logo

иқтисод

ШАҲРИНАВ. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД

 
Имрӯзҳо дар доираи нақшаҳои бузургу созандаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барномаҳои зиёд тарҳрезӣ ва марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд. Ин аст, ки ба монанди дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав низ тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба таври чашмрас пеш рафт. Симои маркази ноҳия, хусусан давоми соли сипаришуда, хеле дигаргун гашт ва бунёди иншооти маишию инфрасохтории зиёде сурат гирифт, ки ба он ҳусни тоза бахшиданд. 
 
ИСТИҚБОЛИ САМИМӢ АЗ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР
Ҷаббор Носирзода, раиси ноҳияи Шаҳринав, иброз дошт, ки бо ибтикори хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон корҳои ободонию созандагӣ рӯз ба рӯз ривоҷи тоза мегиранд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки замони  соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди кишвар давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. 
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва истиқболи арзандаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ соли гузашта бунёду ба истифода додани 447 иншоот ба нақша гирифта шуд ва бо таъсиси 1277 ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ин теъдод 10 иншоот аз ҷониби мақомоти давлатӣ сармоягузорӣ шуда, 318 иншоот аз тарафи соҳибкорон ва 119 иншоот бо ҷалби аҳолӣ бунёд гардид. Аз маҷмуи иншооти сохташуда ба соҳаҳои маориф 46 адад,  тандурустӣ 44, фарҳанг 10, саноат 19, кишоварзӣ 32, варзиш 28, нуқтаҳои хизматрасонӣ 192, таъмиру барқарорсозии пулҳо 12 ва дарвозаҳои замонавӣ, биноҳои маъмурӣ, иншооти пасобтозакунии марказӣ ва хатҳои оби ошомиданӣ  64 адад рост меояд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти пасобтозакунии ноҳия ба анҷом расонда шуд, ки он солҳои тулонӣ яке аз проблемаҳои асосӣ маҳсуб меёфт.  
Зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳия 8 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла корхонаи муштараки мебелбарории «Марва мебел», боғи интенсивии ҶДММ “Кишоварз”, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18, Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия, маркази ташхиси табобатӣ - ҶДММ «Муҳаммадҷон», боғчаи кӯдаконаи «Назокат» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 
 
ММД  113 ДАРСАД ТАЪМИН ГАРДИД
Дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия 666 миллиону 590 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 113 дарсад  баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 114, кишоварзӣ 113, сармоягузорӣ 114, гардиши савдои чакана 115 ва хизматрасонии пулакӣ 101 дарсадро ташкил менамояд.
Бо мақсади рушди бомароми соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт  «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025» таҳия гардид, ки аз 190 лоиҳа иборат мебошад. Иҷроиши лоиҳаҳо, дар умум, 35 миллиону  522 ҳазор сомонӣ (9,3 дарсад) таъмин гардида, аз фаъол будани бахши соҳибкорӣ, шаҳрвандон ва маблағҳои худии аҳолӣ дарак медиҳад.
Ҷиҳати рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад, шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ ба 2901 адад расонда шуд, ки нисбат ба соли пешӣ 83 -то зиёд мебошад. Аз теъдоди умумии субъектҳои соҳибкорӣ 587 адад бо патент ва 347 адад бо шаҳодатнома фаъолият намуда, 1695 - тои онро хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва 272- тоашро  шахсони ҳуқуқӣ ташкил менамоянд. 
 
СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Кишоварзӣ  аз бахшҳои манфиатбахш ва пешбарандаи рушди иқтисодиёти ноҳия маҳсуб меёбад. Кишоварзон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии ноҳия ба маҳсулоти хушсифат фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ин аст, ки фаъолияти истеҳсолии кишоварзон давра ба давра меафзояд ва ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 439 миллиону 212 ҳазор сомонӣ (110,8 дарсад) баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 323 миллиону 653 ҳазор сомонӣ (8 дарсад) ва  маҳсулоти чорводорӣ 119 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (119,4  дарсад) - ро ташкил намуд. Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ҳудуди ноҳия бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони умумии 12414 гектар кишти зироат гузаронданд. 
Дар ин давра ба миқдори 8055 тонна мева истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба соли муқоисавӣ 628 тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла,  ба миқдори 9623 тонна ангур ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли пешӣ 2514 тонна зиёд аст. Дар маҷмуъ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 20,3 ҳазор тонна ғалладона, 806 тонна зағир, 6,1 ҳазор тонна картошка, 70,9 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол гардидааст. Дар ин давра барқароркунии боғу токзор дар майдони 19 гектар (аз он 12 гектар боғ ва 7 гектар токзор) ба анҷом расонда  шуд. 
Дар ҳудуди ноҳия ҷиҳати кам кардани талафот ва нигоҳдории меваю сабзавот 7 сардхонаи замонавӣ бунёд шудааст, ки ғунҷоишаш зиёда аз 2360 тонна маҳсулоти кишоварзиро ташкил медиҳад ва барои дар тамоми фаслҳои сол бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин намудани аҳолии кишвар ва хориҷи он мусоидат мекунанд. Масоҳати умумии гармхонаҳо дар ноҳия 6,71 гектарро ташкил менамояд, ки дар 4,73 гектари лимӯ ва 1,98 гектари он сабзавот парвариш мешавад. Дар ин давра ба хориҷи кишвар 6612 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 2762 тонна пиёз, 273 тонна гелос, 3218 тонна ангур ва 359 тонна хурмо содирот шуд. 
 
РАВАНДИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР 
Саноатикунонии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии кишвар ба шумор рафта, рушди соҳа барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши бузург дорад. То имрӯз дар ноҳия теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ ба 18 адад расонда шуд, ки онҳо, асосан, дар самти истеҳсол ва коркарди нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафт, оҳан ва маводи сохтмонӣ фаъолият менамоянд. Дар соли гузашта корхонаҳои саноатӣ бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 37 миллиону 370 ҳазору 400 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ  7 миллиону 976 ҳазору 300 сомонӣ (127,9 дарсад) зиёд мебошад. Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ҶСК “Шаҳринав”, ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди ҶДММ “Сангрезаи Шаҳринав”, “ИИАС Шаҳринав”, “Баракат”, “Сафо-2015”, “Ғафур Пласт”, “Ёқубҷони Наврӯз”, “Орди Шаҳринав”, “Капитал”, “Баракати Шаҳринав”, “Алюмин Сервис”, “Ихлос”, “30 - солагии Истиқлолият”, “Оҷур” ва “Мурғи Чептура”  фаъолиятро мунтазам ба роҳ монда, дастовардҳои хуби истеҳсолӣ нишон доданд.
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022–2026 - Солҳои рушди саноат ҷиҳати  вусъат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоту хизматрасониҳои рақобатнок ва ба содирот нигарондашудаю  ивазкунандаи воридот ва дар ин замина, афзудани ҷойҳои нави корӣ,  иҷрои уҳдадориҳо дар назди Буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Чунончи, Сарвари давлат таъкид доштанд: “Ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонда, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад”. Барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ашхоси масъул талош доранд, ки бо масъулияти том ва ҳисси баланди меҳандӯстӣ дар ин раванд саҳмгузор бошанд. 
 
ҲАЛЛУ ФАСЛИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР РӮЗҲОИ ҚАБУЛ 
Ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра 2555 нафар шаҳрванд ба таври хаттӣ муроҷиат намудааст, ки  тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунанда дархосташон ҳаллу фасл шуданд.  Муроҷиатҳо доир ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла  оид ба ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ 205 адад, вобаста намудани замини наздиҳавлигӣ 695, сохтмон 158, иваз намудани ному насаб 187, таъсис додани хоҷагии деҳқонӣ 294, ташкил намудани хоҷагии ёрирасон,  сафари ҳаҷ 25, баҳсҳои оилавӣ ва ҳамсоягӣ 69, ёрии моддӣ расондан 49, қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта 112, гирифтани замини чарогоҳ 51, сохтмонҳои ҷашнӣ 155, масъалаҳои кадрӣ 120 мебошанд. 
Бино ба иттилои раиси ноҳия, аз 2555 ариза талаботи 2157 ариза қонеъ гардонда шуд. Дархости аризаҳои боқимонда низ дар марҳилаи иҷро қарор доранд. Аз маълумоти мавҷуда бармеояд, ки аксар муроҷиати шаҳрвандон доир ба ҳуҷҷатгузорӣ кардан, яъне бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин намудан ва гирифтани замини наздиҳавлигӣ мебошад. Муроҷиатҳои воридшуда дар ин самт аз ҷониби масъулон дар муҳлати муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, талаботи онҳо бо назардошти имкониятҳои мавҷуда қонеъ мегардад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2022    №: 69    Мутолиа карданд: 1175
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед