маориф
ДИТ: духтарон сазовори ҷоизаҳо гардиданд
Абдуҷалол Ализода, ректори Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (РҲ), зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони васоити ахбори омма гуфт, ки барои тадрис 7 омӯзгор аз донишгоҳи машҳури олами ислом-ал-Азҳари Миср ва ташкилоти байналмилалии «Ҷумъа ал-Моҷид»-и Арабистони Саудӣ ҷалб гардидааст. Ин ба омӯзиши беҳтари забони арабӣ ва донишҳои исломӣ мусоидат намуд. 87 донишҷӯ сессияро бо баҳои аъло ҷамъбаст кард, ҳол он ки дар ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо ба 11 нафар мерасид.
Дар ин муддат чандин вохӯриву боздидҳои судманд бо роҳбарони муассисаву ташкилотҳои илмию тадқиқотии бонуфузи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ба ҳамкориҳои манфиатбахш роҳ кушод.
Дар озмунҳои донишгоҳӣ 70 фоизи духтарон сазовори ҷоизаҳои таъсиснамудаи донишкада гардиданд, агарчи шумораи онҳо нисбати писарон камтар мебошад.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон ректор изҳор дошт, ки имсол 10 омӯзгор рисолаи илмӣ ҳимоя мекунад. Чанд китоби илмӣ - таълимӣ ба табъ расид, ки «Омӯзиши илми ҳадис» ва «Рӯдакӣ ва адабиёти араб» аз ҷумлаи онҳост.
Ҳамчунин ректор изҳор намуд, ки имсол бори аввал 138 донишҷӯ донишкадаро хатм мекунад ва аллакай барои ҳамаи онҳо ҷойи кор пайдо шудааст.
Дар мавриди низоми кредитии таҳсилот бошад, гуфт, ки донишкада то соли 2012 пурра ба он мегузарад.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5380