logo

ҳуқуқ

АРЗИШМЕҲВАРӢ ВА СЕ ОМИЛИ МУҲИМЕ, КИ ДАСТИ КОРРУПСИЯРО КӮТОҲ МЕСОЗАД

Дар шароити имрӯза яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеаи кишварро муқовимати фаъол бо коррупсия ташкил медиҳад. Дар ин робита, талошҳо оид ба коркарди механизм ва роҳҳои муассири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб идома доранд, ки ҷалби бештари мардум дар ин фароянд муҳим арзёбӣ мегардад. Зимнан, тақвияти арзишмеҳварӣ дар мамлакат метавонад, заминаи муҳими ҷалби оммаи васеи мардум дар муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ гардад. 
Арзишмеҳварӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа метавонад фарогири арзишҳои гуногуни ахлоқию маънавӣ бошад. Мо ба чанде аз арзишҳои муҳиме таваҷҷуҳ менамоем, ки амалӣ намудани онҳо дар ҷомеаи мо метавонад заминаи пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсия гардад. Ғолибан, таҳкими руҳияи амонатдорӣ, қаноатпешагӣ ва қонунмеҳварӣ метавонад оштинопазирии мардуми кишварро ба зуҳуроти коррупсионӣ тақвият бахшад. Зеро шаҳрванди дорои хусусиятҳои зикр-шуда дар ҳеҷ ҳолат ворид шудан ба амалҳои коррупсиониро ба худ иҷозат намедиҳад. Ҳамаи хосиятҳои зикршуда омилҳои дарунӣ ва равоние мебошанд, ки шаҳрвандонро аз ворид шудан ба амалҳои коррупсионӣ бозмедоранд. Миёни мардуми мо амонатдорӣ як арзиши муҳим ва бунёдӣ шинохта шудааст. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки солҳои охир мавқеи ин арзиш коста гардидааст ё фаҳмиши маҳдуд аз он шакл гирифтааст. Чунин мушоҳида мегардад, ки мардум аксаран амонатдориро танҳо дар нигоҳ доштани чизе назди худ ва ё маблағи ба касе супурдашуда мефаҳманд, ки чунин фаҳмиш аз арзиши амонатдорӣ хеле маҳдуд аст. Ҳолатҳои дигаре чун қадр намудану нигоҳ доштани боварии дигарон, иҷрои масъулиятҳои бауҳдадошта, ҳифзи моликияти давлативу ҷамъиятӣ, сарфакорӣ намудан дар харҷҳои давлативу ҷамъиятӣ, дуруст ба роҳ мондани харҷҳои ҷамъиятӣ чун амонатдорӣ дарк намуда намешавад, ки албатта ин боиси нигаронӣ аст. Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки дар миёни мардуми мо фаҳмиши васеъ аз амонатдорӣ тақвият бахшида шавад ва ҳар нафари касбу кори гуногун бояд дарк намояд, ки дар назди ҷамъият амонатдор аст ва бояд дар иҷрои вазифаи худ масъулиятшиносона муносибат намояд. Яъне, дар ҷомеа ҳар нафаре дар иҷрои вазифаи ба ӯ вогузошта амонатдор аст ва зарур аст, ки меъёри амонатдориро дар ҳама ҳолат риоя намояд.   
Дар шароити имрӯза зарур мешуморем, ки ба тарбияи руҳияи амонатдорӣ миёни ҷавонону наврасон ва дар умум шаҳрвандони кишвар эътибори ҷиддӣ дода шавад. Танҳо бо нафарони амонатдор мо метавонем ояндаи беҳтареро барои мардуми кишвар бунёд гузорем ва рушди давлатдории миллиамонро тақвият бахшем.
Арзиши дигари муҳиме, ки дар заминаи тақвияти он мо метавонем сатҳи коррупсияро дар кишвар паст намоем, ин руҳияи қаноатпешагӣ аст. Дар зиндагии ҳамарӯза мушоҳида менамоем, ки як қисми одамон зиндагии хеле оддӣ доранд ва ҳамеша кӯшиш бар он мекунанд, то аз роҳи ҳалолу дуруст рӯзӣ ба даст оваранд. Аммо, дар қатори чунин инсонҳо боз нафаронеро ҳам мушоҳида мекунем, ки дорои сарвати зиёданд, аммо ба ин кифоят накарда, даст ба амалҳои коррупсионӣ ва аз худ намудани манбаъҳои давлативу ҷамъиятӣ мезананд. Аз ин рӯ, тарбияи руҳияи қаноатпешагӣ барои ҷомеаи мо метавонад хеле муҳим бошад. 
Албатта, агар инсон бо роҳи дурусту қонунӣ ва ҳалолу покиза ба дороии зиёде мушарраф гардад ҳеҷ боке надорад ва сарвати ӯ самараи кӯшишу ғайратҳояш аст. Аммо дар шароити имрӯза мо нафаронеро мебинем, ки бо расидан ба мақомҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ пеш аз ҳама барои бунёди зиндагии бодабдаба барои худ шуруъ мекунанд. Бо даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва суистифода аз мақом онҳо барои худ шароитҳои бодабдабаро бунёд мегузоранд. Гӯё ба назар чунин мерасад, ки чунин мардум қаноатпешагиро тамоман фаромӯш намудаанд ва ё дар мавриди он ҳатто наандешидаанд. Дар шароити Тоҷикистон зиндагии иҷтимоӣ тадриҷан беҳтар мешавад ва музди меҳнат зина ба зина боло рафта истодааст. Агар мо қаноатро пеша намоем ва баҳри рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишварамон камари ҳиммат бубандем, албатта рӯзе мерасад, ки бо ҳалолкории худ ба зиндагии осудае бирасем.
Ба андешаи мо заминаи дигари муҳим дар пешгирӣ ва рафъи коррупсия дар Тоҷикистон таҳким бахшидани ҳисси қонунмеҳварӣ миёни мардуми кишвар аст. Дар ҳама сурат ба мо зарур аст, ки қонунмеҳвариро дар замири насли ҷавон парварида бошем. Барои таҳкими руҳияи қонунмеҳварӣ зарур мешуморем, ки дар самти иҷроиши қонунҳо ва эҳтиром ба қонун мансабдорони зинаҳои мухталиф ва хизматчиёни давлатӣ чун намунаи пайравӣ бошанд. Бо тақвият ёфтани тафаккури қонунмеҳварӣ заминаи зуҳури ҳар гуна амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа аз байн меравад ва тадриҷан сатҳи коррупсия дар кишвар паст мегардад.
Дар ҳама давру замон таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа яке аз заминаҳои муҳими пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ шинохта шудааст. Дар ҳар сурат рушди ин давлату миллат ва инкишофи ояндаи ҳаёти ҷомеа аз амал ва фаъолияти худи мо вобаста аст. Агар мо дар назди ҷомеа эҳсоси масъулият намоем, барои ҳар амал ва фаъолиятамон ҷавобгар бошем, манфиатҳои миллат ва давлатро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорем, вазифаҳои хешро содиқона ва софдилона ба иҷро расонем, мушкилоти ҷомеаро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл созем, пас бо итминон гуфта метавонем, ки заминае барои зуҳури коррупсия боқӣ намемонад ва сатҳи коррупсия дар кишвар комилан паст мегардад.  
 
Шарофиддин СОЛИЕВ, 
устоди  ДҲБСТ,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2022    №: 68    Мутолиа карданд: 2535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед