logo

Хабарҳо

СУҒД. НАТИҶАИ СЕМОҲА УМЕДБАХШ АСТ

 
Дар шаҳри Хуҷанд фаъолони вилоят натиҷаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии хоҷагии халқро дар семоҳаи аввал мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд. Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд  дар иртибот ба ин масъала назди фаъолон гузориш дод. 
Мавсуф аз ҷумла, таъкид кард, ки дар давоми се моҳи сипаришудаи соли равон дар вилоят ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 5,4 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 122,5 дарсадро ташкил дод. Бо назардошти  вазъи кунунии иқтисодиёти мамлакат дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Дар моҳҳои январ-марти соли 2022 - юм 229,3 ҳазор тонна семент ва 284,8 ҳазор тонна ангишт истеҳсол  шуда, суръати афзоиш мутаносибан 94,6 ва 113,2 дарсадро ташкил намудааст. Ҳамзамон, 1723 метри мураббаъ газвори пахтагӣ ва 784,3 тонна калоба истеҳсол гардид. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол ба сол тавсеа ёфта, дар 3 моҳи соли 2022 ба миқдори 67,1 ҳазор тонна орд ва 1459,1 тонна равғани рустанӣ истеҳсол шудааст. 
Тадбирҳои болозикр имкон доданд, ки саҳми вилояти Суғд дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 57,2 дарсад баробар гардад.
 Соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи роҳандозии саривақтӣ  давоми 3 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 40 корхонаву коргоҳҳои нав бо 1677 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. 
Муовини раиси вилояти Суғд зикр дошт, ки соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти вилоят яке аз самтҳои асосӣ ва калидӣ маҳсуб ёфта, дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи  891,7  миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш  нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта 111,8 дарсад таъмин гардид. 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни натиҷагирӣ аз семоҳаи ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ аз  масъулини соҳоти саноат, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пиёдасозии он дастуру супориш ва эродҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаъолони вилоят дар моҳи феврали соли равон ба хотири боз ҳам боло бардоштани истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, таъмини муътадили бозори  дохилӣ бо маводи ғизоӣ, сабзавоту меваҷот, захираи маводи озуқа, вусъат бахшидани иқдомҳо  баҳри амалишавии Барномаи солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат, баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят, пешгирии ҷиноят ва роҳҳои муассири  он пурсиш ба амал овард. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5109
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед