logo

фарҳанг

АЗ ПАЗИРОӢ ТО МЕҲМОННАВОЗӢ

Ман бо амри сарнавишт тобистони соли 1957 дар Ховалинг бо Давлат шинос шудам. Ҳар ду даҳсола будем. Ростӣ, ки ин рафтан ба Ховалинг пас аз кӯчидани хонаводаамон аз деҳаи Шикоргаҳ (баҳори соли 1953) аз ночорӣ буд. Падарам бар асари гармои шадид ва табдили обу ҳаво дар деҳаи Кадучӣ гирифтори бемории сахти бардавом шуда, магар дасту дил аз зиндагӣ шустанд, ки пешниҳоди амакзодааш Давлати Донаро (човандози машҳур) пазируфта, шояд барои дар зодгоҳ ҷон додану дар мазори Хоҷаи Сабзпӯш манзили охират ёфтан дар болои мошини «самосавал» ҷон дар кафи даст аз роҳи ноҳамвору пурхок ба Ховалинг рафтан розӣ шуданд. Падар маро чун қуввати дил ё дастёр ҳамроҳ бурд. Мо аввал, ба қавли куҳансолони он замон дар шаҳр, дар хонаи аммаи Зебо ва амаки Абдулҳай, - яке апа, дигаре додари падарам, - «хайма» задем. Ин хона дар гузари Сари Мазор, ки ба маркази ноҳия пайванд аст, ҷо дорад. Ҳамсояҳо шиносҳои дерини падарам раиси Сафаралӣ Қодир, акаи Саидҷаъфар, Санги Умар, бобои Ашур, Шоҳи Назрӣ, усто Фатҳиддин, мулло Гадо аз омадани падарам ва беморияш огоҳ шуда, аз рӯйи анъана гоҳ-гоҳ ба ҳолпурсиву дидорбинӣ меомаданд ва сари як пиёла чой бо суханҳои самимӣ занги дил мешустанд. Аммо дар ёди ман раиси Сафаралӣ ва писараш Давлат бештар нақш бастааст. Гап сари ин, ки он сол раиси Сафаралӣ ҳам ранҷур, ё ба қавли ховалингиҳо ҳучбемор буду хонанишин. Барои марде, ки солҳо роҳбар буду дар байни мардум ва аз субҳ то шом дар саҳро мегашт, ҳам ноҷӯрии саломатӣ, ҳам бо сад фикру хаёл мудом дар бистари беморӣ хобидан, бешак, азиятовар буд. Падари ман ҳам аз дарду коҳидани бадан ва камқувватӣ, дурии хонавода дилтанг, гоҳе бо асо то сояи дарахтон мерафт. Бегоҳ ба ман мефармуд, ки рафта аз чашмаи момаи Сарварбӣ (модари Талбак) ё чашмаи бобои Ашур об биёрам. Мӯйсафед, ки дар водии гарму тафсони пурпашша дар авҷи беморӣ бо ҳасрат оби чашмаҳои зодгоҳро ёд мекард, акнун мехост, ки тасфи дилу ҷигар бо оби зулолу хушгувор шиканад. Ман офтоба ё сатиле дар даст аз пайроҳаи байни шиғҳо гузашта, барои овардани об мешитофтам. Он замон атрофи хона ва боғи мардум бештар шиғбанд буд. Ҳавливу боғҳои сарсабзу пурмева, палҳои пиёзу гашнич,  ҷӯяҳои бодирингу  лӯбиё,  ҷувориву  каду,  офтобпарасту лаблабу ва дигар зироатҳо ба чашм мерасиданд. Аммо хона, ҳавлӣ ва боғи раиси Сафаралӣ ба назари ман сабзу дилкаштар менамуд. Боғи онҳоро аз роҳи васеи мошингузар шиғ ва ҷӯйи пуроб ҷудо мекард. Ин оби мусаффо аз чашмаи бузургу муъҷизанамои Хоҷа Айюб омада, аз зери роҳ ба воситаи қубуре гузашта, ба боғи амаи Зебо даромада, лаб - лаби он ҷорӣ шуда, ба ҳотаи дигарон мерафт. Лабмарзаи боғи раиси Сафаралиро сафи ниҳолҳои олуболу, олучаҳои рангоранг, думи рӯбоҳ, куксултон, санҷиду хуч, ғармашҳои сафеду зард ва сурху гулобӣ, гулҳои ишқи печону шому саҳар чун тавора ё девори рангин ҳусн мебахшид. Вале дар байни сафи ин ниҳолу рустаниҳо як дарахти бузурги шоҳисеб мавҷуд буд. Шохҳои баланди дарахт аз пурҳосилӣ сархам болои ҷӯй ва роҳ овезон буданд. Меваҳои пухтаи себ рангу ҳусни дилкаш доштанд; як ним сап-сафед, ними дигарашон суп-сурхи мисли ранги матои шоҳӣ рахшон. Аз вазидани бод меваҳои пухта дам ба дам аз сари шохаҳои ба берун сархам ба болои сабзаҳо ё оби ҷӯю бари роҳ мерехтанд. Хурду калон, ки аз таги себ мегузаштанд, ҳатман хам шуда, ду-се меваи рехтаро гирифта, дар оби ҷӯй шуста, даҳон ширин мекарданд. Меваҳои дарахти шоҳисеби раиси Сафаралӣ қандвор ширин буданд. Ман ҳар боре барои овардани об сӯйи чашмаҳо мерафтам, аз таги ин дарахти шоҳисеб аз меваҳои рехта насиба мегирифтаму якеро дар оби мусаффои ҷӯй шуста, мегазидам. Даҳонам аз шарбати мева пуршаҳд гашта, ҳаловат мебурдам. Баъди даҳ - понздаҳ қадам ба таги тутҳои куҳансоли пушти хонаи раиси Сафаралӣ мерасидам. Панҷ - шаш тана дарахти тути бузургу куҳансоли гуногуннавъи пайвандӣ; рахшак, балхӣ, музаффарӣ, марворид ва сиёҳтут аз ҳамдигар дар масофаи се ё чор метр дур, дар ҷои сурфамонанди сари баландӣ ҷой доштанд. Шохаҳоро меваҳои ҳил-ҳил пухта оро медоданду болои сабзаву себаргаҳои таги дарахтонро тутҳои мастаки рехта рангин мекарданд. Ваҳ, чӣ қадар зебо, чӣ қадар аҷиб. Хам шуда аз болои қолин-сабза тути мастак чида, каф-каф ба даҳон мепартофтам ва шираи гулусӯзро макида, сӯйи чашмаи момаи Сарварбӣ мешитофтам. Падарам интизори об аст. Ва худ ба худ меандешам: шояд гузаштаҳои дури раиси Сафаралӣ, бобову бобокалонаш ин дарахтонро замоне шинондаву сабзондаву пайванд кардаанд, ки роҳгузарон аз шохаҳо меваи дилхоҳи тару тоза бихӯранд ё дар сояи дарахтон, болои сабзаву себарга даме биёсоянд. Аз нек боғ, гуфтаанд. Боз дар дил Давлатро хушбахт мешуморидам, ки писари раису сокини чунин хонаву боғи озодаву пурдарахт аст ва аз чапардариашон барояд, ба ин дарахтони куҳансол рӯ ба рӯ мешаваду чӣ қадаре дилаш бихоҳад, тут мехӯрад. Аз баландии сурфамонанди таги ин дарахтон паҳнои сангов ё чамани шаҳри Ховалинг то Чил Чанор чун дар кафи даст намоён буд. Оби зулоли чашмасорони деҳоти саргаҳи Ховалинг бо ҳам омехта, рӯдҳоро ташкил намуда, дар оғӯши чаманистони шаҳраки Ховалинг шоха-шоха бо «ғазал»-и гӯшнавоз ба поёнҳо ҷорӣ мешуданд. Бачаҳои навраси Ховалинг ҳар тобистон дар рости гузар ё деҳаи худ ба тариқи ҳашар бо чиму санг дар ҷойи дилхоҳ пеши шохобҳо ламба бунёд карда, барои худ ҳавзи оббозӣ месохтанд. Давлату ман бо дигар писарони ҳамсояҳо дар сохтани пурҳангомаи чунин ламба ё ҳавзҳои оббозӣ иштирок мекардем. Баъди калағут ва дасту почак задан ва ба ҳамдигар бо шавқ об пошидан дар ҳавзҳои сохтаамон, болои регзор ё хоки аз нури хуршед гарму тафсон ғелидан ҳузуру ҳаловате дошт беинтиҳо. Лекин хурду бузург ҳангоми ба маркази шаҳр, тамошои Чил Чанор ё бозору магазин рафтан, ноилоҷ аз рӯйи сангпари шохобчаҳо бо эҳтиёт мегузаштанд. 
Рӯзҳои якшанбе гоҳе раиси Сафаралӣ падари маро даъват мекард, ки бо ҳам бозор тамошо бираванд. Ин меҳрубонии раис, ба гумонам, ба хотири аз муҳити хонаву ҳавлӣ берун кашондани мӯйсафеди ранҷур буд. Заҳри одамро одам мегирад ва аз дидору суҳбати сарипоӣ низ дили танг кушода мешавад. Ду пирамарди қадбаланди ранҷуру рангзард, суҳбаткунон пеш-пеш, ману Давлат аз паси онҳо аз болои сангҳои ҷо-ҷо барҷастаи миёни шохобчаҳо бо эҳтиёт паридаву гузашта, бозор мерафтем. 
Бозор он вақт дар сабзазори рӯ ба рӯйи бинои боҳашамати Ҳукумати имрӯзаи ноҳияи Ховалинг баргузор мешуд. Бештар мардону мӯйсафедҳо, ягон-ягон занону ҷавонон аз боғзорони деҳаҳои дурдаст, ки ҳанӯз обод буданд, бо хару асп сабад-сабад мева меоварданд. Онҳо сабаду халтаҳоро саф-саф бар ба бар ниҳода, байни худ суҳбаткунон интизори харидор мешуданд. Вале барои ман аҷибу хотирмон ин буд, ки чун раиси Сафаралӣ ба бозорҷо наздик мерасид, пиру ҷавон ӯро бо эҳтиром пешвоз мегирифтанд. Шахси ба ҳама шиносу азиз. Ҳолу аҳвол мепурсиданд. Яке ба ӯ нашпотӣ, дигаре ангуру шафтолу, яке ноку амруд, дигаре себу олу муроот мекард. Бӯйи хуши шираи меваҳо анбӯҳи занбӯрҳоро ҳам ба бозор меовард. Шояд пешвозгирии самимии фурӯшандаҳо ва манзараи бозор ба Давлат ошно буд, шояд ӯ борҳо чунин манзараи эҳтироми одамонро ба падар дидааст. Лекин ман бо ҳайрату шодӣ ин ҳамаро тамошо мекардам. Раис аз меваҷотҳои бахшидаи қадрдонҳо ягон-ягон мевае гирифта, ба ману Давлат медод, ки даҳон ширин бикунем. Ана ҳамин зайл сайри бозору таги Чил Чанор хуш мегузашт. 
Пас аз чанд сол падари Давлат - раиси Сафаралӣ ба раҳмати Худо пайваст. Давлат ва хоҳаракаш Моҳтовбиро амакашон Саидҷаъфар зери пар гирифт. Соли 1959 мардуми деҳаҳои дурдасти Ховалингро ба водӣ, аз ҷумла ба деҳаи Кадучӣ кӯчониданд. Писартағои раиси Сафаралӣ - Эмом Сафаровро аз деҳаи Хӯҷаи Ғор ба Кадучӣ оварданд. Додари ӯ Раҳмон Назар ҳамсинфи мо шуд. Акаи Эмомро мудири ферма таъин карданд. Ва ӯ бо номи Эмоми мудири ферма машҳур гардид. Ҳамсари акаи Эмом бо бародарзодааш Давлатхӯҷа бо мо дар боғ кор мекард. Бо амри сарнавишт соли аввали донишҷӯӣ, соли 1966 падари ман низ аз олам даргузашт ва парастории модару додарам ба зиммаи амаки Абдуҷаббор афтод. Давлат Сафарро пас аз гузашти солҳо бо дӯсти деринаам Тоҷиддин Рауф дар чойхонаи «Роҳат» дидам. Онҳо донишҷӯи факултаи байтории Донишкадаи кишоварзӣ буданд. Шод шудам, ки бо Тоҷиддин ҳамкурсу ошно будааст. Давлат акнун ҷавони қоматбаланд, мисли қиблагоҳаш газгӯшт ва нармгуфтор буд. Чунин дидорбиниҳои мо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳамеша боиси дилхушӣ ва сарфарозиямон мешуд. 
Ҳар сол айёми таътил чун ба аёдати пайвандонам ба Ховалинг мерафтам, амаки Абдулҳай ба ин баҳона ҳамсояҳои қадрдони дилкаш, аз ҷумла акаи Саидҷаъфарро ба меҳмонӣ даъват мекард. Дар ҳавои форам суҳбати гуворо барпо мешуд. Аҷиб ин буд, ки акаи Саидҷаъфар ба манзилаш, ки дар боғи раиси Сафаралӣ буд, ҳатман мани донишҷӯро бо амакам Абдулҳай ба меҳмонӣ мехонд. Ба хаёлам, ин пос доштани анъанаи неки дерини хонаводаи онҳо буд. Аммо чизи дигар маро дертар сари андеша кашид. Ҳам акаи Саидҷаъфар ва додараш Эмоми Сафар оини пос доштани руҳ ва хотири гузаштагонашонро ҷавонмардона сахт риоя карда, меҳрубониву навозишро ба падаргумкардаҳо дар радифи фарзандони худ ҳаргиз дареғ намедоштанд. Намегузоштанд, ки дар чорроҳаи сахти зиндагӣ писарону духтарони бо амри тақдир падар ё модаргумкарда худро ятиму бекас ҳис кунанд. Ин фарҳангу одат, ки бори вазнини масъулият ҳам дорад, шоистаи таҳсин мебошад. Гап сари ин, ки акаи Саидҷаъфар ва Эмоми Сафар бо маслиҳати ҳамдигар пас аз хатми Донишкада ба қавле сари Давлатро ҷуфт карданду қоматашро бардоштанд. Давлат домоди Эмом Сафар шуду чароғи хонаи раиси Сафаралӣ боз хубтар фурӯзон гардид. Давлатхӯҷа ва Раҳмон Назар низ бо мадади бародарон арӯсу бахти худро ёфтанд. 
Солҳо гузаштанд. Мо ҳам ба ҳар роҳ аз паи касбу пешаи худ рафтем. Давлат Сафар зина ба зина ба вазифаҳои баланд расид. Аммо хусураш Эмом Сафар баъди аз сар рафтани бародараш Саидҷаъфар ва амаки ман Абдулҳай пайванди шиносоии деринро якзайл идома дод. Зимнан, як чизро таъкид карданиям. Бароям то ҳанӯз ҳайратангез аст, ки акаи Эмом, Эмоми мудири ферма, ҳоҷӣ Эмоми Сафар то охири умри пурбаракаташ, ки дар синни 9З вафот кард, хонандаи фаъол буд. Росташ, ки деҳаи Кадучӣ сераҳолист, мактабу омӯзгорон ва курсинишинони зиёд дошту дорад. Вале аз байни онҳо ягона шахсе, ки ҳамеша рӯзномаву маҷаллаҳоро мехонду ҳангоми дидорбинии рӯ ба рӯ бо ман аз китобҳои хондааш ҳатман сухан меоғозид, ҳамин акаи Эмом буд. Ва гила мекард, ки аз радио қироати порчае аз фалон навиштаатро шунидам, чаро китобат чоп шудаасту нусхае нафиристодӣ? Ин марди дурандеш ба таҳсилу китобхонии фарзандон ҳам сахт эътибор медод. Ҳамин сахтгириву ҳидоятҳои падар боис шудааст, ки писаронаш Неъматулло, Исматулло, Умар (ҷояш ҷаннат бошад) Тоҳир ва Сайфулло соҳибмаълумоту дорои касбҳои дилхоҳ шуда, дар вазифаҳои масъул хизмат кардаанду мекунанд. Воқеаҳои номатлуби солҳои навадуми асри бисти ҷумҳурӣ одамонро парешону аз ҳам дур, зиндагиро талх кард. Аммо талоши Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар дастур барои аз байн зуд бурдани носозӣ ва барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат мекард. Соли 1995 ба муносибати 50 - солагии шоири ҷавонмарг зиндаёд Ҳабибулло Файзулло ишора шуд, ки гурӯҳе аз аҳли адабу ҳунари пойтахтро ба Ховалинг бибарем, то ки бо чашми худ бубинанд, ки мардум чун ҳамеша ташнаи дидоранду пазмони суҳбатҳои гарм. Шоҳроҳи Норак баста буд. Сиҳату саломат бурда овардани меҳмонон низ масъулияту ташвише дошт. Бо мусоидати писарони соҳибкори шоир Беҳрӯзу Беҳзод меҳмононро сиҳату саломат то Ховалинг расондем. Авҷи туту гелоспаз буд. Ростӣ самимият ва пазироии раиси онвақтаи ноҳия Тоҷиддини Рауф ва мардуми Ховалинг аз чапдарии Шағмон то Мазори Ҳазрати Султон ҷо-ҷо дастархон густурда буданд, ба назари адибону аҳли илму ҳунари пойтахт афсонавӣ менамуд. Лекин ноҳия он замон ғайр аз меҳмонсарои ҳукуматӣ ва биноҳои хурди истироҳатии Дараи Мухтор ҷойи шабгузаронии ҳамаи даъватшудагонро надошт. Аз ин хотир, ҷавонмардони  ноҳия Зафар Мирзоён, Сафар Давлат, Султон Валӣ, Муродалӣ Одина, Абдулфайзу Абдусаид Раҷабовҳо ва Маҳсиддини Сайтоҷ даъватшудагонро дар манзилҳояшон пазируфтанд. 
Ман бо гурӯҳе аз ҳамсафарон меҳмони хонадони шиноси деринаам Сафар Давлат шудам. Ҳавливу боғи раиси Сафаралӣ акнун озодаву зеботар шудааст: сабзу пургул, дарахтони қадима ва навниҳолони бонизому пурмева. Давлат акнун дар оғӯши боғ кату мизу курсиҳо ниҳода, ҳамсараш тамоми ҳунари кадбонугӣ ва пухту пазро сарф карда, хони пурнеъмат орост. Меҳмонони гиромӣ аз пазироии бисёр хуши Давлату ҳамсараш шоду қаноатманд буданду фарҳанги меҳмоннавозии ховалингиҳоро меситоиданд. Он лаҳза бо сарфарозӣ пеши назарам раиси Сафаралиро медидам ва дар дил ифтихор мекардам, ки Давлат мисли падари шод-равонаш шахси соҳибэҳтиром, дасткушод ва меҳмоннавоз шудааст. Дар тули солҳои баъдина чун ба ин ё он муносибат, ба Ховалинг мерафтем, ҳатман меҳмони хонадони Сафар Давлат мешудем ва аз пазироӣ ва меҳмоннавозии Давлату ҳамсараш ифтихор мекардем. Дари ин хонадон ҳамеша ба рӯи меҳмонону мусофирон кушода буд. Солҳо чун боди баҳор гузаштанд. Умри ману ошнои деринаам Давлат Сафар аз ҳафтод гузашт. Акнун ман ӯро гоҳ-гоҳ дар маъракаҳои ҳамдиёрони душанбегӣ медидам. Мисли падари некномаш раиси Сафаралӣ қоматбаланду газгӯшт буду дар андом аз қиблагоҳ нишонаҳое ҳам дошт. Ба Давлат нигариста, ин байтро аз дил мегузарондам;
Писар, к-ӯ надорад нишон аз падар,
Ту бегона донаш, махонаш писар.
 
Аҳволашро мепурсидам. Бо хоксории азалӣ аз осудагии рӯзгор ва касбу кори фарзандон ҳарф мезад. Шод мешудам, ки зиндагии хушу гуворо дорад ва сабзиши решаву кундаи аҷдодиро идома медиҳад...
Вале марги ногаҳонӣ Давлатро ба раҳмати Парвардигор пайвасту ҷигарҳоро доғ кард. Ёди неки инсони шариф дӯсти дерин Давлат Сафар гиромӣ боду ҷояш ҷаннат!
 
Абдулҳамид САМАД, 
Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2022    №: 70    Мутолиа карданд: 2154
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед