logo

сиёсат

ИТТИҲОД БА САРНАВИШТИ ҲАР ЯКИ МО ГИРЕҲ МЕХӮРАД

Дар андешаву тафаккури гузаштагони миллати мо фарҳанги сулҳ ҳамеша мақоми марказӣ дошт. Дар сӣ соли истиқлол ва ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мафҳуми  истиқлоли миллӣ якҷо бо ваҳдати миллӣ ба таври васеъ таҳаввул ёфта, тамоми аҳли ҷомеа, новобаста аз аҳдофи сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва эътиқоди динӣ дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ ҷамъ омаданд. 
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикис-тон 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин рӯзи таърихофарин на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки давлату миллати моро аз завол ва парокандагӣ наҷот дод.
Дар шароити ноором ва назми навини ҷаҳонӣ, дар ҳоле ки Осиёи Марказӣ ва дар маҷмуъ, ҷаҳон даргири буҳронҳои шадиди сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳдоштиву фарҳангист, моро зарур аст, ки пеш аз беш ба таҳкиму тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ ва  сулҳу субот саҳмгузор бошем.  Имрӯз  вазъияти ҳамсоякишвари мо – Афғонистон бо зуҳур ва қудратхоҳии дубораи "Толибон" дар пайи хиёнати таърихии хоҷагони хориҷиву ватанӣ ба сурати тӯфони хашмгин сарзамини ранҷвари кишвари ҳамсояи моро вайронтар мекунад.
Ҷаҳонишавӣ ба вусъатёбии муборизаҳои мафкуравӣ барои ғасби шуур ва тафаккури одамон мусоидат мекунад. Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз  танҳо ҳамон давлат ва миллат наҷот меёбад ва ба сатҳи иззатмандиву саодат мерасад, ки агар насли наврасашро дар пояи хираду маърифат тарбият намояд. Аз ин рӯ, ягона омиле, ки боиси наҷоти халқу миллат мегардад ин ба насли имрӯза фаҳмондани равандҳои ҷаҳони муосир  ва бедор намудани эҳсоси худшиносӣ дар ниҳоди онҳо мебошад. Худшиносӣ ва ҳувиятхоҳии мо имрӯз ба се неруи муқтадир такя мекунад: 1) Мерос; 2) Хотира; 3) Мансубият.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд, ки мо бояд пеш аз ҳама аз таърихи пурғановати хеш, ҳувияти миллӣ, асотири таърихӣ, ҳофизаи таърихӣ воқиф бошем ва онро арҷ гузорем. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёд вақте дар ниҳоди мо  пайдо мешавад, ки агар аз он огоҳии амиқ дошта бошем ва онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандии хеш қарор бидиҳем. Дар ҳақиқат ватандорӣ, ҳувиятхоҳӣ ва худшиносии миллии мо аз гиромидошти суннат ва анъанаҳои гузаштагони мо такомул меёбад, зеро танҳо суннат метавонад таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангии як  наслро ба насли дигар интиқол бидиҳад ва анъана бошад устувории фарҳангро таъмин мекунад. Барои ҳамин моро зарур аст, ки худшиносии миллиро як ҷузъи худшиносии миллии замони имрӯза қарор бидиҳем. Бо диду нигоҳи нав, тафаккури созанда  ва имконоту таҷриба онро бо назардошти талаботи замони муосир  густариш бахшем ва дар ростои кӯшишҳои таҳаввулоти ҷиддии ҷомеа   ва ислоҳи камбуду норасоиҳо саъю талош варзем.
Низоми густурдаи давлатдорӣ танҳо аз мавҷудияти ваҳдати комил тақвият меёбад. Арзишмандтарин ҷанбаи ҳастӣ ва саодати инсоният ваҳдат аст. Дар раванди бошитоб ҷаҳони моддигарои имрӯза дучори таҳаввулоти дунявӣ аст. Дар баробари дигар падидаҳои нохушоянди ҷаҳонишавӣ яке аз падидаҳои хеле хатарзо, ки ба пояи давлатдорӣ ва оромишу иттиҳод сахтарин зарба мезанад, ин таассуб аст (мағзҳои заҳролудшуда). Аз таърихи башарият ба мо маълум аст, ки аз сапедадами таърих ду неруи ба ҳам муқобилу оштинопазир ба ҳам рақобат доштаанд. Яке маърифат, ки сарчашмаи тамоми илмҳои башарият аст ва дигаре ҷаҳолат, яъне ифрот, хиёнат, фисқу фуҷур, ваҳшоният, ҷаҳл ва торикии донишу имон.
Аз ҳама амали зишт ва ботил ин хиёнат ба халқу Ватан аст. Имрӯз гурӯҳҳои ғаразнок ва тамаъҷӯй, ифротиёни наҳзатӣ таҳти роҳбарии шахсони тундрав халал расондан ба оромиши кишвари мо иттилоотро ягона василаи муборизаи худ қарор дода, бо амвоҷи сиёҳолуди тарғибу ташвиқи кӯтоҳандешонаи хеш мағзҳои ҷавононро мешӯянд. Мардумро ба хунрезӣ, парокандагӣ, яъне ҷиҳоди сағир даъват мекунанд. Равоншиносон бар он ваҳдати назар доранд, ки дар радифи иллатҳои равонии инсонӣ, манфуртарин беморӣ ин бахилӣ, иғвоандозӣ, туҳмат ва бадбинӣ мебошад. Ин ифротиёни дастомӯзи аҳриманӣ бо ҳазёноту дурӯғпароканиҳо, қудратҳои дурӯғин ва ақидаҳои бебунёди хеш ҳеҷ гоҳ ба ҳадаф намерасанд.
Бо назардошти  таҳлилу баррасии  чунин зуҳурот  ва хабарҳои беаслу бебунёд, таҳдиду хатарҳои равонӣ ва ҷангҳои ноҷавонмардонаи иттилоотии душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик моро зарур аст, ки  бо зиракии сиёсӣ, дониши васеъ, ҷаҳонбинии дақиқ, имконот, таҷриба,  шуури  дунёдаркӣ  дар атрофи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарҷамъ шуда, ба рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдорӣ имон дошта бошем.
Ҷавонон, ки маҳаки асосии миллат, сутуни устувори бинои давлатдорӣ ва неруи созандаву пешбарандаи ҳаёт ҳастанд ва тазоҳури ҳадафу ормонҳо ва умед ба ояндаи нек дар симои онҳо таҷаллӣ меёбад, бояд пайваста бикӯшанд то ки бо иқтидору қуввати ҷавонӣ барои тай кардани роҳи саодат ва камолоти маънавӣ талошҳои бедареғ варзанд. Мо бояд бо фарру фарҳанги азалии хеш мабдаъ ва маоди ваҳдати асливу азалиро дар зеҳни насли имрӯзу фардо беш аз пеш бедор намоем.
Мо бояд дар ҳама ҳолатҳо масири илму донишро дунбол кунем. Руҳи ваҳдати аслиро тавассути омӯзиши таъриху фарҳанг дарк намуда, тақвият бахшем. Дар ҳамовозӣ бо паёмҳои ваҳдатбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро ҷойгиртару муассиртар анҷом дода, Тоҷикистони азизи худро аз ин беш  ба авҷи пешрафту ифтихор бирасонем.  
Тули таърих миллати тоҷик дар ҳама марҳалаҳои ҳассос вазифаи танзимгарии сулҳро бар дӯш дошт, зеро ҷанг ибтикорот ва халлоқиятро ҳамеша ба ҳошия меронад. Умедворам, ки имрӯз низ мардуми тоҷик чун посдори сулҳ анъанаи бузурги ниёгони хешро идома бахшида, Тоҷикистони азизро аз ин беш ба авҷи пешрафту ифтихор мерасонанд. 
                             
Рудобаи МУКАРРАМ,
раиси Кумитаи иҷроияи Харакати 
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2022    №: 71    Мутолиа карданд: 869
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед