logo

иқтисод

МУЪМИНОБОД. АЗ ТААҶҶУБ ТО ТААССУФ

Хонанда воқиф аст, ки аз вазъи ногувори техникаҳои кории КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – и ноҳияи Муъминобод ва аз бетаваҷҷуҳии масъулон нисбат ба ин ниҳод дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” матлабе нашр гардида буд. Мутаассифона, аз байн моҳҳо сипарӣ гардида бошанд ҳам, масъулони ноҳия барои ислоҳи камбудҳо бетарафӣ зоҳир намуда, ҳеҷ тадбире наандешидаанд. Вобаста ба мушкили ҷойдошта, хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дубора мавзуъро пайгирӣ намуд. 
Кормандони корхонаи мазкур аз сабаби набудани шароити корӣ ва норасоии мошини партовкашонӣ маҷбур шудаанд, ки барои тоза нигоҳ доштани муҳит ва сари вақт кашондани партовҳо аз ароба истифода баранд. Як корманди муассиса бидуни бурдани ном дар суҳбат гуфт:
- Бовар кун бачам, ҳамагӣ 450 сомонӣ маош мегирам ва ҳар рӯз бо ҳамин ароба дар ба дари идораву ташкилотҳо гашта, партовҳои онҳоро ғундошта, ба ҷойи муайяншуда бурда мепартоям. Кор бо ароба бароямон мушкил аст, пойҳоям дард мекунанд, вале чи илоҷ, касе ба дардамон намехӯрад. 
Вақте ки аз масъулон суроғи техникаҳоро гирифтем, чанд мошини вайронаро ба мо нишон доданд, ки бештари онҳо шина надоштанд. Ба гуфтаи Абдураҳим Шарифов, сармуҳандиси корхона, дар тавозуни муассисаи фавқуззикр 7 техникаи корӣ мавҷуд буда, ҳама фарсудаанд. Номбурда зикр кард, ки масъулон аз аҳволи муассиса бохабаранд ва ваъда доданд, мушкилотро ҳал мекунанд, вале нагуфтанд, ки кай. 
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи мазкур дар қарз ғӯтидааст. Ҳамзамон, беш аз 600 ҳазор сомонӣ аз андоз, 83 ҳазор сомонӣ аз барқ ва ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ аз ҳаққи аъзопулии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” қарздор мебошад.  А. Шарифов гуфт, ки дар як моҳ аз 700 то 1000 сомонӣ ҷамъоварӣ мегардад. 
Ҷамшед Холов, сардори шуъбаи банақшагирии буҷети давлатии раёсати молияи ноҳия, иттилоъ дод, ки дар корхонаи коммуналии ноҳия қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад ва илова кард, ки маоши онҳо пурра аз буҷет маблағгузорӣ мегардад. 
Суоли матраҳ ин аст, ки оё КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” тавони харидори як мошини партовкашонро надорад? Чаро масъулон барои бартараф намудани мушкилот фориғболӣ мекунанд? 
“Ҷумҳурият” мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.
 
Суннати СОДИҚ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2022    №: 76    Мутолиа карданд: 1689
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед