logo

иқтисод

ПАХТАКОРӢ – САРЧАШМАИ РУШДИ САНОАТИ МАМЛАКАТ

Зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ баробари фаровонии бозори истеъмолӣ, ҳамзамон, аз лиҳози таъмини ашёи хоми маҳаллӣ барои рушди саноати миллӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.  Яке аз зироатҳои пурманфиат пахта мебошад, ки барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, хосса пахтатозакунӣ, равғанкашиву истеҳсоли хӯроки чорво, коргоҳҳои собунпазӣ роҳи васеъ кушода, барои рушди  нассоҷиву дигар соҳаҳои саноати сабук ҳамчун ашёи хоми пурқимат нақши бориз мебозад. 
Аз он ки  рушди босуръати саноат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат эълон шуд, равнақ бахшидани соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, аҳамияти бузург касб намудааст. Ба кишоварзон, пеш аз ҳама, зарур аст, ки фаъолияти худро самаранок, яъне бо усули интенсивӣ ба роҳ монанд. Аммо дар соҳаи пахтакорӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон - минтақаи калонтарини кишоварзии мамлакат, барои афзоиши истеҳсоли пахта ва коркарди он масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҳам зиёданд.  
Фарухиддин Набиев, сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, гуфт, ки соли гузашта  дар вилоят 121 ҳазору 236 гектар кишти пунбадона гузаронданд, ки бинобар норасоии оби полизӣ  3 ҳазору 264 гектар кам мебошад.  
- Аз майдони умумии кишти пахта, 270 ҳазор тонна пахта  ҷамъоварӣ шуда, ҳосилнокӣ  аз ҳар гектар  ба 22 - сентнерӣ  рост меояд. Ин дар соҳаи пахтапарварӣ нишондиҳандаи хеле паст маҳсуб мешавад. Вазорат дар  якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ,  олимони АИКҶТ ва ниҳодҳои масъул дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаро, дар майдони 186 ҳазор гектар барои соли 2022 ба нақша гирифтаанд, ки  124 ҳазор гектари он ба вилояти Хатлон рост меояд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои агротехникӣ ба роҳ монда шудаанд. 
Мутобиқи таҳлилу таҷрибаи бадастовардаи олимони соҳа ва деҳқонони варзидаи ҷумҳурӣ, сатҳи даромад аз кишти пахта низ яке аз масъалаҳои меҳварии рушди соҳа мебошад. Масалан, даромади соли гузашта аз пахтапарварӣ деҳқононро бовар кунонд, ки аз як гектар пахтазор даромади хуб гирифтан мумкин аст, - афзуд ӯ. 
- Дар ин давра аз сабаби боло рафтани арзиши пахта  деҳқон аз кишти он фоида дид, ки барои кишти бештари он имсол  ҳавасманд шуд. Яъне,  деҳқон вақте фоида мебинад, барои кишти дилхоҳ маҳсулот  ҳавасманд мегардад. Дар ин ҳолат, фаровонии пахта ҳамчун ашёи хом ба пешрафти  саноати сабуки кишвар мусоидат менамояд.  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ  кишти самараноки заминҳоро зикр намуда, таъкид доштанд, ки дар масъалаи интихоби тухмии босифат диққати ҷиддӣ дода шавад, - иброз дошт Музаффар Мирзоев, муовини якуми  вазири кишоварзии мамлакат. 
Ба гуфтаи номбурда, ҳоло мутахассисон дар масъалаи боло бурдани ҳосили пахта  ва интихоби тухмиҳои баландсифат кор мебаранд, зеро имкони васеъ намудани заминҳои кишт хеле маҳдуд аст. Дар майдонҳои мавҷуда ҳосилнокиро бояд афзуд. Соли гузашта дар ноҳияи Ашт аз ҳар гектар 31 сентнер ҳосил ба даст омад.  Агар ин таҷриба дар манотиқи дигари ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад, зиёда аз 10 дарсад ҳаҷми истеҳсоли пахта меафзояд. Масъалаи дигари ҳалталаби бахши пахтакорӣ дастрасӣ ба нуриҳои минералист, ки ҳоло ба куллӣ воридотианд.  Якбора боло рафтани арзиши нуриҳои минералӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ин сабабҳои объективӣ дорад. Масалан, корхонаҳои истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ бо газ кор мекунанд ва  боло рафтани қимати газ ба боло рафтани арзиши нуриҳои минералӣ сабаб мешавад. Агар арзиши аслии нуриҳои минералӣ дар ҷаҳон гарон шавад, албатта,  таъсирашро ба маҳсулоти истеҳсолшаванда, хусусан ба пахта мегузорад, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ имкони дастрасии онро надоранд.  Аммо раванде, ки дар соли 2021 буд, яъне дар масъалаи нархи фурӯши пахта, мо бовар дорем, ки деҳқонон аз кишти он зарар намебинанд.  
Имсол аз нақшагузориҳо аён аст, ки дар баробари майдони кишти ин зироати муҳими хоҷагии халқ майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ низ васеътар мегардад.  Ба ин хотир, бино ба тавсияи коршиносони соҳа, аз имрӯз омилҳои фаровонҳосилӣ, аз қабили шудгори саривақтӣ, захираи тухмии босифат, киштгардонии дувоздаҳмайдонаи зироатро бояд ба нақша гирифт.
Пахта ҳамчун зироати техникӣ ба шумор рафта, дар таъмини аҳолӣ бо равған, хӯроки чорво бо кунҷора ва нах барои корхонаҳои саноатӣ  ба   рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд. Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дурнамои кишти пахтаро дар майдони 186 ҳазор гектар ба нақша гирифтааст.  
- Дар ҷумҳурӣ 190 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ  фаъолият менамояд, аммо дар бахш ва идораи кишоварзии шаҳру ноҳияҳо 3 - 4 агроном фаъолият дорад,  ки ҳамаи онҳо ба тамоми хоҷагиҳо дастрас буда  наметавонанд, - изҳор намуд Фарухиддин Набиев. 
Аз ҳолати аграрӣ – саноатӣ гузаштан ба кишвари саноатӣ - аграрӣ на ба мақсади коҳиш додани соҳаи кишоварзӣ, балки рушди саноат бо истифодаи маҳсулоти худӣ аст, ки ин самараноку оқилона истифода бурдани имкониятҳои мавҷударо аз кишоварзон тақозо менамояд. 
 
Нигина РАҲМОН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2022    №: 69    Мутолиа карданд: 1321
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед