logo

маориф

Вокуниш ба матлаби «Ховалинг. Барномаи давлатӣ кай иҷро мешавад?» - и Суннати Содиқ («Ҷумҳурият», аз 19.01.2022, № 14)

Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад
 
 
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг мақолаи «Ховалинг. Барномаи давлатӣ кай иҷро мешавад?» - и Суннати Содиқ («Ҷумҳурият», аз 19.01.2022, №14)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 18 километр дар деҳаи Навруҳҳои Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ҷойгир мебошад. 
 
Муассисаи таълимӣ дар бинои якошёна, ки сохтмонаш ба соли 1989 рост меояд, фаъолият мекунад ва аз 7 синфхона иборат буда, 120 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба хонандагон 17 омӯзгор таълиму тарбия медиҳад. 
Вобаста ба шароиту имкониятҳо вазъи таълиму тарбия дар муассиса дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018-2022”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, таҳти №443 тасдиқ шудааст, корҳои муайян амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, муассиса дорои 9 компютери дар ҳолати корӣ қарордошта мебошад, ки тибқи талаботи боби 5-и Барнома (таносуби воқеии дастрасии 1 компютер ба 2 хонанда ҳангоми таълим дар ҷараёни дарс) пурра мутобиқат мекунад. 
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21-и деҳаи Кӯлдараи Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки дар бинои нав фаъолият мекунад, шумораи компютерҳои мавҷуда дар ҷараёни таълим ба хонандагон аз рӯи меъёр (яъне дар синфҳои аз 5 боло, ки дарси компютер омӯзонда мешавад) дастрас мебошад. 
Алҳол муассисаҳои таълимии ноҳия бо 474 компютер, 105 принтер, 20 тахтаи электронӣ ва 20 проектор таъмин мебошанд. 
Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2021-2022-юм 28 компютер ва 17  принтер тавассути маблағгузории ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва аз буҷети ноҳия харидорӣ гардида, таъмини талаботи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018-2022” ҷиҳати бо компютер ва дигар воситаҳои технологияи инноватсионӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст.
 
Маҳмадназар АМИРСАИДОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2022    №: 68    Мутолиа карданд: 6490
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед