logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

8 апрел миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин омадааст:
 
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Лутфан, табрикоти гарм ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бипазиред.
Тули ин се даҳсолаи сипаришуда кишварҳои мо дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Сатҳи кунунии робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро, ки Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки байниҳамдигарӣ ва Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии ба асри XXI нигарондашуда заминаи пойдори онҳо мебошанд, баланд арзёбӣ менамоям.
Федератсияи Россия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон буда, мо дар арсаи мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дар соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ-техникӣ ба таври самарабахш ҳамкорӣ менамоем. Мехостам аз густариши қобили таваҷҷуҳи робитаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва байниминтақавӣ ба таври махсус ёдовар шавам. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият меёбанд. Кишварҳои мо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар робита ба мавқеъҳояшон ҳамоҳангии зич анҷом медиҳанд.
Итминон дорам, ки рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Мо пайваста ба пешбурди минбаъдаи босамари тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиамон, ки дар оянда низ дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос хоҳанд дошт, манфиатдорем.
Умед дорам, ки мо аз ин пас ҳам ҷиҳати таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Россия ба манфиати мардумонамон талошҳои муштараки ҳамаҷониба анҷом хоҳем дод.
Бо истифода аз ин имконияти фараҳбахш, ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович сиҳатмандии комил ва комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Россия сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоии устувор орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
 
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон табрикоти самимии маро бипазиред.
Тули даҳсолаҳои сипаришуда ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои байни Россия ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ барорем.
Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.
Москва ва Душанбе дар самти муқовимат ба терроризм ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда, талошҳои худро дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ, СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг менамоянд. 
Бовар дорам, ки тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳо байни Россия ва Тоҷикистон ҷавобгӯйи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти мо буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил ва комёбиҳо, ба ҳамаи ҳамватанони Шумо саодату некуаҳволӣ орзумандам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2022    №: 68    Мутолиа карданд: 3931
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед