logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРӢ

 
Мардуми шарифи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияро қабул намуданд.
Он, воқеан, санади таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат мебошад. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати муҳим муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонд. Ин санади тақдирсоз Истиқлоли давлатии мамлакатро аз лиҳози ҳуқуқӣ, расмӣ ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият бар дӯши давлат вогузор намудааст ва ин дар маҷмуъ, барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ин росто, аввалин маротиба дар таърихи сиёсии мамлакат дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Ин меъёри демократӣ дар моддаи нуҳуми Конститутсия ба таври зайл муқаррар карда шудааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Маҳз қабули Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар мамлакат замина гузошта, ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва дар ин замина бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Суди конститутсионӣ,   судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ  таъсис дода шуданд.
Боби ҳаштуми Конс-титутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст.
Дар шароити кунунӣ мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа торафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳоро таъмин менамояд.
Бо мақсади тақвияти   ҳокимияти  судӣ, содагардонии   ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши  суд дар ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои   инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини  қонунияту  адолат  ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии мамлакат бо фармонҳои Президент   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  чор барномаи ислоҳоти  судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ гардиданд.
Пешрафти ҳаёти ҷомеа ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат тақозо намуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шаванд. Аз ин рӯ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсӣ се маротиба - 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид гаштанд.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат кард. Аввалин маротиба дар мамлакат парлумони касбии иборат аз ду Маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт, ҳамчунин, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.
Бинобар ин, моро мебояд, ки ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ ва меъёрҳои онро, ки барои  рушду  суботи  кишвар  равона  шудаанд, риоя  намоем.
 
Шоҳин ВАЛИЗОДА,
ёрдамчии судяи Суди конститутсионии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2022    №: 69    Мутолиа карданд: 2706
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед