logo

иҷтимоиёт

«ИЛМ ВА ТАБИАТ». ТЕЛЕВИЗИОНИ МИЛЛӢ ЯКСОЛА ШУД!

14 апрели соли 2021 дар экранҳои мо шабакаи нави телевизионие бо номи «Илм ва табиат» таҷаллӣ кард, ки маҳсули ғоя ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм, табиатшиносӣ ва фанҳои дақиқ аст. Ба хотири натиҷабардорӣ аз як соли фаъолияти пурсамари ин шабакаи барои миллати мо муҳим суҳбате доштем бо Зиннатулло Исмоилзода, директори муассиса.
- Ҳадафи мо таъмини аҳолӣ бо барномаҳои илмӣ ва табиатшиносӣ, таҳқиқи равияҳои илм ва паҳлуҳои кашфнашудаи табиат, бедор кардани завқи мардум ба корҳои илмӣ, инъикоси раванди таъмини базаи моддию техникии муассисаву идораҳои марбут ба соҳа, тарғиби дастовардҳо ва бозёфтҳои илмӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба муаммоҳои нокушудаи табиат мебошад. 
- Дар робита ба инкишофи босуръати илм дар ҷаҳон вазифаву масъулияти шабакаи «Илм ва табиат» низ меафзояд. Мо нақшаву барномаҳои зиёд дар баробари эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дорем. Дар ин замина, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав бо дастури Пешвои миллат ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор мешавад, ки ин яке аз воситаҳои муҳими рушди фанҳои мазкур ба шумор меравад. Пас аз таъсиси шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки шабакаи зикршуда барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин, амалӣ гардидани барномаи Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 - 2040 саҳми арзишманд мегузорад. Ба ин эътимод сазовор будан ва дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар мавриди илм ва инноватсия шарик шудан, вазифаи ҷонии мост, - изҳор дошт Зиннатулло Исмоилзода.
Аз ошноӣ бо барномаҳои телевизиони мазкур маълум мешавад, ки он барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” бисёр муфид буда, дар шинохти асрори табиат ва маърифати дурусти равандҳои физикаву химиявӣ мададрасон аст. 
Ҳамкории шабака бо комиссия ва иштирокчиёни озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бисёр хуб ба роҳ монда шуда, ҳоло мухбирони минтақавӣ ба сабти даври аввали озмун машғуланд. «Илм ва табиат» бо вуҷуди навтаъсис будан, соҳиби ютюбканал, саҳифа дар фейсбук ва инстаграм мебошад. 
- Барои дар шакли электронӣ ё тавассути фитаҳо пешниҳод кардани баъзе аз барномаҳо ва филмҳои мустанад ба унвони муассиса номаҳо аз идораву кумитаҳо ворид шудаанд, ки аз кори дуруст ва самаровари шабакаи «Илм ва табиат» гувоҳӣ медиҳанд. Оянда нақша дорем, ки дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳо, институтҳои тобеи он ва Академияи илмҳои кишоварзӣ филмҳои мустанад дар бораи мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ ба навор бигирем, то сокинон аз табиати мармузи кишварамон бештар огоҳ бошанд, - мегӯяд З. Исмоилзода.
Кормандони телевизиони «Илм ва табиат» ҷиҳати илман асоснок кардани ҳодисаҳои табиӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ ва дигар ҷанбаҳои илм, ҳамчунин, берун кардани андешаҳои хурофотӣ аз замири баъзе аз қишрҳои ҷомеа барномаҳои «Арши илм», «Сайри кайҳон», филмҳои мустанади «Системаи офтобӣ», «Вулқон» ва «Сайёра» - ро омода намуданд. Дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар силсилаи дарсҳоро аз фанҳои алгебра, химия, биология, физика ва омӯзиши забони англисиро ба роҳ мондааст. 
Муассиса то имрӯз барномаҳои «Теғи Сино» оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи тиб, тарзи ҳаёти солим, «Арши илм» доир ба ҳаёт ва фаъолияти олимону ихтироъкорони ҷаҳонӣ ва ватанӣ, «Арса» дар мавзуъҳои навовариҳои илмие, ки дар Тоҷикистон ва ҷаҳон рӯи кор меоянд, «Сайри кайҳон» муаррифии олами коинот - ҷирмҳои осмонӣ, сайёраву ситораҳо ва пайдоиши илми ситорашиносӣ, «Дар дили санг» дар бораи таркиби сангу минералҳо, хусусиятҳои гуногуни онҳо, «Китоби сурхи Тоҷикистон» оид ба ҳайвоноти нодири кишварамон, «Инсон» дар бораи анатомияи одам, таҳия ва пахш кардааст. 
«Ҷадвали даврии Менделеев» барномаи навест, ки дар бахши химия омода шуда, оид ба унсурҳои моддаҳои химиявии ҷадвали олими бузург нақл мекунад. Дар ин барнома ба таври мухтасар дар бораи маводи химиявии муайян маълумот дода мешавад. «Суфраи табиат» аз ҷумлаи барномаҳоест, ки дар он оид ба навъҳои меваву сабзавот ва аз онҳо омода намудани маҳсулоти гуногун маълумот пахш мегардад.
Филмҳои мустанади «Сайёра», “Марворид”, “Системаи офтобӣ”, “Сада - ҷашни қадимӣ ва муосир”, «Барф», «Заковат ва дониш», «Пиряхҳои Тоҷикистон» омода гардиданд. Ҳоло таҳияи силсилафилмҳои “Дар умқи кайҳон”, “Офтоб”, “Оксиген” ва “Ҳосилаи табиӣ - ҷавҳари кимиё” идома дорад.  
Самти дигари фаъолияти муассиса тарҷума ва дубляжи филмҳои гуногуни мустанади илмӣ - оммавии хориҷист. Дар ин замина, аз ҷониби кормандони муассиса филмҳои мустанади телевизионии «Коинот чӣ тавр сохта шудааст?» (2 қисм), «Магнитосфераи Муштарӣ» (2 қисм), «Интернет чӣ гуна сохта шуд?» (3 қисм), «Канори коинот» (2 қисм), «Шаҳри ғайриодии ҷаҳон», «Фавти ситораҳои охирин» (2 қисм), «Уқёнуси Атлантика», «Электрохимия», «Доми дарандагон», «Фазо ва вақт» тарҷума ва дубляж шуд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2022    №: 76    Мутолиа карданд: 534
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед