logo

Хабарҳо

Баррасии масоили таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ

 
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон ва ҳайати ҳамроҳонаш вохӯрд, - хабар дод Вазорати корҳои дохилӣ.
Ҷонибҳо таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор дода, зимнан ба вазъи кунунии Афғонистон ва густариши мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии буҳрони башардӯстона дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
 
 
 
Ҷаласаи иттилоотии Тоҷикистон оид  ба ду конфронси муҳим марбут ба об
Дар шаҳри Женева бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд вобаста ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) ва Конфронси СММ доир ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар он намояндаи доимии Тоҷикистон Ҷамшед Ҳомидов ва роҳбари котиботи конфронс Султон Раҳимзода сухан ронданд. 
Ҷамшед Ҳомидов зарурати ҳамкории кишварҳои ҷаҳонро дар соҳаи пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъкид намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ-2023 дар бораи Конфронси дуюми Душанбе маълумот пешкаш кард.  
 
 
 
Хонандаи тоҷик - соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи як миллион доллар
Алишер Қосимов, хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд соҳиби шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ гардида, имкони идомаи таҳсил дар яке аз ҳашт донишгоҳи бонуфузи Амрико ва Швейтсарияро ба даст овард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Алишер Қосимов дар чанд озмуни донишгоҳҳои ИМА ва Швейтсария иштирок намуда, соҳиби шоҳҷоиза шуд ва якбора ҳашт донишгоҳ аз Амрико ва Швейтсария бо ирсоли мактуби расмӣ омодагии худро ба қабули хонандаи тоҷик тариқи буҷетӣ эълон намуданд.
Донишгоҳҳои зикршуда ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомиланд ва 5 соли омӯзиш дар онҳо аз 80 то 170 ҳазор доллар арзиш дорад.
 
 
 
Ҳушдор! Эҳтимоли омадани сел
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик бинобар баланд шудани ҳарорат дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қисми ғарбии ВМКБ ва навоҳии кӯҳии вилояти Хатлон хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз ҳар гуна сафарҳои безарурат, ғунучини занбурӯғу гиёҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд. Чарондани чорво низ дар наздикиҳои рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ва кӯлҳо маслиҳат дода намешавад. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед