logo

Хабарҳо

Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми сатҳи баланд доир шуд

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гашт. Ҷаласа таҳти роҳбарии  раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сурат гирифт, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазир ёдовар шуд, ки конфронси мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Он ҳамчун пайванди марказӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки 22 - 24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, хидмат хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дод, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани конфронс, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва бо қарори Ҳукумат тасдиқ шудааст. Котиботи конфронс иборат аз 11 коршинос таъсис ёфт. Ба сарварони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон даъватнома фиристода шуд. То имрӯз 140 иштирокчии дигар ва беш аз 2000 коршинос аз саросари ҷаҳон тариқи онлайн сабти ном гаштанд. 
 
 
Ҷамолиддин Абдуллозода бо сертификати фахрии БОР сарфароз гашт
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳамзамон, директори лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак” -и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бинобар лоиҳаи беҳтарини Бонки осиёии рушд дар соли 2021 пазируфта шудани лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак” аз ҷониби Бонки осиёии рушд бо сертификати фахрӣ сарфароз шуд.
Зимни тақдими сертификат Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, гуфт, ки лоиҳаи мазкур (Гранти Бонки осиёии рушд – 0627-TAJ(SF) дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ гашта истода, ҳадафи он беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон аст.
 
 
Вохӯрии Фарҳод Салим бо сафири Арабистони Саудӣ
Зимни мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим бо сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар - Рушайдон ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ ва дигар масъалаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, дар мавриди Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки 6 - 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, суҳбат карданд.
 
 
Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе баргузор мешавад
16 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. 
Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа бо қарори раиси шаҳри Душанбе  аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 611 530 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад. 
Ниммарафон 16 апрел, соати 9:00 оғоз гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар шаҳрҳои дӯсту ҳамкор даъват шудаанд. Ҳамчунин, наврасон низ имкони иштирок дар мусобиқаро доранд. Наврасони 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10 - 12-сола 5 км ва 12 - 15-сола 8 км сабқат мекунанд.
 
 
ТОҶИКИСТОН – ҚИРҒИЗИСТОН.  Мулоқоти навбатии раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд
Дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев баргузор гашт.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд менависад, ки ҷонибҳо хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии муноқишаҳо ва ҳолатҳои ба муноқиша сабабшаванда гардида, таъкид доштанд, ки мардумони ду кишвар асрҳо инҷониб канори ҳам зиндагӣ доранд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ минбаъд низ риоя шаванд.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба масъалаи истифода аз захираҳои обӣ дар сатҳи муовинони раисони вилоятҳо ва роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф гурӯҳи корӣ ташкил шуда, масъалаҳои мавҷударо баррасӣ ва ҳал созанд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед