logo

фарҳанг

ХОНА-МУЗЕЙИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР САМАРҚАНД. ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН...

15 апрел дар кишвари мо дар баробари таҷлили рӯзи ба дунё омадани Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, инчунин Рӯзи илми тоҷик аст. Ин санаи таърихиро на танҳо дар Душанбе, балки дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд бо баргузории маҳфилу чорабиниҳои адабиву илмӣ пешвоз мегиранд.
Мардуми сарфарози Самарқанд, бавижа масъулони Хона-музейи Садриддин Айнӣ ин рӯзи хуҷастаро бо омодагии вижа истиқбол мегиранд. Имсол низ ба хотири арҷгузории ин фарзонаи айём як қатор чорабиниҳо дар назар аст.
Бино ба гуфтаи директори хона-музей Амриддин Пӯлодов, бо ибтикори мардуми Самарқанд ҳавлии устодро то фарорасии зодрӯзашон саршор аз гулҳои рангоранг карданиянд. 
- Бо пешниҳоди чанд тан аз равшанфикрон иқдом пеш гирифтем, ки як порча замини хона-музейро бо гулҳои рангоранг оро бидиҳем, то фазои ин даргоҳи умед пайваста муаттару музайян бошад. Дар ин ҷода, аллакай, аз тарафи аҳли адаб, аз ҷумла узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, яке аз фарҳангиёни шаҳр Адаш Истад ва Саидмурод Илёсов садҳо бех гул ба мо армуғон шуду кормандони мо пайи шинондани онҳоянд, - гуфт Амриддин Пӯлодов.
Тавре Адаш Истад хабар дод, 15 апрел хонандагону донишҷӯёни мактабҳои шаҳр ва факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо барномаҳои ҷолибу диданӣ таъби ҳозиронро шод хоҳанд кард. Он рӯз ба тамошои хона-музей аз гӯшаву канори гуногуни Ӯзбекистон меҳмонони зиёд ва гардишгарони хориҷӣ ташриф меоранд.
Дар ин баробар Амина Шарофиддинова, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Самарқанд пешниҳод кардааст, ки дар ин санаи таърихӣ боз як шоир ва равшанфикри тоҷик, шогирди писандидаи устод Садриддин Айнӣ Пайрав Сулаймонӣ ба дунё омадааст ва чи хуш аст, агар ҳар сол барои арҷгузории ёду ёдгори вай низ камари ҳиммат баста шавад.
Амриддин Пӯлодов, ҳамчунин, аз мардуми Тоҷикистон ва аҳли зиё даъват ба амал овард, ки барои то ба хона-музей расондани китобҳои адибони тоҷик, бахусус осори марбут ба ҳаёту фаъолияти аллома Садриддин Айнӣ, мусоидат намоянд. Оянда дар назар аст, ки фурӯши китобҳо ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ шавад, то соҳибзабонони ҳудуди Ӯзбекистон тавассути ин боргоҳи маърифат ба сарчашмаҳои адабу фарҳанги мо дастрасии бештар пайдо кунанд.
Корманди осорхона Назира Ҷалилова афзуд, ки ин даргоҳ ба рӯйхати мавзеъҳои тамошоии кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон ворид шуда, аз тоҷикони ин кишвар ва берун аз он хоҳиш мекунем, ки вақти сафар ба Самарқанд боздид аз онро ба нақша бигиранд. Бештари мардум, махсусан тоҷикистониён баъди хуб шудани муносибатҳо пайваста ба шаҳри мо то ба майдони Регистон меоянд, аммо шояд иттилоъ надоранд, ки аз Регистон то ҳавлии устод Садриддин Айнӣ мешавад пиёда расид. Гурӯҳи дигар то ба дарвозаи ҳавлӣ мерасанд, чанд акс мегиранд ва мераванд бозпас. Ҳол он ки дохили хона-музей фазои хуби таърихӣ дош-та, пур аз факту далел, ашёи аслии рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Ин ҷо метавон дар бораи зиндагии сивупанҷсолаи адиб, муҳити оилавӣ, шеваи ба худ хоси рӯзгордорӣ ва рафти кори эҷодӣ паёмҳои тоза дарёфт. 
Бояд ёдовар шуд, ки устод Садриддин Айнӣ дар ин манзил 35 сол зиста (аз соли 1917 то 1951), беҳтарин осорашро, мисли «Ғуломон», «Одина», «Ятим», «Мактаби куҳна» ва «Исёни Муқаннаъ» офаридааст. Қисмати аввали хона дар асри ХVIII ва қисмати дувуми он дар асри ХIХ бунёд ёфта, ниҳолҳои бо дастони худ нишондаи соҳибхона, аз ҷумла ду дарахти себ, шафтолу ва ток ҳанӯз ҳам сарсабзу самароваранд. Он бо ибтикори роҳбарияти онвақати Ӯзбекистони шуравӣ ҳамчун объекти таърихӣ соли 1967 ба қайд гирифта шуда, минбаъд расман осорхона гардид. Соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ифтихори 140-солагии устод Садриддин Айнӣ барои таъмири осорхона 300 ҳазор сӯм (баробар ба 37 ҳазор доллари амрикоӣ) маблағ ҷудо кард. Дар натиҷа манзили адиб бо тарҳу намои тоза дарашро ба мухлисону ҳаводорон боз кардааст. 
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2022    №: 72    Мутолиа карданд: 2128
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед