешавад ва усулҳои ситонидани он дар ҳолатҳои пешбининамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар сурати хизматрасонии пулакии давлатӣ арзиши хизматрасониҳои давлатӣ ва усули пардохтро (нақдӣ ё ғайринақдӣ) нишон дода шавад);
- ҷадвали кори хизматрасонанда (рӯз ва соатҳои корӣ, вақти танаффус, рӯзҳои истироҳат, маълумот дар бораи сабти пешакӣ (шартҳои сабти пешакӣ нишон дода шавад), маълумот дар бораи хизматрасонии фаврӣ (шартҳои хизматрасонии фаврӣ нишон дода шавад);
- номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ (номгӯи пурраи ҳуҷҷатҳо ва шарту талабот нисбат ба онҳо, аз ҷумла барои шахсони дорои имтиёзҳо барои ба даст овардани хизматрасониҳои давлатӣ ҳангоми муроҷиати гирандагони хизматрасонӣ, нишон дода шавад);
- асосҳои рад намудани пешниҳоди хизматрасонии давлатие, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд нишон дода шавад. Раддия дар пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ набояд меъёрҳои истинодии дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар гирад. Дар ҳолати аз ҷониби гирандагони хизматрасонӣ пешниҳод намудани бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳо тибқи рӯйхати пешбинишудаи стандарти хизматрасониҳои давлатӣ, корманди портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» қабули аризаро рад мекунад ва тибқи шакли пешбининамудаи замимаи 3 Қоидаҳои мазкур санади рад намудани қабули ҳуҷҷатҳоро медиҳад.
16. Фасли «Тартиби шикоят овардан аз рӯи қарорҳо, амали (беамалии) мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ ва (ё) кормандони онҳо оид ба масъалаҳои хизматрасонии давлатӣ» тартиби шикоят овардан аз болои қарорҳо, амали (беамалии) хизматрасонанда ва (ё) шахсони мансабдори онҳоро (тартиби пешниҳод, ба қайд гирифтан ва баррасии шикоятҳои гирандагони хизматрасониҳоро оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ нишон медиҳанд) дар бар мегирад.
17. Дар фасли «Дигар талабот, бо дар назар доштани хусусиятҳои хизматрасонии давлатӣ, аз ҷумла дар шакли электронӣ ва тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» пешниҳодшаванда», инҳоро дар бар мегирад:
- хусусиятҳои пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ ба шахсони мансуб ба табақаҳои иҷтимоии осебпазири аҳолӣ, бо дарназардошти набудани имконияти ҳузури шахсии онҳо дар назди хизматрасонанда;
- суроғаи ҷойҳои пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар сомонаҳои расмии хизматрасонанда ва мақомоти давлатие, ки стандарти хизматрасонии давлатиро таҳия кардааст;
- мавҷудияти имконияти истифодаи имзои электронии рақамӣ;
- мавҷудияти имконияти гирифтани маълумот дар бораи вазъи пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар реҷаи дастрасии фосилавӣ;
- нишон додани рақами Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ, рақамҳои дигар хадамоти маълумотдиҳӣ дар сурати мавҷуд будани онҳо.
18. Стандарти хизматрасонии давлатӣ аз рӯи шакли намунавие, ки дар замимаи 4 Қоидаҳои мазкур нишон дода шудааст, таҳия мегардад.
19. Маълумоти мухтасар барои гирандагони хизматрасонӣ дар бораи тартиби гирифтани хизматрасонии давлатӣ дар шакли Ёддошти гирандаи хизматрасонӣ дар бораи тартиби гирифтани хизматрасонии давлатӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои ҳар як хизматрасонии давлатӣ таҳия карда мешавад ва дорои маълумоти зерин мебошад:
- маълумот дар бораи хизматрасонанда (ном, ҷадвали корӣ, сомонаи расмӣ );
- маълумот дар бораи ташкилотҳое, ки қабули аризаҳо ва пешниҳоди натиҷаҳои хизматрасонии давлатиро анҷом медиҳанд;
- маълумот дар бораи усули ба даст овардани хизматрасонии давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ»;
- муҳлати пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ;
- рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ заруранд;
- натиҷаи хизматрасонии давлатӣ;
- маълумоти иловагӣ (рақами Маркази ягонаи тамос барои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, рақамҳои дигар хадамоти маълумотдиҳӣ, агар мавҷуд бошанд);
20. Лоиҳаи стандартҳои давлатӣ пас аз ба итмом расидани муҳокимаи оммавӣ ва пешниҳоди ҳисобот тибқи талаботи банди 8 Қоидаҳои мазкур барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. 
 
3. ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ДАСТУРИ 
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ
21. Дастури хизматрасониҳои давлатӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳар як хизматрасонии давлатӣ дар давоми сӣ рӯзи тақвимӣ, пас аз тасдиқи стандартҳои дахлдори хизматрасониҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
22. Дастури хизматрасонии давлатие, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ таҳия шудааст, бо санади дахлдори ин мақомот тасдиқ карда мешавад.
23. Дастури хизматрасонии давлатие, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳия шудааст, бо санади мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор тасдиқ карда мешавад.
24. Таҳияи дастури хизматрасониҳои давлатӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:
- содагардонии расмиёти (амалҳои) хизматрасониҳои давлатӣ ва амалҳои кормандон ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ;
- рафъи расмиёти (амалҳои) изофии кормандон ҳангоми хизматрасониҳои давлатӣ, агар ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошанд;
- кам  кардани  муҳлати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, миқдори ҳуҷҷатҳои аз ҷониби гирандагони хизматрасонӣ пешниҳодшаванда, агар он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад;
- муайян кардани имкониятҳои муносибгардонии равандҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- амалигардонии равандҳои тиҷоратии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ.
25. Дастури хизматрасонии давлатӣ иттилоотеро, ки барои таъмини раванди хизматрасониҳои давлатӣ зарур ва кофӣ мебошад, дар бар мегирад.
26. Дастури хизматрасонии давлатӣ тавсифи возеҳи ҳамбастагии байни кормандон, воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳо, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва дигар хизматрасонандагон, ки дар ҷараёни пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ иштирок менамоянд, инчунин, портали интернетии «Ҳукумати электронӣ»-ро дар бар мегирад.
27. Номгӯи дастури хизматрасонии давлатӣ ба номгӯи стандарти хизматрасонии давлатии дахлдор дар феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ мувофиқат мекунад.
28. Муҳлати амалигардонии расмиёт (амалҳо) аз муҳлати бо вақти маҳдудгаштаи пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, ки стандарти хизматрасонии давлатӣ муқаррар кардааст, зиёд буда наметавонад.
29. Сохтори дастури хизматрасонии давлатӣ аз фаслҳои зерин иборат аст:
- муқаррароти умумӣ;
- тавсифи тартиби амалҳои воҳидҳои сохтории (кормандони) хизматрасонанда дар раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ;
- тавсифи тартиби ҳамкории байни воҳидҳои сохтории (кормандони) хизматрасонанда дар раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ;
- тавсифи тартиби ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар хизматрасонандагон, инчунин, тартиби истифодаи низомҳои иттилоотӣ дар раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ.
30. Фасли «Муқаррароти умумӣ» инҳоро дар бар мегирад:
- номгӯи хизматрасонанда (номи мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахси ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро пешниҳод менамояд, бо дарҷи ташкилотҳое, ки қабули ариза ва пешниҳоди натиҷаи хизматрасонии давлатӣ медиҳанд ва (ё) нишон додани портали интернетии «Ҳукумати электронӣ»-ро дар сурати пешниҳоди нишон додани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ анҷом медиҳанд);
- шакли пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ (шакли хизматрасонии давлатӣ вобаста ба усули пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ - электронӣ (пурра ё қисман автоматӣ ) ва (ё) коғазӣ дарҷ гардад);
- натиҷаи пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ (намуди ҳуҷҷате, ки ҳамчун натиҷаи пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ пешниҳод карда мешавад, ё ҷавоби асоснок дар бораи рад кардани хизматрасонии давлатӣ дар ҳолатҳо ва дар асосҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, шакли пешниҳоди натиҷаи хизматрасонии давлатӣ - электронӣ ва (ё) коғазӣ нишон дода шавад). 
31. Фасли «Тавсифи тартиби амалҳои воҳидҳои сохтории (кормандони) хизматрасонанда дар раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ» инҳоро дар бар мегирад:
- асос барои оғози расмиёти (амали) хизматрасонии давлатӣ (мавҷудияти аризаи гирандаи хизматрасонӣ ё дархости электронии гирандаи хизматрасонӣ нишон дода шавад);
- сохтори ҳар расмиёте (амале), ки бо таркиби раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дохил мебошад, муҳлати татбиқи он (тартиби амали кормандони воҳидҳои сохторӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, расмиёт (амалҳо) ва пайдарҳамии татбиқи онҳо, аз ҷумла марҳилаҳои гузаштани ҳамаи расмиёт (амалҳо) дар заминаи ҳар як воҳиди сохторӣ дохил аст. Агар якчанд воҳидҳои сохторӣ дар раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ иштирок дошта бошанд, муҳлати иҷрои расмиёти (амалҳои) алоҳидаи барои расонидани хизматрасонии давлатӣ дар он воҳидҳои сохторӣ зарур нишон дода шавад);
- натиҷаи расмиёти (амали) пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, ки барои оғози расмиёти (амали) навбатӣ асос мешавад (натиҷаи расмиёт (амал) ва тартиби интиқоли он ба дигар воҳиди сохторӣ нишон дода шавад).
32. Фасли «Тавсифи тартиби ҳамкории байни воҳидҳои сохтории (кормандони) хизматрасонанда дар раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ» инҳоро дар бар мегирад:
- номгӯи воҳидҳои сохтории (кормандони) хизматрасонанда, ки дар раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ иштирок мекунанд;
- тавсифи пайдарпаии расмиёти (амалҳои) байни воҳидҳои сохторӣ (кормандон) бо дарҷи давомнокии ҳар расмиёт (амал) (тавсифи ҳамаи расмиёт (амалҳо) барои пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, бо нишон додани давомнокии ҳар як расмиёт (амал). Дарҷи пайдарпайии расмиёт (амалҳо) бо аломатҳои графикӣ гузаштани ҳар расмиёт (амал) бо зикри давомнокии ҳар як амалиёт (расмиёт) ҳамроҳӣ карда мешавад.
33. Фасли «Тавсифи тартиби ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар хизматрасонандагон, инчунин, тартиби истифодаи низомҳои иттилоотӣ дар раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ» инҳоро дар бар мегирад:
- тавсифи тартиби муроҷиат ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ ва (ё) дигар хизматрасонандагон, давомнокии баррасии дархости гирандагони хизматрасонӣ (нишон додани пайдарпаӣ ва муҳлати ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ ва (ё) дигар хизматрасонандагон, аз ҷумла расмиёти (амалҳои) ташаккул ва самти дархостҳои хизматрасонандагон оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ). Тавсифи расмиёт (амал) аз номгӯи ҳуҷҷатҳо ва маълумоте иборат аст, ки ба хизматрасонанда барои пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ заруранд;
- тартиби таҳия ва пешниҳоди дархост ба хизматрасонанда бо нишон додани воҳиди сохторӣ ё шахси мансабдори ваколатдори фиристодани чунин дархост, тавсифи амали кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ ҳангоми сабти ном ва коркарди дархости гирандаи хизматрасонӣ дар низоми ҳамгирошудаи иттилоотии портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» бо замимаи диаграммаи ҳамкории функсионалии низомҳои иттилоотие, ки дар пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар шакли графикӣ мавҷуданд;
- тавсифи раванди ба даст овардани натиҷаи пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ», давомнокии он (усул, муҳлат ва тартиби гирифтани натиҷаи хизматрасонии давлатӣ нишон дода шавад);
- тавсифи тартиби муроҷиат ва пайдарпайии расмиёти (амалҳои) хизматрасонанда ва гирандаи хизматрасонӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» бо замимаи диаграммаи ҳамкории функсионалии низомҳои иттилоотие, ки дар пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар шакли графикӣ иштирок мекунанд, нишон дода мешавад. Тавсифи муфассали пайдарҳамии расмиёти (амалҳои) ҳамкории воҳидҳои сохтории (кормандони) хизматрасонанда дар раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, инчунин, тавсифи тартиби ҳамкорӣ бо дигар хизматрасонандагон ва (ё) портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» ва тартиби истифодаи низомҳои иттилоотӣ дар ҷараёни пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар феҳристи равандҳои тиҷоратии пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ инъикос ёфтааст. Феҳристи равандҳои тиҷоратии хизматрасониҳои давлатӣ дар портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» ва сомонаи расмии хизматрасонанда ҷойгир карда мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2022    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 4237
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед