logo

ҳуқуқ

Ҷиноят ва ҷазо

ПОРА
боз як шахси мансабдорро ба толори суд бурд
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Бузургмеҳр Буриев, сардори шуъбаи бақайдгирии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Варзоб, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, Бузургмеҳр Буриев зимни фаъолият дар ин мақом аз шаҳрванд «А» барои тайёр карда додани иқтибос ва варақаи бақайдгирӣ аз феҳрасти ягонаи молу мулки ғайриманқул ба манзили истиқоматии падараш ва мусоидат намудан баҳри ивази шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ 4200 сомонӣ талаб намудааст. Номбурда аз ин маблағ 2700 сомониашро қаблан гирифта, ҳангоми гирифтани 1500 сомонии дигар  дастгир гардид.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ, бо моддаи 319 қисми 1 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) Кодекси ҷиноятӣ мавриди тафтишот қарор гирифтааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ менамояд. 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Боздошти шахсе, ки барои аз ҷавобгарӣ озод намудан пул гирифтааст
Дар шаҳри Ваҳдат маъмурони милитсия марди 33-солаеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар мешавад.
Боздоштшуда, ки сокини ҳамин шаҳр аст, моҳи марти соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба боварии як сокини дигари шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ 55 ҳазору 460 сомонӣ гирифта ваъда кардааст, ки бародарашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд. 
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ)  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
 
 
ДУЗДӢ
Милитсия ба дасти марди чорводузд завлона зад
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом ҳодисаи дуздиеро тафтиш мекунанд, ки дар он марди 35-солаи сокини ҳамин шаҳр гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ марди гумонбар 6 апрели соли ҷорӣ аз заминҳои деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом  1 сар чорвои калони шохдорро дуздидааст.
Зарари расондашуда 10 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2022    №: 71    Мутолиа карданд: 2674
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед