logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН. ҶАШНВОРАИ ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 
Маросими ҷамъбасти он  дар Муассисаи давлатии  «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» доир шуд. Ширкаткунандагонро  наврасони  маҳфили эҷодии муассиса бо қироати чанд порча шеър ва навои қалбошӯби карнаю сурнай пазироӣ намуданд.
Таъкид шуд, Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон, ки ҳамасола бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар доир мегардад, ба хотири ҷалби бештари кӯдакону наврасон  ба мутолиа ва аз худ кардани донишҳои наву замонавӣ роҳандозӣ мешавад. Кӯдакону наврасон, ки  ояндаи миллатанд, бояд бидонанд, ки  танҳо илму дониш равшангари роҳи фардои инсонҳост ва ин ҳамаро бе мутоила наметавон молик шуд. Ба ин хотир, чорабинии мазкур дар бисёре аз ноҳияҳои кишвар баргузор шуда, сол ба сол доираи фарогирии кӯдакон ба он зиёд мегардад. 
Ҷашнвораи имсола дуюми апрел бо иштироки адибон ва шоироне, ки барои кӯдакону наврасон эҷод менамоянд, дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар  таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар доираи он намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш - фурӯши китобҳои тозанашр, барномаи фарҳангии Театри давлатии лӯхтак ва Сирки давлатӣ доир гардид. 
Ҷашнвора, пасон,  дар навоҳии гуногуни кишвар идома ёфт.  Ин муддат адибони саршиноси кишвар ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ бо  кӯдакону наврасони  ноҳияҳои Шаҳринав, хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ноҳияи Синои пойтахт ва бо наврасони шаҳри Турсунзода дар китобхонаи марказии шаҳр мулоқот намуданд. 
Дидори адибон барои наврасони ноҳияи Файзобод  хотирмон буд. Қасри фарҳанги шаҳри Роғун низ  рӯзи 4 - уми апрел аз қудуми шоирону адибон мунаввар гардиду табъи адибон аз қироати шеърҳои кӯдакону наврасон болида. 
Мулоқоти адибон рӯзҳои 5, 6, 7 ва 8 бо наврасони ноҳияҳои Варзобу Ҳисор  ва дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе идома ёфт. Умуман, ҳафтаи сипаригашта барои кӯдакони кишвар - ҳафтаи фаромӯшнашаванда буд, зеро онҳо ба шарофти ҷашнвораи мазкур имкон пайдо намуданд, ки бо адибони дӯстдоштаашон аз наздик ошно шаванд, дар ҳузурашон шеърҳо қироат намоянд ва, муҳимтар аз ҳама, аз дасти эшон китоби шеъру тарона, қиссаву афсона ҳадия бигиранд. 
Ҷашнвора 9 - уми апрел ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбаст созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли он, аз ҷумла китобдорон, хонандагону омӯзгорон, бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардиданд. Чанде аз ширкаткунандагон бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диплому ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг қадр шуданд.
Ҳафтаи кӯдакону наврасонро барномаи  рангини ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» ҳусни анҷом бахшид.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2995
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед