logo

иҷтимоиёт

“ВОРУХ – ДЕВОРИ ВАТАН” КИТОБЕ, КИ ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХРО БОЗГӮ МЕКУНАД

 
“Ворух - девори Ватан” маҷмуи мақолаҳо ва ашъорест, ки дар давоми қариб ду сол ҷамъоварӣ гардида, тавассути нашриёти “Ақли Сурх” (Red Intellect) дар кишвари Ҳолланд ба чоп расид.
Таҳиягари китоб - шоир ва нависандаи тоҷик Шаҳзода Назарзода, ки ҳоло муқими Ҳолланд аст, дар оғоз нигоштааст: «Дар ин китоб навиштаҳо ва ашъори тоҷиконеро гирдоварӣ кардаем, ки нисбат ба рӯйдодҳои чанд соли ахир дар Ворух ва даргириҳои марзии он бетараф намондаанд ва фикру ақидаи худро чи аз лиҳози илмӣ, чи аз лиҳози таърихӣ ва чи дар гузоришу мушоҳидаҳо ва чакидаҳои шеърӣ дарҷ кардаанд. Бо вуҷуди ин ки тақрибан ҳамаи навиштаҳо саршор аз меҳри Меҳан ва эҳсосоти самимии нависандагони тоҷик аст, аз бознашри чанд сафарнигора ва мақолаҳои таърихии муҳими русӣ ва англисӣ низ худдорӣ накардем ва онҳоро дар канори навиштаҳои имрӯзӣ ҷой додем, то доманаи воқеияти таърихӣ барои хонанда равшан гардад».
Воқеан ҳам, тарҷумаи баъзе мақолаҳо бо забонҳои русиву англисӣ барои қазовати дурусти пажӯҳишгарону коршиносони хориҷӣ хеле муфид буда, дастрас шудани он тавассути ҳамватанон ба ёру дӯстони берун аз кишвар ба суди кор хоҳад буд. Ҳадди ақал муаллифони китоб, агар шакли электронии маҷмуаро ба як ё ду рафиқи хориҷии худ бифиристанд, масъалаи марз ва ҳақ будани тоҷикон дар ин муаммо мисли оина равшан мешавад. Аз ин ҷиҳат, пайкори Шаҳзода Назарзода хеле сутуданист.
Рӯнамоии китоб чанде пеш дар шаҳри Амстердам, дар маросими наврӯзии форсизабонон баргузор шуд. Дар муаррифии он олимону шоирони ҳавзаи кишварҳои форсизабон, аз ҷумла тоҷикон, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки “Ворух - девори Ватан” ба таври ройгон дар фазои интернетӣ паҳн мешавад. Нусхаҳои чопии китоб, ки каме маҳдуданд, барои китобхонаҳои расмии Ҳолланд, Тоҷикистон ва Британияи Кабир ирсол хоҳанд шуд.
Муаллифони мақолаву шеърҳо Озарахш, Абдуҷаббори Суруш, Нуралӣ Нурзод, Анзурати Маликзод, Нарзуллоҳи Азизиён, Гулноз Тоҳириён, Шералӣ Ризоиён, Шаҳноза Комилзода ва чанде дигар мебошанд. Дар ин моваро ҷойи фараҳмандист, ки як мақолаи калонҳаҷми корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Меҳрангез Қодирова «Ворух. Он ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва як пораи Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд» ва чанд намуна аз шеърҳои Бузургмеҳри Баҳодур, сармутахассиси рӯзнома доир ба қазияи Ворух ва Чоркӯҳ дар маҷмуа ҷой гирифтаанд.
Муҳаррири масъули китоб Анзурати Маликзод бо навиштани як пешгуфтори фарогир ба дирӯзу имрӯзи масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон равшанӣ андохта, менависад: «Муаллифони шеъру мақолаҳо бо далел дар асоси руҷуъ ба сарчашмаҳои муътамади таърихиву илмӣ собит намудаанд, ки Ворух порае аз Ватани аҷдодии Тоҷикистон аст ва чунин хоҳад буд. Китоби “Ворух - девори Ватан” саҳифаи аслии таърихи тоҷикон буда, хонандаи закӣ пай мебарад, ки ҳамсояҳои мо дар масъалаи сарҳад ва замини тоҷикон ноҳақанд ва ваҳшонияту ҷинояти онҳоро дар баробари халқи бегуноҳ ва сарбозони шаҳиди тоҷик таърихи башар фаромӯш намекунад».
Дар саҳифаҳои охири китоб маълумотномаи мухтасари он бо забони англисӣ оварда шуда, мундариҷа ва муқоваи пушти китоб низ бо ин забон дарҷ шудааст.
Дар китоб иттилои дақиқ аз сарчашмаҳои боэътимоди таърих, мисли «Ҳудуд - ул – олам», «Бобурнома»-и  Заҳируддин Муҳаммади Бобур, «Сафарномаи Осиёи Миёна» («Путешествие в Среднюю Азию»)-и Арминий Вамберӣ, «Очерки археологии райони Исфара»-и Е. А Давидович ва В. Литвинский оварда шудаанд, ки дар пешорӯйи муаррихону сиёсатшиносон, махсусан барои мутахассисони низоъшиноси хориҷи Тоҷикистон, аҳамияти вижа дорад.
- Умед аст, ки чунин маҷмуъаҳо аз ҳаводис ва таърихи иҷтимоии Ворух ва бақия манотиқи тоҷикнишини Осиёи Миёна беш аз пеш мунташир шаванд ва садои тоҷикон аз сартосари минтақа ба гӯши ҷаҳониён расотар бирасад ва дар таърихи катбӣ мондагор гардад, - афзудааст Шаҳзода Назарзода.
Ёдовар бояд шуд, ки интишороти “Ақли Сурх” беш аз 5 сол аст, ки дар Ҳолланд ба фаъолият шуруъ кардааст ва меҳвари фаъолияташ нашри осори тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар ва муаррифии он ба алоқамандон аст.
 
Б. САЛИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2022    №: 71    Мутолиа карданд: 585
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед