иқтисод
ХУҶАНД. НАҚШАИ БУҶЕТИ МАҲАЛЛӢ 104,3 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ
Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии шаҳри Хуҷанд, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба бурду бохти хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон доир гардида, дар он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорону мудирони шуъбаву бахшҳои шаҳрдорӣ, корхонаҳои саноатӣ, раисони маҳаллаҳо ширкат доштанд.
Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳр, гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 322,4 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 49,2 миллион сомонӣ афзудааст.
Дар ин давра панҷ корхонаи нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис ёфта, шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 177 адад расид. Танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав 45 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Инчунин, аз тарафи 72 корхонаи хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 175,9 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта бештар мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаҳои рушди бонизоми бахши иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра имкон доданд, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 101,1 дарсад ва буҷети маҳаллӣ 104,3 дарсад таъмин гашта, онҳо боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 1,4 миллион сомонӣ ва 2,5 миллион сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардиданд. Нақшаи хазинаи иҷтимоии шаҳр 102,4 дарсад таъмин шуда, ба буҷети иҷтимоӣ 1,1 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.
Сипас, раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода оид ба соҳаҳои маорифу тиб, занон, ҷавонон аз масъулони дахлдор пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани мушкилот ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, тарғиби дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ғайра дастуру супоришҳо дод. Аз масъулони соҳаи саноат даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти ширкату корхонаҳоро ҳамоҳангсозӣ карда, барои иҷрои нақшаи буҷет, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, афзудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳо андешанд.
Дар рафти ҷаласа, ҳамзамон, ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии мутахассисони ҷавон, риояи қонунгузории танзими расму оин, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ масъулини дахлдор муваззаф гардиданд.
Зимни баррасии мавзуъҳои матраҳгардида Анвар Яъқубӣ бо таҳлилҳои амиқ ва ояндабинӣ фикру андешаҳои хешро баён дошт.
Фирдавс Шарифзода ҷаласаро натиҷагирӣ карда, гуфт, ки оянда низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истиқболи сазовори 25 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2022 №: 71 Мутолиа карданд: 2104