logo

иқтисод

САНОАТ. МО БА СӮИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ГОМ МЕЗАНЕМ!

Зимни Паёми Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба хотири боз ҳам рушд бахшидани соҳаи саноати кишвар ва ба ин васила таъмини пешрафти иқтисодиёти миллӣ, ҳамзамон, муҳайё сохтани ҷойҳои бештари кор барои аҳолӣ солҳои 2022 – 2026 – Солҳои рушди саноат эълон гардиданд.  Дар робита ба ин, хабарнигори рӯзнома бо олими  кимиёшинос ва мутахассиси баландпояи соҳаи саноат, доктори илмҳои техникӣ Баҳодур Мирзоев мусоҳиба  анҷом дод.  
-  Бо шукрона аз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз садҳо коргоҳу корхонаҳои нав ба рӯи мардум дари худро боз карданд. Акнун мо ба марҳилаҳои фарогиртари рушди соҳаҳо гом мезанем ва ҳадаф аз эълони Солҳои рушди саноат низ тавсеаи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бахусус дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллист. Ба андешаи Шумо, барои  амалисозии ин иқдом ба кадом масъалаҳо бояд бештар таваҷҷуҳ намоем?  
- Воқеан, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳу амонӣ дар мамлакат баробари барқароршавии иқтидорҳои мавҷудаи соҳаҳо, ҳамзамон, онҳо рушди бемайлон ёфта истодаанд. Аз ҷумла, соҳаи саноати кишвар низ дар пайи дастгирию роҳандозии имтиёзҳои зиёд барои соҳибкорон ба нишондодҳои баланд ноил гардида истодааст. Баробари ин, ҳадафҳои дарпешгузоштаи давлату Ҳукумати кишвар дар ҷодаи саноатикунонии босуръат ва эълони Солҳои рушди саноат боз ҳам имконият медиҳанд, ки имкониятҳои фаровони сарзамини мамлакат самаранок истифода шаванд. 
Дар қаламрави Тоҷикистон  маъданҳое, ки дар таркибашон элементҳои гуногун доранд, бениҳоят зиёданд ва ин сарчашмаи асосӣ ё заминаи мустаҳками рушди саноати миллӣ буда метавонад. Аммо барои коркарди онҳо технологияҳои  коркард нақшу аҳамияти бузург доранд. Танҳо дар кишвари мо конҳои алюминийдори   «Турпӣ» дар ноҳияи Рашт, «Курговат» дар ноҳияи Дарвоз, конҳои Силлимонит ва Кианити Помири шарқӣ, инчунин, захираҳои фосфордори ноҳияҳои Шаҳринав, Исфара ва  шаҳри Панҷакент, конҳои ангишти «Фон-Яғноб», «Шӯроб», «Назарайлоқ» боз чанд захираҳои парокандаи ангишт  аз лиҳози  коркарди саноатӣ  аҳамияти бағоят хуби  иқтисодӣ доранд. Мо чанд сол боз коркарди кимиёию технологии ин захираҳои бузурги маъдандорро аз лиҳози илмӣ бо устодон ва шогирдон омӯхта истодаем ва аз натиҷаи бадастомада  хулосаҳои асосӣ баровардаем.  Аз ҷумла, кони «Турпӣ», аз ҷиҳати геологӣ қариб пурра  омӯхта шудааст. Дар таркиби он  21,5 - 22 дарсад оксиди алюминий, 7,5 - 8,7 дарсад калий, 5,3 - 6,8 дарсад оҳан ва  элементҳои дигар мавҷуданд,  ки  аз онҳо чанд маҳсулоти муҳим  гирифтан  мумкин аст. Аз рӯи омӯзиши геологӣ  захираи умумии  кон зиёда аз  100 миллион тонна маъдани фоиданокро ташкил медиҳад.  Яъне, дар ҳолати коркарди комплексӣ аз он дар  баробари оксиди алюминий, ҳам оксиди калий,  сементи аълосифат  ва чанд моддаи дигар гирифта мешавад.    
 
АЗ АНГИШТ НАФТУ ГАЗ  ҲОСИЛ КАРДАН  ИМКОН ДОРАД
Боз кадом конҳое ҳастанд, ки коркарди маъдани онҳо фоидаи бузурги иқтисодӣ ба бор меорад? 
- Чунин конҳо хеле зиёданд. Аз ҷумла, кони ангишти «Фон –Яғноб». Ҳоло бисёриҳо фикр мекунанд, ки ангишт танҳо маводи сӯхт аст. Ҳол он ки аз ангишт, бахусус аз ангишти кони мазкур, маҳсулоти дигари боарзиштар аз маводи сӯхт истеҳсол кардан мумкин аст.  Масалан, немисҳо  солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои танкҳояшон аз ангишт маҳсулоти нафтӣ истеҳсол менамуданд. Дар адабиётҳо ин амал бо  методи Фишер машҳур аст. Онҳо ангиштро бо роҳи  гидрогенизатсия коркард карда, аз он сӯзишворӣ ҳосил карданд. Ин кор қариб як аср пеш буд. Ҳоло  технологияи коркард бамаротиб пеш рафтааст ва коркарди боз ҳам пурсамари ангишт имкон дорад.  Мо барои коркарди ангишти кони номбурда  лоиҳаи ташкили корхонаи  «Кокс-кимиёи тоҷик» - ро  тартиб дода будем.  Дар маҷмуъ, бо харҷи  150 миллион  доллари ИМА корхонае кушодан мумкин буд, ки дар он аз ангишт бояд кокс, бензол, толол, аммиак, нуриҳои азотӣ, гази кокс ва ғайра гирифта мешуд, ки хароҷоташро дар муддати кӯтоҳ мепӯшонд.  Агар чунин корхона дар назди кон кушода шавад, дар натиҷаи коркарди ангишт, ҳамчунин,  аз  он ҷо гази кокс низ истеҳсол ва ба воситаи лӯлаҳо, аз ҷумла  ба марказҳои барқу гармидиҳӣ, интиқол меёбад. Барои марказҳои барқу гармидиҳӣ мисли имрӯз бо мошинҳои боркаш ангишт кашонда намешавад ва муҳити зисти шаҳр низ зарар намебинад. 
 
АЗ  ПАРТОВИ АНГИШТ  НУРИИ МИНЕРАЛӢ ТАВЛИД МЕКУНЕМ
Мусаллам аст, ки  маблағи 150 миллион доллар ҳоло барои буҷети кишвари мо гаронӣ мекунад. То дарёфти имкониятҳо барои иҷрои ин кор боз дар кадом самтҳои афзалтар мехоҳед корхонаҳои саноатӣ ташкил ёбанд? 
- Айни замон мо  нақша дорем, ки аз партови кони «Фон-Яғноб»  ва кони «Шӯроб» -и  шаҳри Исфара  нурии минералӣ ё гумуси  хубсифати маҳаллӣ ҳосил намоем. Оид ба  ин масъала бо Донишкадаи технологии – химиявии Тошканд ҳамкории илмӣ ба роҳ монда шудааст. Барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Гурезхон Фақиров, унвонҷӯи илмҳои техникӣ  аз Тоҷикистон вобаста аст, ки роҳбарии илмии ӯро аз мамлакат банда  ва аз Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  профессор А.У. Эркаев ба уҳда дорем. Дар натиҷаи ин тадқиқоти муштараки  олимони тоҷику ӯзбек  маълум шуд, ки таркиби ангишти  кони «Фон-Ягноб»  5 - 6 дарсад  ва кони «Шӯроб»  38 - 40 дарсад  гумус дорад. Ин  моддаи минералӣ барои ҳосилхезии хок бениҳоят зарур мебошад. 
Вақте мо гумускро бо роҳи кимиёӣ коркард мекунем, он   ба гуматҳои гуногун  ҳамчун нуриҳои минералӣ табдил ёфта,  ҳаҷми маводи ҳосилдеҳи хокро  то 60 - 70 дарсад мерасонад. Дар натиҷаи истифодаи  ин намуди  нурии минералӣ  ҳосилхезии замини кишт бамаротиб баланд гардида, муддати тулонӣ идома меёбад. Ин олими ҷавон ҳоло аз рӯи маслиҳатҳои якҷоя бо  Донишкадаи мазкури кишвари ҳамсоя таҳлилҳои лабораторӣ ва технологии коркарди партовҳои ангишт ва аз онҳо ҳосил намудани нуриҳои минералиро гузаронда истодааст. Мо аз рӯи натиҷаҳои бадастомада нақшаи тарҳрезии технологияи тавлиди онро омода дорем.  
Баробари миқдори зиёди партовҳои ангишти мамлакат, ҳамчунин, дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Панҷакенту Исфара  захираҳои фаровони фосфор, ба мисли конҳои «Гӯри Фотима», «Яхдон», «Қаратоғ» ва «Шӯроб» мавҷуданд. Ин маъданҳои ватанӣ барои тавлиди нуриҳои минералӣ беҳтарин ашёи хом ба ҳисоб мераванд. Агар мо аз партови ангишт гумус ҳосил карда, ба он фосфорит ва  қаишии поруи мурғро илова намоем, як маводи минералии барои ҳосилхез намудани зироатҳои кишоварзӣ баландсифат  омода мешавад. Агар якҷо бо соҳибкорони ватанӣ  мо технологияи коркарди лаборатории ин маҳсулот  ва таҷҳизоти дигарро барои истеҳсолот  сари вақт насб намоем, бовар аст, ки дар ояндаи наздик корхонаи маҳсулоти номбурда дари худро ба рӯи мардум боз мекунад. Зеро шароити хуби лабораторӣ барои дар истеҳсолот ҷорӣ кардани натиҷаҳои илмӣ нақши асосиро мебозад. 
- Ба андозаи зарурӣ корҳои илмӣ анҷом дода шуданд, аммо татбиқу натиҷагирии онҳо  ҳеҷ нест, ки амалӣ гардад. Мушкили асосии бунёди корхонаҳои коркард дар назди чунин конҳоро  дар чӣ мебинед?
- Масъала қариб дар аксари ҳолат  як аст: илмро бо истеҳсолот  тавъам сохтан. Мутаассифона, имрӯзҳо нафароне, ки илмро пеш мебаранд,  бо роҳи худ  равонанду онҳое, ки ба ташкили корхона ё соҳибкорӣ машғуланд, бо роҳи дигар.  Аз ноогоҳӣ ё мушкили дигар аст, ки аксари соҳибкорон ва соҳибони корхонаҳо барои татбиқи натиҷаҳои илмии олимони соҳаи геологияву дигар бахшҳои бунёдии соҳаи саноат ҳавасманд нестанд.  Олимон бошанд, имконияти молиявию моддии дар амал татбиқ сохтани натиҷаҳои кори илмиашонро надоранд. Дар ин маврид, зарур аст, ки мо – олимон, саноатчиён ва соҳибкорону сармоядорони ватанӣ манфиатҳои Меҳану миллатро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузорему хостаҳои худро барои пешрафти саноати кишвар амалӣ созем. Барои он ки ақаллан як корхонаи саноатӣ барои коркарди  ашёи хоми маҳаллӣ  сохта шавад, заҳмати шабонарӯзии якҷояи олимону мутахассисон, ниҳодҳо ва  соҳибкорону сармоягузорон лозим аст.
- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба масъалаи омодасозии кадрҳо, хосса дар соҳаи саноат, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ба андешаи Шумо,  барои ба бозори меҳнати замони муосир ҷавобгӯ будани мутахассисони оянда  чӣ андешидани чораҳо заруранд?
-  Пеш аз ҳама, донишҷӯёнро ба корҳои амалӣ бисёртар ҷалб намудан зарур аст. Дарсҳои назариявӣ низ муҳиманд, лекин, ба фикри ман, бисёртар дарсҳо бояд дар лабораторияву  корхонаҳои саноатӣ  гузаранд, то донишҷӯ назарияро дар амалия натиҷагирӣ кунад ва чашмаш ба сӯи илму истеҳсолот кушода шавад. Донишҷӯ бе таҷрибаи лабораторӣ ба илм майл пайдо намекунад ва мутахассис нахоҳад шуд. Вақте ӯ асбобу таҷҳизотро  бо дастони худ идора мекунад ё аз гудозиши маъданҳо ва  моддаҳои ғайр ҳосил шудани моддаи дигарро бо чашми худ мебинад,  ба кори истеҳсолӣ дилбастагӣ пайдо менамояд. Бовар ҳосил мекунад, ки он чи дар китобу дастуроти таълимӣ хондааст, ҳатман натиҷае дорад. Завқи илму ҳунаромӯзии донишҷӯ дучанд мегардад. Дар акси ҳол, лексияхонии якранг завқи доштаи ҷавононро ба илм аз байн мебарад. Инчунин, хуб мешуд, ки барномаҳои омӯзиши фанҳои дақиқ сар карда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то донишгоҳу донишкадаҳо аз нав такмил  ёбанд.
 
Мусоҳиб Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2022    №: 72    Мутолиа карданд: 2064
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед