logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. МУБОРИЗА БО МАЛАХ - КАФИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Ҳар сол дар мамлакат дар мавсими кишти баҳорӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» - и Вазорати кишоварзӣ чораҳои муҳофизавӣ бар зидди зараррасону зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор, хусусан пешгирии хуруҷи малах корҳои кимиёвӣ гузаронда мешаванд. Зеро, як малах дар як мавсим дар талу теппа ва ҷойҳои осебнопазир аз борону барф то 37 - 40 дона тухм мегузорад. Тибқи арзёбии мутахассисон 5 давраи парвози малах вуҷуд дорад, ки дар давраи дуюм мубориза бо он осонтар аст. Дар давраи 4 -5 парвози он бештар ва мубориза мушкил мешавад. 
Тавре Дилшод Аҳмадов, сардори шуъбаи истеҳсолии Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ аз касаливу ҳашаротҳои заррасон, аз ҷумла малах, яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, мақсад аз ташкили семинар - машваратҳо сарҷамъ намудани роҳбарону мутахассисони сохторҳои дахлдор, масъулони соҳа, кулли аъзоёни Ситоди мубориза бар зидди малах буда, дар ҳамбастагӣ баррасии вазъи воқеӣ мебошад.
Аз ҷониби  корхонаи мазкур, ҳамзамон, ҷиҳати тақвияти фаъолияти ситодҳои мубориза бар зидди малахи шаҳру ноҳияҳо, кори мушоҳидачиён дар мавзеъҳои хавфи пайдоиш ва паҳншавии малахдошта, захираи зарурии заҳрдорую маводҳои зарурӣ ва эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, захира намудани заҳрдоруҳо корҳо пурзӯр шудаанд.
Тавре медонем зимистони имсол гарм омад ва тибқи иттилои мутахассисон  малах, ки ҳашароти гармидӯст аст ва дар гармӣ тухми зиёд мегузорад, хавфи он бештар аст. Ҳар сол дар мавсим Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» шумораи муайяни коргаронро ба кор ҷалб карда, онҳоро бо заҳрхимикатҳо, тракторҳои махсус, хайма, рахти хоб, либосҳои махсуси муҳофизавӣ, дастгоҳи дастию моторӣ  ва хӯрок таъмин мегардонад.
Тибқи маълумот то 11 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 966 гектар масоҳати мушоҳидаҳои баҳорӣ гузаронда шудааст, ки дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 926 гектар, ноҳияи Вахш 8 ҳазору 732 ва минтақаи Кӯлоб 3 ҳазору 308 гектарро дар бар мегирад. Корҳои мушоҳидавӣ идома доранд. 
Бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» 59 трактор, 17 автомашинаи махсуси дорупошӣ, 36 мототсикл, 85 дорупошаки тракторӣ, 1000 дорупошаки дастии моторӣ ворид ва мавриди истифода қарор доранд.
- Бинобар он ки малах метавонад ба масофаи зиёд парвоз карда, ба заминҳои кишт зарар расонад, гурӯҳи корӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. Онҳо назоратро дар сарҳади ду давлат ба роҳ мондаанд. Аммо бо далели он, ки мубориза зидди малах дар кишварҳои Афғонистону Қирғизистон  ба таври бояд ба роҳ монда нашудааст, дар шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади ин кишварҳо мушоҳидаҳои баҳорӣ оғоз гардида, муташаккилона идома доранд. Зеро хавфи зиёдшавию зарари он зиёд аст. Мо дар  сарҳади ин кишварҳо ҳоло ситоди махсус роҳандозӣ кардаем. Айни замон  ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ба таври зич ба роҳ мондаем, зеро он маблағе, ки ба соҳа ҷудо мешавад, ҳамагӣ 40 – 45 фоизро ташкил мекунад, - илова намуд Дилшод Аҳмадов. 
 
Нигина РАҲМОН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2022    №: 71    Мутолиа карданд: 1230
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед