logo

Хабарҳо

ПУТИН: “НАРХИ МАВОДИ ҒИЗОӢ ДАР ҶАҲОН АЗ ИШТИБОҲИ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА БОЛО МЕРАВАД”

Мир24. Владимир Путин, Президенти Россия, дар нишасти марбут ба дастгирии комплекси агросаноатӣ изҳор дошт: “Иштибоҳот дар сиёсати иқтисодӣ, энергетикӣ ва ғизоии кишварҳои пешрафта ҳанӯз ду сол қабл боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон гардид. Ва вазъ танҳо дар ҳафтаҳои охир бадтар шуд”.
Президенти Россия таъкид кард, бо вуҷуди он ки таъминоти ғизо дар ҷаҳон хеле кам аст, ҳарчи бештар таҳримҳои нав ҷорӣ мешаванд ва интиқоли нуриҳои минералӣ аз Россия ва Беларус банд мегарданд. Дар баробари ин, истеҳсоли маводи ғизоии худи Ғарб ба далели гаронии қимати гази табиӣ коҳиш меёбад, ки ин ҳам натиҷаи фаъолияти шарикони ғарбии Россия аст.
 
 
Нишасти роҳбарони вазорату идораҳои илму фановариҳои давлатҳои узви СҲШ
Имрӯз дар шаҳри Тошканд нишасти роҳбарони вазорату идораҳои илму фановариҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Ин нишаст аз соли 2010 роҳандозӣ гардидаву то кунун  идома меёбад.  Гуфта мешавад, ки дар нишаст дурнамои ҳамкориҳои илмию техникии кишварҳои узви СҲШ то соли 2025 мавриди баррасӣ қарор мегиранд.  
Ӯзбекистон солҳои 2021-2022 раиси СҲШ мебошад, ки ин Созмони бонуфуз ҷаласаи навбатии худро 15-16 сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор хоҳад кард. Дар чаҳорчӯби раёсати давравии Ӯзбекистон СҲШ баргузории беш аз 80 чорабиниро барномарезӣ кардааст, ки 30-тои он дар сатҳи вазирони давлатҳои узви СҲШ ба вуқуъ хоҳанд пайваст.
 
 
Тасмими Россия  оид ба қатъ намудани салоҳияташ дар Шурои ҳуқуқи башар
Известия. Геннадий Кузмин, муовини намояндаи доимии Федератсияи Россия дар СММ, гуфт, ки Россия тасмим гирифт,  салоҳияташро ҳамчун узви Шурои ҳуқуқи башари СММ аз 7 апрели соли 2022 пеш аз муҳлат қатъ намояд. 
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки ширкати Россия дар Шурои ҳуқуқи башар дар давраи ротатсияи ҷорӣ, яъне то соли 2023 мутаваққиф шавад, баъдан кишвар метавонад дубора ба ин созмон баргардад. Аз тасвиби ин қатънома 93 кишвари ҷаҳон пуштибонӣ карда, 24 кишвар мухолиф ва 58 кишвар бетараф монданд.
 
 
Дастури Алиев ва Пашинян ба вазирони корҳои хориҷӣ  
ТАСС. Дар Брюссел мулоқоти сеҷонибаи Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва раиси Иттиҳоди Аврупо Чарлз Мишел ба поён расид. 
Хадамоти матбуоти девони вазирони Арманистон хабар дод, ки ҷонибҳо ба вазирони корҳои хориҷӣ дастур доданд, омодагӣ ба музокирот оид ба созиши сулҳро оғоз намоянд. Дар натиҷаи мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки то охири моҳи апрел як комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсияи сарҳади Арманистону Озарбойҷон, ки барои таъмини амният ва субот дар сарҳад салоҳиятдор аст, таъсис дода шавад.
 
 
Макрон дурустии қарорашро барои идомаи муколама бо Путин таъкид кард
Lenta.ru. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон иброз дошт, ки сиёсаташро дар мавриди идомаи муколама бо Президенти Россия Владимир Путин дуруст мешуморад.  
Ба гуфтаи Макрон, пайваста бо Роҳбари Россия аз номи Фаронса суҳбат намудан комилан дуруст аст. Вай таъкид кард, ки ин барои бунёди меъмории нави амният дар Аврупо зарур мебошад. 
Илова бар ин, Президенти Фаронса ёдовар шуд, ки муколамаи худро бо Роҳбари Россия ҳанӯз соли 2017 дарҳол пас аз ба мансаби президентӣ расидан оғоз карда буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1958
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед