logo

Хабарҳо

НАШРИ ШАРҲИ “БӮСТОН” – АРМУҒОНИ НАВРӮЗӢ БА ОМӮЗГОРОН

 
Адабиёти мо дар ҷаҳон бо шоҳкориҳои худ маъруф аст. Бахусус, асарҳое ба мисли «Шоҳнома», «Гулистон»-у «Бӯстон», девони Ҳофиз, «Маснавии Маънавӣ» бидуни шубҳа шиносномаи ин миллат ва муаллифони донишманди ин осор чеҳраҳои мондагори таърихи башариятанд. Чанде пеш бо саъю эҳтимоми рӯзноманигор ва пажӯҳишгар Обид Шакурзода шарҳи нахустини «Бӯстон»-и шайх Саъдии Шерозӣ дар Тоҷикистон таҳияву тадвин ва дар интишороти «Бебок» чоп шуд, ки армуғони неки наврӯзист.
 
Ин муаллиф пештар бо нашри шарҳи «Гулистон» ба ҳаводорони калом, махсусан ба ҷомеаи омӯзгорон муаррифӣ гашта буд. Мо – омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар рафти таълиму тарбия ба шарҳи ин асарҳои безавол пайваста ниёзмандем ва чопи чунин китобҳо кори моро дар маориф хеле осон мегардонанд. Имрӯзҳо хуб медонем, ки насли нав, ки қариб ҳамаашон огоҳ аз техникаву технология ва донишҳои муосиранд, ба тарбияи ахлоқӣ ва маърифати воқеии ҳаёт шадидан ниёз доранд.
Обид Шакурзода дар пешгуфтори шарҳи «Бӯстон» ёдовар шудааст, ки матни комили ин асари Саъдӣ дар кишвари мо сиву ду сол пеш ба ҳиммати зиндаёд Саҳобиддин Сиддиқов, пажӯҳишгари тоҷик мунташир шуда буд. Минбаъд аз рӯйи ҳамин асар баъзе аз ҳикояву порчаҳои назмӣ ба китобҳои дарсӣ роҳ ёфтанд ва дар кӯтоҳтарин муддат Саъдӣ шоир ва носеҳи писандидаи мардум гардид. Албатта, пеш аз ин ҳам, мардуми мо бо Саъдӣ ва осори  ӯ ошноии амиқ доштанд, вале интишори он бо расмулхати замони нав маҳбубият ва рафоқати ӯро афзуд.
Китоби «Достонҳои дилангез аз «Бӯстон»-и шайх Саъдӣ», ки дар соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби зиндаёд Абдулманнони Насриддин ба нашр расида буд, аз нахустин ибтикорҳое дар заминаи шарҳи «Бӯстон» бо ҳуруфи кириллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меояд ва муаллифи шарҳи комил аз он ба хубӣ истифода бурдааст.
Он гуна ки Обид Шакурзода шарҳи худро бо муқоисаи нусхаҳои муътабари «бузургтарин маснавии ахлоқию тарбиятии адаби форсӣ», яъне «Бӯстон», ки тайи панҷсад соли охир аз сӯйи саъдипажӯҳони бузурги эронӣ Ҳусайнустоди Валӣ, Муҳаммадалии Носеҳ, Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ ва Муҳаммади Хазойилӣ дар Теҳрон ба зевари чоп ороста шудаанд, таҳия ва тадвин кардааст. 
Ҷоиз ба ёдоварист, ки интишороти «Бебок» дар оғози соли ҷорӣ чопи сеюми шарҳи «Гулистон»-и Саъдиро бо иловаи «Кашф-ул-абёт» нашр кард. Бори севум рӯйи чоп омадани ин шарҳ далели он аст, ки хонанда ва ихлосмандони худро ёфта, ранҷи адабиву илмии Обид Шакурзода қадр гардидааст. 
Ноширу нозири чопи «Бӯстон» Энсиклопедияи миллии тоҷик аст, ки бар нуфузи он меафзояд.
Аз масъулони чоп ва устод Обид Шакурзода хоҳиш мекардем, ки барои омода кардани шакли овозии (аудиоӣ) китобҳо мусоидат кунанд, то насли нав тавассути телефону планшетҳо низ истифода бурда тавонанд, зеро теъдоди ками нашр имкон намедиҳад, ки шарҳи асарҳои мазкур дастраси ҳама бошанд.
 
Меҳрангез СУЛАЙМОНОВА,
омӯзгори Гимназияи «Кафолат»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2323
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед