logo

Хабарҳо

ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Ҳамасола дар ҷумҳуриамон фестивалу озмунҳои гуногун баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Файзи истиқлол», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»   баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи таърихӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа мебошад. Натиҷаи озмуну фестивалҳои мазкур исбот намуд, ки, дар ҳақиқат, насли навраси тоҷик мисли гузаштагони хеш китобдору китобхон мебошад.
Чунин фестивалу озмунҳо маҳз бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд. Онҳо аз шаҳру ноҳия ва вилоятҳо оғоз гардида, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мешаванд. Дар натиҷа, беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ гардида истодаанд. 
Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»  дар Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Хуҷаста бод, истиқлол!» бо иштироки адибону олимон, тарбиягирандагони муассисаҳои таълимиву кӯдакистонҳо ва васоити ахбори омма баргузор гардид. Он бори дигар нишон дод, ки ҳанӯз ҳам ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, ба илму адаб арҷу эҳтиром мегузорад. Саҳни ҳавлии театр ба тариқи идона оро дода шуда, дар он намоишгоҳи китобҳои адибони классику замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи наврасону кӯдакон ташкил гардид.
Дар қисмати тантанавӣ намояндагони аҳли фарҳанг суханронӣ намуда, аз эҷодиёти шоирону адибон ҳарф заданд. Пасон, наврасону кӯдакон аз китобҳои мутоилакардаи худ порчаҳо қироат намуда, дар васфи модар ва Ватан шеъру сурудҳо хонданд. 
 
Фарҳод МАДАМИНОВ, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2468
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед