logo

ҳуқуқ

ҚАЛЛОБӢ. ШАРҲИ МУХТАСАРИ ЯК ҶИНОЯТИ “КОРМАНДИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ”

 
Чанде қабл бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат Абдуалӣ Садиров, сокини ин шаҳр, барои қаллобӣ бо дастрасии моддаи 247 қисми 4 банди “б”  Кодекси ҷиноятӣ ба муҳлати даҳ солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум гардид. 
 
Тафтишот муайян кард, ки маҳкумшуда дар чанд маврид бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағҳои калон ситондааст. Ӯ зимни амалҳои қаллобона худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо ин роҳ ба боварии сокинон даромадааст. Чунончи, номбурда соли 2020-ум ба назди шаҳрванд З. Исмоилова рафта, гуфтааст, ки барои гум кардани шаҳодатномаи таваллуд нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Тавре гуфтем, судшуда худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, қавл додааст, ки бар ивази 2000 сомонӣ метавонад, парвандаро қатъ намояд. Ба ҳамин далел, аз ин шаҳрванд 2000 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Ғайр аз ин, А. Садиров кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, 14 марти соли 2021 ба боварии М. Расулов даромада, бо баҳонаи аз ҳабс озод кардани фарзандаш маблағи 300 ҳазор сомонӣ талаб намудааст. Баъд аз гирифтани маблағ ҷойи ҳодисаро тарк намуда, минъбад телефони мобилиашро хомӯш кардааст. 
Ҳамин тариқ, номбурда бо амалҳои ғайриқонунияш ба ҷабрдидагон зарари махсусан калони моддӣ расонда, оқибат ба ҷазои аъмоли мардумфиребонааш расид ва акнун муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.
Манзур аз ба қалам додани кирдорҳои ҷинояткоронаи ин нафар дар он аст, ки сокинон бояд дар баробари чунин қаллобон эҳтиёткор бошанд ва ҳамагон бори дигар бидонанд, ки ҳеҷ як амали зиддиқонунӣ бе ҷавбогарӣ нахоҳад монд. 
 
Х. ҲАБИБУЛЛОЗОДА, муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2022    №: 68    Мутолиа карданд: 3614
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед