logo

сиёсат

ДУХТАРОНИ АФҒОНИСТОН: «МО БА МАКТАБ МЕРАВЕМ!»

 
Баъд аз ба қудрат расидани ҳаракати "Толибон" дар Афғонистон дари тамоми дабистонҳои духтарона дар ин кишвар баста шуд. Ҳукумати "Толибон", ки то ҳол аз сӯйи ягон кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст, баъд аз вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ ба ин амр ва қатъ гардидани ёриҳои башардӯстона ваъда дода буданд, ки пас аз 23 марти соли 2022 дари мактабҳои духтаронаро боз мекунанд. Вақте ин санаи деринтизор фаро расид, ҳамагӣ чанд соат дари дабистонҳоро кушоданду боз бастанд. Ҳатто Наврӯзро, ки аз ҷашнҳои бостонии мардуми ин диёр ҳам ҳаст, мамнуъ эълон карданд.
Мақсади "Толибон" то синфи 6 таҳсил кардани духтарон дар ин кишвар асту бас. Аз чунин мавқеъгирии носолим занону духтарон бо овезаву шиорҳои «Мо ба мактаб меравем!», «Мо ҳаққи таҳсил дорем!», «Таълиму тарбия ҳаққи мост!» ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд. Дар маркази шаҳру навоҳии Афғонистон эътирозҳо пеш аз оғоз ба таври фоҷиавӣ саркӯб гардида, дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон намоиш дода нашуда бошанд ҳам, дар берун аз кишвар ба вокунишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд. Миллионҳо муҳоҷирони дур аз ватан ба унвони созмонҳои ҷаҳонӣ, ки асли корашон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон аст, муроҷиат карда, ҳалли қазияро хоҳонанд.
Аз ҷумла, дар Тоҷикистон як гурӯҳ занони фаъолу маданӣ дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ гузаронданд. Дар он сафир Муҳаммад Зоҳири Ағбар ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок доштанд. Сафир дар суханронии худ сабаби ба таҳсил иҷозат надодани занону духтаронро ба афкори вопасгароёна рабт дода, изҳор дошт: «Вазири маорифи "Толибон" таҳсили духтаронро то синфи 6 иҷозат дода, давоми минбаъдаи таҳсилро барои онҳо боиси эҷоди фасод арзёбӣ кард. Касе, ки ба модари худ эҳтиром дошта бошад, касе, ки ба хоҳари худ эҳтиром дошта бошад, касе, ки ба ҳамсари худ эҳтиром дошта бошад, чунин вожаро истифода мебарад? Ҳаргиз не!».
Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат бо ишора ба вазъи кунунии кишвари ҳамсоя гуфтанд: «Ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад».
Мудири мактаби афғонии «Сомониён» Ноҷия Зоҳир, ки дар Душанбе фаъолият дорад, бо гузориши муфассал вазъ дар ин кишварро таҳлил ва андешаҳояшро чунин иброз кард: «Ин гурӯҳи террористӣ, ки тиҳӣ аз шараф, таълиму тарбияанд, бо бастани дарвозаҳои дабистонҳо ба рӯйи донишомӯзони духтар як бори дигар собит карданд, ки на танҳо хусумати амиқ ба илму тамаддун доранд, балки аз бедорӣ ва огоҳии ниме аз пайкари ҷомеа – занон ба шиддат ҳарос доранд».
Шогирдони мактаби мазкур бо намоиши саҳначае поймол шудани ҳуқуқҳои хоҳарону ҳамсабақони худро ба ҳозирин нишон доданд. Дар толор фарде набуд, ки суханронӣ ва саҳнаро бидуни ашк тамошо карда бошад.
То  замоне  ки  вазъ то ин ҳад ноамну пуртаҳлука набуд,  духтарони он сӯйи Ому бо тарсу ваҳм таҳсил доштанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳрамонии падаре, ки барои таҳсили ду духтараш гардиш дошт, намунаи олии башардӯстист. Дар вилояти Пактикои Афғонистон марде бо исми Маёхон ҳар рӯз ду духтарашро болои дучарха нишонда, ба ягона мактаби духтаронаи вилоят, ки 12 километр дур аз иқоматгоҳашон аст, мебурд. Он ҷо чаҳор соат беруни мактаб мунтазир меистод, то дарсҳо тамом шаванду духтаронашро гирифта ба хона барад.
Дар шароит ва фазои Афғонистон, ки ҳар рӯз инфиҷор, куштор ва фишор болои мардуми бегуноҳ аст, ин амалкарди падар бешак, қаҳрамонист. Ҳоло вазъ дар як сол чунон бад шудааст, ки дару  дарвозаи ҳамон чанд дабистони духтаронаро ҳам бастаанд.
8 майи соли гузашта, ки ба поёни моҳи Рамазон панҷ рӯз монда буд, дар мадрасаи духтаронаи "Сайид-уш-шуҳадо", дар ғарби шаҳри Кобул, террористон инфиҷор ба амал оварданд. Дар натиҷа, 85 кас кушта ва беш аз 100 нафари дигар захмӣ шуд. Аксари қурбониён духтарони аз 11 то 15-сола буданд. 
Дар он фоҷиа акси духтараки аз таркиш ҷонбаамонбурда сару садоҳои зиёд ба бор овард. Ӯ бо сару рӯйи аз алангаи оташ  сиёҳшуда  ва  тарси зиёд лаб ба фиғон кушода,  ба мадрасаи дар оташ сӯхтаистода нигоҳ мекард. Дар баробари ин, дафтару китобашро чунон сахт ба оғӯш кашида буд, ки гӯё азизтарин каси худро дар канор дошт. Ин манзара, яъне ба рағми ҷанг фиғон бардоштану китобу дафтар – сарчашмаи хирадро аз даст нагзоштан, як ҷаҳон рамзу розро ифшо мекард. 
Имрӯзҳо созмонҳои байналмилалӣ, назири Созмони  байналмилалии  муҳоҷират (IOM), Кумитаи шведсиягӣ оид ба Афғонистон (SCA), Комиссияи олии кор бо гурезаҳои СММ (UNHCR), ЮНИСЕФ дар баробари фоҷиаҳои башарӣ дар Афғонистон ҳама хомӯшанд. 
Аз ин фурсат истифода бурда, "Толибон" домани амалҳои нангинро фарох намуда, ҷиноятҳои разилонаро пай дар пай содир менамоянд. Аз ҷумла, чанде пеш Шайх Азиз Раҳмон, раиси идораи амри маъруф ва наҳйи мункари "Толибон" дар Ҳирот эълон дошт: «Мусиқиву чизҳои дигари мункарот, аз ҷумла нӯшокиҳои спиртӣ, хеле ривоҷ дошт. Мо омадем, ба иттиҳодияи толорҳо, ба иттиҳодияи кофешопҳо гуфтем, ки ин чизҳои мункарот дигар набояд бошад».
Баъди чунин изҳорот, ҷашни арӯсӣ тибқи хостаи "Толибон" созмон дода мешавад. Дигар базми хонадоршавӣ ва тӯйю сур бидуни мусиқӣ, рақс ва хушҳолӣ мегузарад. Арӯс бо домод рӯйи саҳна намеоянд.
Дар чунин рӯзҳои мудҳиш кишваре, ки лаҳзае таваҷҷуҳ ва фаъолияташ аз ҳаводиси он сӯйи дарёи Ому канда нест, Тоҷикистон аст. Бино ба гуфтаи худи Пешвои муаззами миллат: «Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд».
Дар ин ҳол, ҳар кас ботинан ба сарнавишти духтарону занони ҳамтаборони мо месӯзад, худро дасткӯтоҳу ноилоҷ дармеёбад, вале агар решаи андешаро амиқтар барем, ҳаргиз ночор нестем. Дар баробари чунин фоҷиа, ҳадиси шукрона аз лаб дур накардаву пояҳои ахлоқиву маънавии ҷомеаро дар симои духтарони худ поянда дорем, кофист. 
Баъди иншои ин матлаб кас хаста шудаву аз тирезаи коргоҳ ба кӯча менигарад: духтарони озодаву хушлибоси кишвари азизи мо бо рангу рӯйи идона дар кӯчаҳои шаҳр гардиш доранд. Яке агар пайи кор равон аст, дигаре ба дабистон ё донишгоҳ шитоб дорад. Яке агар пироҳани зебои миллӣ ба бар дорад, дигаре бо либоси шинами расмӣ ошкор мекунад, ки корманди давлатист. Яке кӯдаки ширхора ба оғӯш дилҳоро умеди фардо бубахшад, дигаре сари чанбараки автомашинаи сабукрав мегузарад. Ҳамин манзара кофист, ки арзиши истиқлол ва ваҳдатро бидонем ва дар маърифати ин вожаҳои барои миллати мо муқаддас шитобзада набошем!
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2022    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 968
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед