logo

туризм

САЙЁҲИИ АСТРОНОМӢ. ДАР КУҶО, КАЙ ВА ЧӢ ТАВР МЕТАВОН СИТОРАҲОРО МУШОҲИДА КАРД?

Тайи чанд соли охир дар ҷаҳон сафарҳои астрономӣ (ситорашиносӣ) маъруфият пайдо кард. Коршиносон мутмаинанд, ки имконияти буридан аз ҳаёти рӯзмарра ва наздиктар шудан ба коинот тамоюли нави сайёҳӣ хоҳад буд. 
 
Сайёҳии астрономӣ ҷавонтарин навъи сафар ба ҳисоб меравад. Сабаби афзоиши маъруфияти онро ба осонӣ шарҳ додан мумкин аст: одамонро аз қадим сирри коинот ҷалб месохт ва онҳо ҳамеша ба ситораҳо расидан мехостанд. Иқтидори чунин истироҳатро дар ҷаҳон кайҳо боз арзёбӣ намудаанд. Масалан, соли 2005 дар маркази водии Элкии Чили маҷмаае кушода шуд, ки дар он ҳар як хонаи истиқоматӣ бо сақфи ҷудошаванда ва телескоп муҷаҳҳаз аст. Феълан, аз ҳама системаи пешрафтаи мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ дар Чили – пойтахти ситорашиносии ҷаҳон  ҷойгир аст. Телескоп (устурлоб) дар он ҷо ба дараҷае тавоно аст, ки ба гуфтаи олимон, агар дар Моҳ мошинҳо ҳаракат мекарданд, мо онҳоро аз замин ба осонӣ дида метавонистем. Дар байни самтҳои хориҷии сайёҳии астрономӣ иёлатҳои Юта ва Аризонаи Амрико, Ҷазираҳои Канар ва биёбони Намибияи Африқо низ маълуманд.  
Ба тавсияи коршиносон, барои дидани осмони пурситора бояд аз шаҳр берун баромад: муҳити равшанӣ дар шаҳрҳои калон олуда аст. Аз ин сабаб, дидани ҳатто ситораҳои дурахшонтарин на ҳамеша   имконпазир аст. Вале, дар ҷойи аз ҷиҳати экологӣ тоза метавон бе таҷҳизот ё дастгоҳи махсус сайр кард: осори осмониро метавон бо чашмони одӣ дид. Барои паймоиш чун пештара метавон харитаи бурҷҳоро истифода бурд ё яке аз замимаҳоро дар смартфон зеркашӣ кард. Бештари онҳо, масалан, StarWalk2 ё StarChart воқеияти осмонро пурра мекунанд: танҳо бояд камераи телефонро ба сӯйи осмони шабона бурд – дар экран ба таври автоматӣ маълумот дар бораи сайёраҳои наздиктарин, кометаҳо ё боронҳои метеорӣ пайдо мешаванд. 
Мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ дар вақти воқеаҳои муҳими астрономӣ шавқовартар аст. Бинобар ин, барои ба нақша гирифтани сафар қаблан пешгӯиҳои олимонро дар ин хусус омӯхтан лозим аст. Масалан, моҳи апрел қисман гирифта шудани Офтоб, моҳи май пурра гирифтани Моҳ, моҳи август борони метеории Персеидҳо, 26 сентябр Юпитер дар муқобили Офтоб қарор мегирад, дар ин шаб онро метавон бо чашми одӣ ҳам дид. Намоиши ситораҳо дар соли 2022 хеле мусоид аст. Уторидро давоми сол чандин маротиба дар осмони пагоҳӣ ва бегоҳӣ дидан мумкин аст. Нимсолаи аввали сол барои мушоҳидаи Зуҳро мусоид хоҳад буд. Барои Миррих давраи мусоиди мушоҳидаҳо нимсолаи дуюми сол хоҳад буд. Инчунин, соли ҷорӣ 18 пайванди сайёраҳо ва дигар ҳодисаҳои астрономиро метавон назорат намуд.  
Ба ситораҳо метавон бе сафар ба хориҷа назар кард. Дар минтақаҳои кӯҳии кишвари мо, дар баландиҳо ситораҳо, бурҷҳо ва боронҳои метеорӣ хуб намуддоранд. Омӯзиши ситораҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шавқовар аст. Зеро дар Тоҷикистон се расадхона фаъолият мебарад, ки яке аз онҳо дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла, расадхонаи «Ҳисор» дар шаҳри Ҳисор дар баландии 730 метр ва расадхонаи «Санглох» дар ноҳияи Данғара дар баландии 2300 метр ва расадхонаи «Помир» дар ноҳияи Мурғоб дар баландии 4300 метр аз сатҳи баҳр ба омӯзиши ҳаракати кометаҳо, моддаҳои метеорӣ ва объектҳои табииву сунъии наздизаминӣ, ситораҳои тағйирёбанда, галактикаҳо машғуланд.   
Фирӯза Раҳматуллоева, муовини директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, мегӯяд, ки дар баробари пеш бурдани корҳои илмӣ Институти астрофизика дар ташвиқу тарғиби донишҳои астрономӣ низ муваффақ аст. Баҳри тақвияти донишҳои астрономӣ аз тарафи кормандони Институт дар ҳамкорӣ бо ширкати «Матин тревел» барои сайёҳон ва дӯстдорони илми астрономия, инчунин, барои мактаббачагон дар расадхонаҳои кишвар экскурсияҳо гузаронда мешаванд. 
Институти астрофизика ҳамеша омодааст, ки барои дӯстдорони илми астрономия ва нафарони шавқманд экскурсия ва сайёрҳоро ба расадхонаҳои кишвар ташкил намояд. 
Ғайр аз ин, дар шаҳри Хуҷанд, дар боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ (ситорашинос, риёзидон ва ихтироъкори шинохтаи тоҷик) Афлокнамо (Планетариум) мавҷуд аст. Афлокнамо ин як намуди театри гунбазшаклест, ки тасвири осмони пурситора ва ашёи бешумору ҷаззоби кайҳониро намоиш дода, фазои таълимиеро барои омӯзиши илми нуҷум ва илмҳои дигари ба он марбут эъҷод мекунад. Имрӯзҳо, ки омӯхтани илм аз ҳар замони дигар муҳимтар аст, афлокнамоҳо дар тамоми дунё мардуми ҳама синну солро ба омӯзиши муҳити атроф – саёраи Замин ва мавқеи инсон дар коинот ташвиқ менамоянд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки омӯзиши коинот ва асрори нуҳуфтаи он, ҳамчунин, шавқу рағбати беандоза ҷиҳати шиносоӣ ва наздикӣ ба он дар ҳар давру замон барои гурӯҳе аз инсонҳо аҷибу ҷолиб аст. 
Бо пайдоиши шароитҳои хубу беҳтар ҷиҳати наздикӣ ба коинот ва ситораҳо, бо итминон метавон гуфт, ки солҳои минбаъда сайёҳии астрономӣ байни мардум маъруфияти бештар пайдо мекунад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2022    №: 72    Мутолиа карданд: 3889
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед