logo

иқтисод

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. ИМКОНОТ ВА МУШКИЛОТИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуд моҳӣ аст. Барои рушди моҳипарварӣ дар кишвар шароитҳои мусоид фароҳам буда, Барномаи рушди моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 қабул шудааст. Бархӯрдории хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз имтиёзҳои андозӣ барои рушди соҳа нақши муҳим гузошта, истеҳсоли моҳӣ дар мамлакат афзун гашт. Аз ҷумла, тибқи таҳлилҳои оморӣ, соли 2021 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 4 ҳазору 389,4 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 123,2 дарсад зиёд аст. 
 
Ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ имкони хуби роҳандозии сайёҳии моҳидорӣ мебошад. Имрӯзҳо яке аз намудҳои сайёҳие, ки талаботи дӯстдоронаш дар ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст, ин сайёҳии саргузаштӣ тавассути моҳидорӣ маҳсуб меёбад. Тибқи арзёбиҳо рушди сайёҳии моҳидорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Данғара, Муъминобод, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ афзалият дорад. 
Дар байни сайёҳон ҳавасмандии гирифтани мустақилонаи моҳӣ дар ҷараёни сафар, бевосита пухтан ё омода намудани он маъмул буда, баҳри ҷалби сайёҳон ба ин минтақаҳои кишвар ҳам аз нигоҳи сайёҳии дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ созгор мебошад. 
Алимаҳмад Гулов, номзади илмҳои биологӣ, директори Ассотсиатсияи моҳипарварии вилояти Хатлон, иброз медорад, ки моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, сабади истеъмолӣ, амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад.  
Дар вилояти Хатлон 271 хоҷагии  моҳипарварӣ дар 2 ҳазору 691,1 гектар замин вогузор шудаанд. Соли 2021 истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарвари вилоят 3 ҳазору 303, 2 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 752 тонна зиёд аст. 76 дарсади истеҳсоли моҳии ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон рост меояд. Дар вилоят 8 намуди моҳӣ, аз ҷумла оилаи карбҳо, амури сафед парвариш мешаванд. 
- Моҳиҳоро аз вилояти Краснодари Федератсияи Россия меорем, - иброз дошт А. Гулов. - Ҳоло бошад, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва бо истифода аз имтиёзҳои пешбинишуда дар вилоят инкубаторҳо барои бозтавлиди кирминаи моҳӣ барқарор шуда истодаанд, ки барои рушди соҳа заминаи мусоид фароҳам меоранд. 
Мо обанборҳои калон дорем, назири Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда, Сангтуда 2, Сарбанд, Муъминобод, ки ҳамаи ин иқтидор барои рушд мебошанд. Дар шаҳри Левакант сад дар сад ва дар ноҳияи Муъминобод қариб 80 дарсади ҳавзҳои моҳипарварӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ омодаанд. Танҳо лозим аст, ки хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкорӣ кунанд, хатсайрҳо ташкил намоянд. 
Ба ақидаи коршиносон, барои пешрафти ин намуди хизматрасонӣ яке аз масъалаҳои асосӣ омода намудани мутахассис аст. Моҳипарварӣ аз мутахассис ё ин ки роҳбаладе, ки ба ҳавз сайёҳонро меорад, донистани нозукиҳои моҳипарвариро талаб мекунад. Яъне, роҳбалад тавонад ба сайёҳ маълумотро дар бораи навъҳои моҳӣ, шароити парвариш, ғизонокӣ, мавсимҳои моҳидорӣ дурусту саҳеҳ манзур намояд. Тарғибу ташвиқи моҳидорӣ низ яке аз масъалаҳои муҳим дар рушди он дониста мешавад. Дастурамалу буклетҳо нисбат ба ҷалби сайёҳон ва рушди сайёҳии моҳидорӣ камтар аст. Дигар ин ки корро тавре ташкил кардан даркор аст, ки ба табиат зарар нарасад.
Тавре мутасаддиёни ширкатҳои сайёҳӣ иброз медоранд, моҳидорӣ дар навбати худ сафар ба кӯҳистонро низ дар бар мегирад. Масалан, сайёҳон дар вилояти Суғд метавонанд барои истироҳат ва моҳигирӣ ба Ҳафткӯл ва Кӯли Калон раванд. Дар Бадахшон меҳмонон метавонанд дар Булункӯл ва дарёи Мурғоб гулмоҳӣ шикор кунанд. Вале, дар дарёҳо моҳӣ кам аст. Бинобар ин, агар парвариши моҳӣ дар обанборҳои мамлакат зиёд карда шавад, ҳавасмандон бештар хоҳанд буд. Зеро одамоне ҳастанд, ки вақти холии худро бо моҳидорӣ гузарондан мехоҳанд, аммо на дар ҳама ҷо шароит ҳаст. Агар ба онҳо таҷҳизот, хӯроки сабук, мошин, хайма дода шавад, дар он сурат шумораи муроҷиаткунандагон зиёд мешавад. Аз ин рӯ, рушди ин намуди сайёҳӣ ба манфиати кор хоҳад буд. 
Ҳоло дар Тоҷикистон ин навъи истироҳат ҳанӯз кам истифода мешавад, вале мо бояд ояндаро дар назар дошта бошем. Тобистон дар шаҳр ҳаво гарм аст, бисёр одамон мехоҳанд дар вақтҳои холӣ ба тамошои табиат раванд. Моҳидорӣ ба онҳо имкони хуби истироҳат дар табиат ва оромишро медиҳад. Бо фароҳам омадани шароит, дар баробари дигар хизматрасониҳо, моҳидорӣ метавонад ба яке аз самтҳои сердаромад барои ташкилкунандагони он гардад.  
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2022    №: 68    Мутолиа карданд: 2330
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед