logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
КРОССВОРД
 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
5. … Балъамӣ, вазири Давлати Сомониён. 6. Олим, муаррихи тоҷик, ки алифбои суғдиёнро  барқарор кард. 10. Шохобаи дарёи Вахш. 11. Қаҳрамони асари «Самаки айёр». 12. … Азизов, қаҳрамони ҶБВ. 17. Овозхони тоҷик. 18. Генерали рус, сардори музофоти Зарафшон дар соли 1870. 19. Ҳунарманд. 21. Собиқ чемпиони ҷаҳон дар шоҳмот. 22.  Пармагар. 26. … Азиз, овозхони тоҷик. 27. Омӯзгор. 28. Корхонаҷӯ. 32. Рибохӯр. 34. Ровӣ. 35. Умрбод. 36. Шоири асри Х, муаллифи асари «Ятимат-уд-даҳр». 37. Волии Хуросон, ки соли 780 бо қаҳрамони халқи тоҷик Муқаннаъ ҷангид. 
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Қаҳрамони романи Раҳим Ҷалил «Одамони ҷовид». 2. Шоира, таърихнигори истравашанӣ, муаллифи асари «Таърихи муҳоҷирон». 3. Мумфарши рӯйи роҳ. 4. Муҳаммад …, шоири покистонӣ 7. Абуалии …, ҳокими Хуросон дар айёми давлатдории Сомониён. 8. … Утби, вазири Сомониён. 9. Олими сарфу наҳви асри Хl, муаллифи асари «Китоби авомил». 13. … Ғаззолӣ, муаллифи асари «Мақосид-ул-фалосифа». 14. Устоди шоҳи Рим Юлий Сезар дар соҳаи суханварӣ. 15. … Саноӣ. 16. Абунаҷм Аҳмади…, шоири номдори дарбори Ғазнавиён. 19. Ҳисса, меъёри президентӣ барои довталабони мактаби олии тоҷик. 20. Тими футболи Португалия. 23. Радиф, ҳамсафар. 24. Муаллифи асари «Панҷи ноором». 25. Савдо. 29. Роҳбари шӯриши мардуми Бухоро. 30. Саркардаи сулолаи Салҷуқиён, ки ҳокими Хуросон низ буд. 31. Ходими давлатӣ Маҳмадулло …, ки солҳои 1936-1984 Раиси Президиуми  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 33. … Раҷаб, шоири муосири тоҷик, муаллифи асари «Бӯи замин».
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ,
сокини шаҳри Ваҳдат
 
ҶАВОБИ МУАММОИ «ХАНДА» АЗ 1 АПРЕЛИ СОЛИ 2022
1. Биншин.  2. Назм. 3. Манас. 4. Симоб. 5. Бихандид. 6. Доруст. 7. ТАСС. 8. Синон. 9. Нагиряд. 10. Дилам. 11. Мешуда. 12. Аҳорун. 13. Несин. 14. Нашриёт. 15. Талҳақ. 16. Қайроқум. 17. Майкоп. 18. Пётр. 19. Русӣ. 20. Истеҳзо. 21. Обидпур. 22. Ришнома. 23. Анжелика. 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
САБАҚИ ДИГАР
Барзаговеро, ки чанд лаҳза пеш соҳиби сарватмандаш фурӯхт, бо паҳлавони шамшербадаст ба зӯрозмоӣ бароварданд. Соҳиби қаблии барзагов дар сафи пеш нишаста, ин хунрезии бераҳмонаро тамошо мекард. Дар ҳассостарин лаҳзаи қувваозмоӣ, ки аз бадани барзагов хун мерехту гӯё ба тақдир тан дода буд, пеши соҳиби худ омад ва бо фукаш ӯро навозиш кард. Ин манзара барои ҳазорон тамошобин риққатовар буд, вале ҷонвари бечора аз куҷо медонист, ки соҳибаш ӯро аллакай фурӯхтааст.
Яке аз рӯзномаҳои испанӣ аз ин манзараи ҳузнангез чунин хулоса кардааст: «Дар дунё ваҳшии бераҳмтаре аз инсон нест!».
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ТАВСИЯ
ПАЗИРЕД, КИ ЗИНДАГӢ САҲНАИ БУРДУ БОХТ АСТ
Нагузоред, то тарси пешпохӯрӣ ва чолишҳои мавҷуда шуморо дилсард кунад ва ба самти танбалӣ барад. Зиндагӣ дар миёни гулистон ва бистаре пур аз накҳат танҳо замоне мумкин аст, ки баҳои он пардохта шавад. Аз «минтақаи амн»-и худ хориҷ шавед. Ва дақиқан донед, ки дар ҳоли хуруҷ аз «минтақаи амн» ноилоҷ бархе дардҳо ва талхиҳоро таҷриба мекунед. Чун ҳеҷ чиз бидуни талош ба даст намеояд ва ин расми рӯзгор асту онро бояд пазируфт.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
12. НИК ВУЙЧИЧ
Вақте Ник тавал-луд мешавад, пада-раш ӯро дида, аз тарси он ки мабодо аз ҳуш меравад, зуд ба берун мебарояд. Момодоя ҳам дар ҳолати шок буд, зеро тифли навзод на даст дошту на по. Дар шакли пай дар пои чапаш панҷаҳаке дошту халос. Бо вуҷуди ин, чун нахустфарзанд буд, волидайн кӯшиданд, то ӯро ба мактаби муқаррарӣ қабул намоянд. Вале Ник дар муҳите, ки ҳама ба ӯ бо ҳайрат менигаристанд, тоқат карда натавонист ва ҳаштсола буд, ки даст ба худкушӣ зад. Худаш нақл мекунад, вақте худро дар вана зери об кардам, пеши назарам модарам омад, ки дар болои ҷисми беҷонам мегиряд. Ӯро, ки бисёр дӯст медоштам, худро кушта натавонистам. Аз ин ба баъд нигоҳи Ник ба зиндагӣ якбора тағйир меёбад. 
Ӯ дарди худро туҳфаи иллоҳӣ дониста, пайи омӯзиш мешавад. Дар як муддати кӯтоҳ бо панҷаи пойи чапе, ки дошт, аввал роҳгардӣ баъд навиштану бозӣ кардан дар компютерро меомӯзад. Дар 19 - солагӣ соҳаи банақшагирии молиявиро дар донишгоҳ аз худ менамояд. Вақте нахустин бор барои 7 дақиқа маъруза кардан иҷозат мегирад, дар дақиқаи сеюм ними толор ба гиря меояд. Аз ин пас, аниқтараш аз 21 - солагӣ маърузахониро дар донишгоҳ ва масҷиду маҳбасҳо самти фаъолияти худ қарор медиҳад. Қудрати худодод, ки дошт, зуд шуҳрати ҷаҳонӣ меёбад. Чун китобҳояш ба забонҳои дигар тарҷума гаштаву ба фурӯш мераванд, ба маъюби миллиондор табдил меёбад. Нақшофарияш дар филми «Сирки шабпаракҳо» ва ҳунарнамоиҳои бешумораш дар шоубарномаҳо ӯро маҳбуби миллионҳо ва сарватманди сатҳи ҷаҳонӣ мегардонад. 
Алҳол Ник дар як сол беш аз 250 маротиба дар тамоми дунё маъруза мехонад ва ҳафтае то 300 фармоиши нав мегирад. Ӯ оиладор буда, соҳиби фарзанд ҳам ҳаст.
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
МЕҲМОНДОРИИ
ДУХТАРАКИ СУРИЯГӢ
Суратгир Рашад Исмибековичи боснягӣ бо беҳтарин расме, ки дар он аҳволи мардуми мазлуми Сурия тасвир шудааст, соҳиби шоҳҷоиза гардид. Акс “Духтарчаи хурди Суриягӣ” ном дорад. Дар он бонуи хурдакаки бегуноҳ суратгири хориҷиро гурусна пиндошта, мехоҳад ӯро меҳмондорӣ намояд.
Дар акс тифл фариштаеро мемонад, ки ҳамаро ба як чашм – чашми некӣ менигарад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
ДОСТОНИ ҒИЖАК
Бинои баландошёна. Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, садои ғижаки ҳамсоя ҳеҷ не, ки ақаллан пасттар шавад. Ниҳоят тоқати соҳибхоназане тоқ мешаваду аз шавҳараш хоҳиш мекунад, ки ягон илоҷашро ёбад. Шавҳари бе ин ҳам мондаву асабӣ барқвор аз дари хона берун мешавад. Ғайриинтизор лаҳзае нагузашта, садои гӯшхарош хомӯш мегардад. Воқеан, айнан дар ҳамин лаҳза  аз поён садои нолише нимшунаво ба гӯш мерасад, вале зани хона дигар ба он аҳамият ҳам, намедиҳад. 
- Мардакҷон дили ҳамсояро чӣ хел ба зудӣ ёфтед?
- Дилашро ёфта нашуд, маҷбур ғижакашро аз балкон ҳаво додам.
- О аз поён садои нолиш ба овози ғижак монанд набуд - ку.
- Айби ман чӣ? Ӯ худаш, мемираму ғижакамро сар намедиҳам гуфт. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ
СОҲИЛИ ПЛАЯ ОСТИОНАЛ 
Соҳили Плая Остионал  дар Коста – Рика ҳар сол аз ҳазорҳо сангпушт пур мешавад. Азбаски ин  минтақа ҳамчун яке аз ҷойҳои тухмгузории ин ҷонварони нодир ба ҳисоб меравад, ҳамчун боғи миллӣ таҳти ҳимоя қарор дорад. Ҳамасола ҳазорон сайёҳ омада, соҳили саршор аз сангпуштҳоро тамошо мекунанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
МАВЗЕЪҲОИ ДАСТНОРАСИ САЙЁҲӢ
ИЛЛОККОРТООРМИУТ, ГРЕНЛАНДИЯ
Масоҳати Гренландия, бузургтарин ҷазира дар ҷаҳон, 2 130 800 км2 буда, аҳолиаш 57 ҳазор нафар мебошад. Аз ҳама дастнорастарин нуқтаи он шаҳраки Иллоккортоормиут мебошад. Ба он ҷо метавон танҳо тавассути тайёра (ду маротиба дар як ҳафта), чархбол ё заврақ дар чанд моҳ рафт. Шумораи аҳолии шаҳрак 452 нафар аст. Сокинон аз ҳисоби шикори хирси қутбӣ, наҳанг ва моҳии шимолӣ (палтус) зиндагӣ мекунанд. 
Иллоккортоормиут соли 1925 аз ҷониби Эйнар Миккелсен ва 70 муҳоҷири киштии «Густав Холм» таъсис дода шудааст. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
ХАСИСТАРИН ОДАМИ ДУНЁ 
Агар мепиндоред ва ҳам мегӯед, ки хасистарин кас Қориишкамба аст, хато мекунед. Не, ин «унвон»-ро Генриета Хоулэнд расман ба худ касб кардааст. Ному насаби ин бонуи амрикоӣ, ки бо лақаби «Аҷузаи Ню-Йорк» машҳур мебошад, ҳамчун хасистарин одами дунё дар Китоби рекордҳои Гиннесс сабт мебошад. Аз ӯ ба ду фарзандаш 4 миллиард доллар мерос мондааст. 
Генриета ҳатто дастпоккунакҳои коғазиро намепартофт. Бо усули махсус онро тоза карда, аз нав истифода мебурд. Наврасию ҷавонии худро бо як курта, як пойафзол ва як кулоҳ паси сар кардааст. Вақте пойи писараш ҷароҳат мегирад, ӯро дар бемористони оилаҳои нодор мехобонад, ки дар натиҷа як пояшро аз даст медиҳад.
Генриета соли 1916 дар 81 - солагӣ аз сактаи дил чашм аз олам пӯшид.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
ТАРАБХОНАЕ, КИ ХӮРОКАШ ДАР 15 СОНИЯ ПЕШАТОН МЕРАСАД
Дар Мексика тарабхонае вуҷуд дорад, ки ба муштариён дар фурсати бисёр кӯтоҳ хизматрасонии беҳтаринро анҷом медиҳад. Яъне, дар 13,5 сония хӯрок ва нӯшокии дархостшуда рӯйи миз мерасанд.
Ин тарабхона «Karne Garibaldi» ном дошта, соли 1996 ба Китоби рекордҳои Гиннесс шомил шудааст.
Пешхизматон барои он ки дар 15 сония хӯрокро аз ошпазхона то ба муштарӣ расонанд, аз санҷиш мегузаранд ва барои ин пайваста тамрин мекунанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ФИРЕБҲОИ ИҚТИСОДӢ
ДАР ҲАР БОВАРЕ ХАВФИ ФИРЕБ АСТ 
Солҳои шастуми асри гузашта соҳибкори амрикоӣ Энтони Де Анжелис корхонаи равғани рустанӣ дошт, ки Амрикоро бо ин маҳсулот таъмин мекард.  Аз ӯ ширкату корхонаҳои зиёд маҳсулот мехариданд ва тули солҳо ба шаффоф будани кораш боварӣ ҳосил шуда буд. Аммо баъдан  фаъолияти ширкати бузург рӯ ба касодӣ оварду соҳибаш аз бонк қарз гирифтан хост. Де Анжелис бо суиистифода аз бовари бонкҳову ширкатҳо  ва донишҳои  фанни физика ба фиреби моҳиронае даст зад, ки бо ин амал лақаби «Шоҳи амрикоии равғани зайтун» - ро гирифт. Ӯ дар систернаҳои калони пури об каме равған рехт. Вақте равған болои об баромад, систернаҳоро пур ва дорои миллионҳо литр равған ба ҳайси гарав гузошт. Дар натиҷа, соҳибкор тавонист, ки 175 миллион доллар қарз бигирад. Ҳангоме соли 1968 номбурдаро бо ҷурми қаллобӣ боздошт намуданд, аллакай,  бонк  ва ширкатҳое, ки саҳмияҳои Де Анжелисро доштанд,  пурра касод шуда буданд. 
 
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
 
 
 
НАВИШТАЕ БАРОБАРИ ЯК КИТОБ 
Дар пештоқи Донишгоҳи Стелленбоси Африқои Ҷанубӣ лаҳвае бо чунин навиштаҳо овезон аст:
«Барои маҳв кардани миллат бомбаи атомӣ ва ё мушакҳои дурпарвозкунанда лозим нест. Танҳо сифати таълимро паст карда, ба тақаллуб дар илм роҳ диҳед, кофист. Дар натиҷа: - беморон аз дасти табибони бесавод мемиранд;
- биноҳо аз дасти меъморони беҳавсала фурӯ мераванд;
- маблағҳо аз дасти иқтисодчиёну муҳосибони бетаҷриба ба бод мераванд;
- адолат аз дасти полиси бевиҷдон нест мешавад».
 
Таҳияи Мунисаи РАҲИМ
 
 
ДУ ПАНД
Ҳар инсон муртакиби иштибоҳ мешавад, аммо фақат инсонҳои аҳмақ иштибоҳи худро такрор мекунанд.
 
* * *
Дар мавриди ҳеҷ чиз аз рӯйи зоҳир қазоват накун. Мор ҳар чӣ қадар зеботар, неши он кушандатар.
 
Таҳияи А. РАҲИМ
 
 
ХИСЛАТИ МИЛЛИОНДОРҲО МУАЙЯН ШУД
Дар як таҳқиқот 1100 миллиондор бо дороии 4 миллион евроӣ дар бораи шуғл, даромад, саломатӣ, қаноатмандиашон аз зиндагӣ ва ҷанбаҳои дигари ҳаёт гузориш доданд. 
Маълум гардид, ки миллиондорҳо экстраверт, яъне инсонҳои дорои эҳсосоти устувор буда, нисбат ба касони муқаррарӣ бештар ба хатарҳо таҳаммулпазир мебошанд ва, ҳамзамон, бовиҷдонанд. Миллиондорҳо омодаанд таваккал кунанд ва масъулиятро ба дӯш гиранд.
Муҳаққиқон чунин хулоса карданд:  одамони сарватманд ба равандҳои қабули қарорҳо дар ҷомеа таъсири махсус доранд, аз ин рӯ, шахсияташон махсус аст.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК
 
 
БОВАР МЕКУНЕД!?
* Пикассоро ҳангоми таваллуд мурда пиндоштаанд.
* Калонтарин ҳаққи қаламро бори нахуст Ҷуля Робертс ҳунарманди амрикоӣ гирифтааст, ки 20 млн доллар буд.
* Генри Форд, ки соҳибкори муваффақи ҷаҳонист, маълумоти миёнаи таҳсилот дорад.
* Малика Анна модари 17 фарзанд буд.
* Мотсарт то 35- солагӣ 600 асари мусиқӣ эҷод намуд.
* Бред Пит, ҳунарманд ва продюсери машҳури Амрикоӣ, лауреати  «Глобуси тиллоӣ» ва барандаи ҷоизаи «Оскар» аввалин  нақшашро дар кӯча бо либоси «чӯҷа» бозидааст.
* Чайковский маълумоти ҳуқуқшиносӣ дошт.
* Парчами миллии итолиявиҳо маҳсули андешаи Наполеон Бонапарт аст. 
 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
13 МЕТР 
БАЛАНДИИ КАЛОНТАРИН ЯХМОС
Калонтарини яхмос дар дунёро дар шаҳри Глоусестеи ИМА омода сохтанд. Вазни он 2204 фунт ва дарозияш 13 метр буда, барои бурдани он мошини боркаш даъват карданд. 
Ширкати машҳури «Wall’s» ин яхмосро 1 моҳ ях баста, бо қулфинай ва бо хокаҳои шоколадиву мевагӣ оро додаанд. Барои гирифтани он нардбон ҳатмист. 
Тарҷумаи 
Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИИ ПУРҚУДРАТИ ҶАҲОН
ШИРКАТИ МИЛЛИАРДДОР
Дар ин рубрика хостем оид ба  маъруфтарин ва пурқудраттарин ширкатҳои ТИ ба хонанда иттилоъ диҳем.
Del Technologies яке аз ширкатҳои фоидаовартарин ба шумор меравад. Даромади солонааш 105,2 миллиард доллари ИМА буда, шумораи кормандонаш ба 15800 ва истифодабарандагонаш ба 10 млн нафар мерасад. 99 дарсади ширкатҳо аз рейтинги “Fortune 500” бо ин “айти”-и бузург ҳамкории зич доранд.
Del соли 1984 аз ҷониби Майкл Дел донишҷӯи 19 - сола, ки ҳадафи асосиаш фурӯши компютерҳои дорои конфигуратсияҳои мутобиқшавӣ буд, таъсис ёфт. Ширкат дар 180 кишвар филиалҳои худро дошта, 3 идораи марказии он дар Раунд Рок, Техас ва ИМА ҷойгир аст.
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
 
БЕРУН АЗ СИЁСАТ
ЙОГА - МАШҒУЛИЯТИ ПУРСАРУСАДОИ
САРВАЗИРИ ҲИНДУСТОН
Аз чеҳраҳои шавқовар-тарини сиёсати ҷаҳон Нерендра Модӣ, Сарвазири 72-солаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, мебошад, ки бо кунҷковӣ, серғайратӣ ва неруи воло аз дигарон фарқ мекунад.
Номбурда пеш аз интихобот (2014) бо мардуми 1,5 миллиардаи Ҳиндустон 440 вохӯрӣ гузаронд. Дар чунин вохӯриҳо, ки садҳо ҳазор шаҳрвандро фаро мегирифт, соатҳо аз баландгӯяк сухан гуфта, бо онҳо саволу ҷавоб кард.
Боре ногаҳон даъвати вазири кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар Раҷвардхон Сингхро дар Twitter пазируфта, навори бо йога машғул шуданашро ба тамошо гузошт. Ин навор тамошои миллардҳо нафарро дар пай дошт ва Сарвазирро боз ҳам маъруфтар кард.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ГУРБАИ ЗАНГӮЛАДОР
Шахси соҳибмансаб гурбаи зангӯладорро мемонад, тамоми мушон медонанд, ки кай куҷо меравад ва чи кор мекунад.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
ИСААК НЮТОН
Исаак Нютон аз кӯдакӣ чандон саломатии хуб надошт, бештари вақт танҳо менишаст ва ба хондани китоб машғул мешуд. Модараш мехост дар баробари таҳсил, ба корҳои хоҷагӣ низ ёрӣ расонад, вале омӯзгорон аз шогирди боистеъдод ҳимоя намуданд, то ки пайваста биомӯзад. Баъд ӯ донишҷӯи Кембриҷ шуд.
Натиҷаи корҳои илмии ин олим, аз ҷумла назарияи ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ, қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ, 3 қонуни механикаи классикӣ, гипотезаи Замин, ки на чандон доирашакл аст, инкишофи низоми илмӣ дар мисоли оптика, омӯзиши суръати садо дар ҷаҳон бесобиқаанд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2022    №: 68    Мутолиа карданд: 2540
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед