logo

иқтисод

СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ БА БОЗОРҲОИ АВРУПО. ИМКОНИЯТ ВА МУШКИЛОТ

 
Тибқи маълумоти оморӣ,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 160 ҳазор гектар боғҳои гуногун мавҷуданд, ки 57 ҳазор гектари онҳоро меваҳои тухмакдору зардолу ташкил медиҳанд. 46 ҳазор гектар боғи зардолу дар ҳудуди вилояти Суғд, 5 ҳазор гектар  дар вилояти Хатлон, 2 ҳазор гектар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 500 гектар  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.  Истеҳсоли солонаи мева дар кишвар 423 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
“Соли 2021 меваи хушк  назар ба соли 2020 ба маблағи 9 миллион доллар, асосан, ба кишварҳои Россия, Қазоқистон ва Ироқ интиқол ёфтааст. Дар ин радиф, содироти зардолуи тару тоза ба маблағи 44 ҳазор доллар кам шудааст”, - гуфт Абдусаттор Каримов, корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
 
ЛОИҲАИ STDF ВАСИЛАИ ПАЙВАСТАГӢ БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ
Ҳадафи аслии лоиҳаи “Мусоидат ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ барои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тавассути низоми беҳтар гардондани бехатарии хӯрокворӣ”, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат таҳия ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвар татбиқ карда шуд, беҳтар гардондани рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёнаи кишоварзии ҷумҳурӣ  дар бозорҳои содиротӣ мебошад.
“Ҳадафи мо баланд бардоштани сатҳи дониши истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони зардолу мебошад. Ҳангоми пешбурди барнома ва амалӣ гардондани як қатор чорабиниҳо маълум гашт, ки истеҳсоли маҳсулот аз зардолу чандон  бехатар нест. Маҳсулоти охироне, ки ба истеъмолкунандагон чи дар бозори дохилӣ ва чи хориҷӣ пешниҳод мешавад, ба талаботи байналмилалӣ аз рӯйи сифату бехатарӣ ҷавобгӯ намебошад”, - иброз намуд Қосим Қурбонов, ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи STDF.
Дар доираи лоиҳаи мазкур бо мушорикат ва мусоидати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии “Тоҷикстандарт” чорабиниҳои зиёд  амалӣ гардиданд.  
 
СЕРТИФИКАТИ ХАССП - КАФИЛИ БЕХАТАРӢ
ҶДММ “Баракат Исфара”, ки соли 2017 ба фаъолият оғоз намуд, ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун аз зардолуи хушк машғул аст, моҳи феврали соли 2022 соҳиби сертификати байналмилалии сифат ХАССП гардид. Доштани сертификати ХАССП маънои онро дорад, ки корхонаи истеҳсолӣ системаи назорати сифати маҳсулотро дар асоси талаботи стандарти байналмилалии ISO ба роҳ монда аст. Аз ин рӯ, сифат ва бехатарии маҳсулоти коргоҳ пурра таъмин аст.
“Сертификати ХАССП барои истеҳсоли бехатари маҳсулоти хӯрокворӣ кумаки амалӣ мерасонад. Тибқи қонунгузории кишвари мо доштани сертификати мазкур барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатмист. Ин сертификат имкон медиҳад, ки маҳсулоти “Баракат Исфара” ба бозорҳои дилхоҳ кишвари олам роҳ ёбад”, - мегӯяд Қосим Қурбонов, ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи STDF. 
 
КОРГОҲҲОИ КОРКАРДИ ЗАРДОЛУ
Меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷ талабгорони зиёд доранд. Тоҷикистон бештар зардолуро ба кишварҳои хориҷи дуру наздик содирот мекунад. Бештари боғҳои зардолу ва корхонаҳои коркарди мева дар вилояти Суғд ҷойгиранд. 
“Соли гузашта ҳосил нашуд, солҳои пеш мо дар як моҳ то 20 тонна маҳсулот истеҳсол мекардем. Ҳоло нархи зардолу баланд шуд ва ҳам маҳсулот чандон харидор надорад. Аз ин рӯ, истеҳсолотамон кам шудааст”,- иброз дошт Ғафурзода Абдуғафур, директори ҶДММ “Шафӣ ТҶ”, ки дар шаҳри Исфара фаъолият дорад. Айни ҳол дар ин шаҳр 20 корхонаи коркарди меваю сабзавот ва дигар корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд, ки маҳсулоти онҳо ба содирот нигаронда шудааст.
 
ИМКОНОТИ ВАСЕЪ ДАР ДОИРАИ СҶС
Имконоти мавҷудаи кишвар ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) баҳри роҳ ёфтан ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо паҳлуи мусбати масъала аст. 
“Дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи низоми мавҷуда, кишварҳои аъзои СҶС метавонанд, зиёда аз 6 ҳазор номгӯйи молу маҳсулоти ватаниро бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо содирот намоянд. Ҷавобгӯй будани маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ талаботи аслӣ мебошад ва зардолу низ дар шакли хушку тар шомили ин рӯйхат аст”, - мегӯяд Рукниддини Лутфулло, сардори раёсати кор бо Созмони ҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Бо вуҷуди чунин имконот, мо дар ҳоле метавонем ба бозорҳои Аврупо роҳ ёбем, ки бехатарии маҳсулоти аз зардолу омодашударо таъмин созем. Мавҷуд будани афлотаксину микотаксинҳо, яъне боқимондаи антибиотикҳо дар таркиби маҳсулоти аз зардолу омодашуда ба солимии инсон таъсири манфӣ дошта, тибқи стандарти мавҷуда 0,005 миллиграмм, дар 1 килограмм маҳсулот муайян шудааст ва нишондоди аз ин зиёд маънии онро дорад, ки маҳсулот ғайри қобили истеъмол аст. Инчунин, мавҷуд будани пеститсидҳо, яъне боқимондаи заҳрхимикатҳое, ки дарахтони зардолу бо он коркард мешаванд, ба солимии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Ҳангоми мавҷуд будани меъёри зиёди микотаксинҳо, афлоаксинҳо ва пеститсидҳо дар таркиби зардолуи хушк ва маҳсулоти аз зардолу омодашуда имкони роҳ ёфтан ба бозорҳои аврупоӣ ғайриимкон мегардад.
 
КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ ҲАМОҲАНГӢ БО СТАНДАРТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини сифат ва бехатарии ҳамагуна маҳсулоти хӯрокворӣ, чи содиротӣ ва чи воридотӣ, масъул буда, марказҳои миллии ташхиси он дар саросари кишвар фаъолият мекунанд. 
“Соҳибкороне, ки маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содирот менамоянд, намунаи онро ба мо мефиристанд. Дар асоси стандартҳои байналмилалие, ки тибқи шартномаҳои ҳамкории байнидавлатӣ мавҷуданд, санҷида, сертификати сифат медиҳем”, - зикр намуд Сайлӣ Каримова, корманди Маркази миллии ташхиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ. 
Вале, мутаассифона,  айни ҳол чи зардолуи хушк ва чи маҳсулоти аз зардолу омодашуда, ки дар бозорҳои кишвар фурӯхта мешаванд, бидуни санҷиши лабораторӣ оид ба муайян намудани микотаксинҳо, афлоаксинҳо ва пеститсидҳо дар таркиби он дастраси истеъмолкунандагон мегардад. Ба андешаи роҳбарияти Маркази миллии ташхис, дастгоҳу таҷҳизот барои гузарондани чунин санҷишҳо мавҷуданд, вале онҳо гузаронда намешаванд, чунки бозорҳои Федератсияи Россия, ки меваи хушки зардолу бештар ба ин кишвар содир мешавад, танҳо санҷиш оид ба мавҷудияти микдори сера, ба истилоҳ олтингӯгирдро талаб мекунад. Содирот ба кишварҳои аврупоӣ ҳанӯз ҳам, ба роҳ монда нашудааст. 
 
АГЕНТИИ “ТОҶИКСТАНДАРТ”
“Таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои дохили кишварро Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо бар дӯш дорад. “Стандарти DDP15, ки фарогири ҳамаи талаботи сифат ва стандарти вобаста ба коркарди зардолу мебошад, қабул гардид. Айни замон барои истеҳсолкунандагону соҳибкорон пешниҳод шудааст. Ҳангоми шиносоӣ бо ин стандарт соҳибкор вобаста ба талаботи стандарти байналмилалӣ тасаввуроти комил пайдо мекунад”, – гуфт Азалшоҳ Воҳидзода,  корманди раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии “Тоҷикстандарт”.
 
ҲАШАРОТУ БЕМОРИҲО ВА ИСТИФОДАИ ЗАҲРХИМИКАТҲО
Бемориҳо ва ҳашароте, ки дар дарахтони мевадиҳанда пайдо шуда, боиси талафи ҳосил мегарданд ва ё ба сифату бехатарии мева таъсири манфӣ мерасонанд, зиёданд.
Мушкилоти дигар, ин истифодаи нодурусти заҳрхимикатҳо ҳангоми коркарди дарахтони зардолу мебошад. Боғдорон бояд на танҳо қоидаҳои агротехникиро донанд, балки оид ба номгӯй ва тарзи дурусти истифодаи заҳрхимикатҳо маълумоти зарурӣ дошта бошанд.
“Талабот ба ҳолати таксикологии маҳсулоти хӯрокворӣ  сахттар шуда истодааст. Мо бояд ба усулҳои биологии мубориза бар зидди ҳашароту  бемориҳо рӯ биёрем, чунки миқдори пеститсидҳо, ки дар таркиби мева боқӣ мемонад, истеъмоли маҳсулотро барои инсон хатарнок месозад. Ин масъала на танҳо барои содирот, балки барои бозори дохилӣ низ хеле муҳим аст. Имрӯз дар кишварҳои пешрафта то 98 дарсади  зараррасонҳо ва бемориҳо бо усулҳои биологӣ нест карда мешаванд,” - таъкин намуд Алиф Толибов,  муовини директори Институти боғу токпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
Ташхисҳо ба 3 гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: энтомологӣ, фитопотологӣ ва нермологӣ. Касалиҳое, ки дар боғҳои зардолу нисбатан зараровар ва паҳншудаанд, ин тсеркоспароз мебошад, ки ба сӯрохшавии дарахтони зардолу оварда мерасонад. Инчунин,  монолеоз, сӯхтагии бактериягӣ, касалиҳои вирусӣ ва зараррасонҳое мисоли ҳашароту тортанакҳо, тиллоғузаки туркистонӣ мавҷуданд, ки ба дарахтони зардолу таъсири манфӣ мерасонанд.
Истифодаи заҳрхимикатҳо ҳангоми мубориза бар зидди ҳашароту бемориҳо на танҳо бехатарии меваро зери суол мебарад, балки энтомофакҳо, яъне ҳашаротҳои фоидаовареро, ки мавҷудияти онҳо дар табиат муҳим аст, нест мекунад ва бо гузашти муддати муайян ин беморӣ  ё ҳашароти зараровар аз пештара дида зиёдтар мегардад.
 
ХУЛОСА
Имконе, ки иқлими мусоид ва хоку оби сарзамини мо ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ рӯйи даст дорад, метавон масоҳати боғҳои зардолуро афзун намуда, на танҳо меваи тару хушки он, балки маҳсулоти аз ин меваи барои саломатии инсон зарур омодашударо ба хориҷи кишвар содирот намуд. Аз ин ҳисоб, шумораи ҷойҳои кориро афзун ва ҳам сатҳи иқтисоди мамлакатро боло бурд.
 
Моҳлиқо  ШАРИФОВА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2022    №: 71    Мутолиа карданд: 1224
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед