logo

Хабарҳо

ШАҲРИНАВ. МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ҶАРАЁНИ КОРИ КИШОВАРЗОН ШИНОС ШУД

 
Муовини Сарвазири  кишвар  Сулаймон Зиёзода ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Юсуф Акрамзода  дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар, ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд. 
Зимни сафари корӣ муовини Сарвазири мамлакат ва намояндаи Ҳукумати кишварро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ҳамроҳӣ намуд. Нахуст, онҳо аз фаъолияти якчанд гармхона дар ноҳия дидан намуданд. Ба муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия масоҳати гармхонаҳо ба 6, 71 гектар расонда шуда, дар он бештар помидор, бодиринг ва рустаниҳои ситрусӣ парвариш мешаванд.     
Муовини Сарвазири мамлакат зимни мулоқот ҷиҳати зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дастраси мардум гардондани маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол ба масъулин  маслиҳату дастурҳои судманд дод.
Сулаймон Зиёзода, ҳамзамон, дар маъракаи кишти пахта дар кооперативи истеҳсолии “Наврӯз” иштирок намуда, ба кишти пунбадона дар ноҳия оғоз бахшид. Зимнан, таъкид гашт, ки вобаста ба мусоид шудани обу ҳаво дар фурсатҳои камтарин ба кишти чигит хотима бахшида, тамоми намуди зироатҳои кишоварзиро, бахусус ғалладонагиҳо, полизиҳо ва боғу токзорҳоро, бетаъхир обмонӣ намоянд.
Дар доираи сафари корӣ намояндаи Ҳукумати мамлакат, директори КВД “Тоҷикагролизинг” Юсуф Акрамзода бо ҳамроҳии раиси ноҳия  Ҷаббор Носирзода аз фаъолияти гармхонаи парвариши помидор ва бодиринг дар хоҷагии деҳқонии “Хайрихон”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов, дидан намуданд. Ба роҳбари хоҷагӣ барои бунёди чунин гармхона ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Хайрихон” аз 2 гектар замини корами обӣ иборат буда, дар майдони 0,10 садяк помидор ва дар масоҳати 0,10 садяк бодиринг парвариш карда мешавад. Дар боқимонда заминҳои хоҷагӣ дигар намуди зироатҳои барвақтӣ кишт шудааст.
Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов намояндаи мамлакат Юсуф Акрамзода ҷиҳати расондани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли равон баён гардид, бо фаъолони ҷамоат мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот доир ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, кишти зироатҳо, аз қабили картошка, сабзавот, ғалладонагиҳову дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ дидан ба кишти такрорӣ баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таъкид гардид.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2575
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед