logo

Хабарҳо

Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дар асоси мувофиқаи бадастомада 5 – 10 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. 
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатӣ дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мешавад.
 
 
Эътимодномаи сафир ба  Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои Араб
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ ба Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои Араб Аҳмад Абу-л-Ғайт ба ҳайси сафири ваколатдори Тоҷикистон дар назди Ҷомеаи давлатҳои Араб эътимоднома супурд.
Зимни суҳбат ду ҷониб доир ба масоили гуногуни мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.
 
 
Нақшаи хизмати ҳарбӣ дар 10 рӯз беш аз 40 фоиз таъмин шуд
Аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, дар давоми даҳ рӯзи аввали ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 40 фоизро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъват нақшаро барзиёд таъмин карданд. Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаро ба итмом расонданд. Иҷрои нақша дар вилоят 40 дарсад аст. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд иҷрои нақша 27 дарсад мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъват 47,3 дарсад буда, Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод аз анҷоми нақша гузориш доданд. Дар комиссариатҳои ҳарбии чор навоҳии пойтахт дар ин муддат 42 дарсади нақша иҷро гашт.
 
 
Хатлон. 628 ҳазор сомонӣ барои ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ
Дар вилояти Хатлон барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии се Озмуни ҷумҳуриявӣ: «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Илм - фурӯғи маърифат» имсол 628 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, - иттилоъ дод шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Тибқи қарори раиси вилоят, барои баргузории даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст» ва қадрдонии иштирокчиёни фаъол 246 ҳазор, «Илм – фурӯғи маърифат» 194 ҳазор ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 188 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҷойи якум 3000 сомонӣ, ду ҷойи дуюм 4000 сомонӣ (ба ҳар яке 2000 сомонӣ) ва ду ҷойи сеюм 2000 сомонӣ (ба ҳар яке 1000 сомонӣ) мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.  Ғолибони озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ бо ҳамин миқдор мукофотпулӣ сарфароз мешаванд.
 
 
Вусъати ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Липетски Россия
Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаи ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа меёбад.
Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Россия, ки бо роҳбарии президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, гуфта шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки Суғд дорои имконияти зиёд буда, доираҳои тиҷоратии ҳар ду вилоят метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак иқдом варзанд, ки ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар вилоят маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол гардидаву коркард мешавад ва содироти он ба бозорҳои вилояти Липетск метавонад манфиатовар бошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2024
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед