logo

иқтисод

КОДЕКС ДАР ТАҲРИРИ НАВ, ЯЪНЕ ЧӢ? СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ БО ЮСУФӢ ПӮЛОДҶОН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуда, аз 1 январи соли 2022 мавриди истифода қарор гирифт.
Муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, пеш аз ҳама, ба боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани фазои муносиби андозбандӣ ва ҷалби сармоягузориҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ нигаронда шудааст. Зарурати роҳандозии иқдоми мавриди назарро ёвари раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармушовири мақомоти андоз Юсуфӣ Пӯлодҷон дар суҳбат бо хабарнигори мо шарҳ дод: 
 
- Пеш аз ҳама, зикри ҳамин нуқта муҳим аст, ки мақсади асосии таҳия ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ин ҳавасманд намудан ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Дар санади мазкур аввалин маротиба принсипҳои андозбандӣ, аз ҷумла принсипи ягонагии системаи андоз, адолати андозӣ, муайянӣ ва мушаххасии андозбандӣ, шаффофияти қонунгузорӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, эътимоднокӣ ба мақомоти андоз, дар боби алоҳида пешбинӣ шудааст. 
Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, сарфаи вақт ва кам кардани хароҷоти онҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, кам намудани ташрифи кормандони мақомоти андоз ба фаъолияти андозсупорандагон ва халалдор насохтани фаъолияти онҳо, дар Кодекси андози нав ҷиҳати ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири электронӣ, аз қабили чеки электронии фискалӣ, мубодилаи электронии иттилоот, хизматрасонии фосилавӣ тавассути майдони электронии тиҷорат, низоми рамзгузории электронии молҳо, заминаи ҳуқуқӣ пешбинӣ гардид.
Албатта, дар Кодекси андоз дар таҳрири нав имтиёзҳои андозии амалкунанда нигоҳ дошта шуда, ҳамзамон, дар он ҷиҳати таъмини рақобатпазирии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъмини шаффофияти фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва дар ин замина, коҳиш додани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва зиёд намудани даромадҳои буҷети давлатӣ, инчунин, ҳамоҳанг намудани меъёри андозҳо бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратии кишвар нисбат ба меъёрҳои андозҳо бознигарӣ шуда, як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз номгӯи андозҳо хориҷ гардида, андози фоида бо андози даромад ва андоз аз воситаи нақлиёт бо андозҳо аз молу мулк муттаҳид гардидааст. 
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, инчунин, таъмини шаффофият дар ин раванд, ҳадди даромади аз андозбандӣ озоди шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд гашта, меъёрҳои андози даромади шахсони воқеӣ, ки 8 ва 13 дарсадро ташкил медод, бо меъёри 12 дарсад иваз гардидааст.
Илова бар ин, ҷиҳати ҳамоҳанг намудани меъёри андоз аз даромади шахсони воқеии ғайрирезидент бо шахсони ҳуқуқии ғайрирезидент, инчунин, ҳавасманд намудани мутахассисони варзидаи хориҷӣ барои фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёри андоз аз даромади шахсони болозикр аз 25 то 20 дарсад, яъне 5 дарсад кам карда шуд.
Ҷиҳати мусоидат ба татбиқи амалии Барномаи давлатии саноатикунонии босуръати кишвар меъёри андоз аз даромад (андоз аз фоида) барои фаъолияти истеҳсолӣ бетағйир, ба андозаи 13 дарсад мононда шуда, дар баробари ин, вобаста ба вазъи фаъолияти низоми бонкии кишвар ва амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати рақамикунонии иқтисодиёт ва ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосир барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, меъёри андози мазкур барои фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ширкатҳои мобилӣ ба андози 20 дарсад ё 3 дарсад кам нисбат ба меъёрҳои қаблан амалкунанда пешбинӣ шудааст.
Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (андоз аз фоида) барои истихроҷи захираҳои табиӣ 18 дарсад пешбинӣ гаштааст.
Бо мақсади таъмини рушди иқтисодии кишвар меъёри андоз аз даромад барои дигар намуди фаъ-олияти шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла  савдо, хизматрасониҳои суғуртавӣ, ҳамлу нақл, тиббӣ ва ғайра, ба андозаи 18 дарсад пешбинӣ гардидааст. Бояд қайд намуд, ки меъёри пешбинишуда нисбат ба меъёри амалкунанда  5 дарсад кам мебошад.
Бо мақсади бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратӣ баробар намудани сатҳи андозбандӣ дар Кодекси нави андоз меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда аз 18 дарсад (қаблан амалкунанда) ба 15 дарсад паст гардида, дар баробари ин, аз 1 январи соли 2022 то 1 январи соли 2027 давра ба давра аз 15 то ба 13 дарсад паст намудани меъёри ин намуди андоз пешбинӣ шудааст. 
Инчунин, дар Кодекси нави андоз нисбат ба хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ низ меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар сатҳи 7 дарсад бе ҳуқуқи баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда пешбинӣ гардид (қаблан, меъёр барои ин намуди фаъолиятҳо 18 дарсад муқаррар шуда буд).
 Илова бар ин, бо мақсади таъмини шаффофияти баҳисобгирӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳисобот нишон додани шумораи воқеии кормандон ва музди миёнаи моҳона, меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон аз 25  ба 20 дарсад паст карда шудааст.
Аз ҷониби дигар Кодекси андоз дар таҳрири нав аслан фарогири ҷанбаҳои сабук гардондани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла истеҳсолӣ, гузариш ба низоми электронии хизматрасониҳо ба андозсупорандагон, батанзимдарории назорат ва санҷишҳо, муносибгардонии меъёрҳо ва содагардонии расмиёти маъмурикунонии андоз, мебошад.
Бо мақсади таҳкими иқтидори саноатӣ, васеъ намудани имконияти истеҳсолот, ташаккул ва тақвияти ҳукумати электронӣ илова ба сабукӣ ва имтиёзҳои то ин ҷониб амалкунанда, дар Кодекси нави андоз низоми содакардашудаи фаъолияти инноватсионию технологӣ бо имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба муҳлати 5 сол пешбинӣ гардидааст.
Воқеан, дар Кодекси андоз дар таҳрири нав нисбати соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, илова ба сабукӣ ва имтиёзҳои мавҷуда, як қатор ҳавасмандкуниҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла нисбат ба воридот ва таҳвили минбаъдаи техника ва таҷҳизот, ки, аллакай, дар боло дар ин бора гуфта шуд. Мехоҳам танҳо илова намоям, ки дар натиҷаи васеъ намудани имтиёзҳо дар баробари воридоти техникаи кишоварзӣ, инчунин, воридоти қисмҳои эҳтиётиву маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд.
Дар баробари ин, бо мақсади дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳавасмандии корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои калони савдо барои хариди маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ, дар Кодекси андози нав меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи 5 дарсад пешбинӣ карда шуд, ки нисбат ба меъёри амалкунанда 13 дарсад кам мебошад.
Бо мақсади ба шаҳрвандон, мутахассисон ва андозсупорандагон фаҳмондани муқаррароти Кодекси нави андоз нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, тибқи он дар якҷоягӣ бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор зиёда аз 20 барномаи телевизионӣ омода ва тариқи  телевизионҳои “Тоҷикистон” ва  “Сафина” намоиш дода шуд. Айни замон, боз чанд барномаи телевизионӣ таҳия шуда, пешкаши тамошобинон гардида истодааст. 
Корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути барномаи муосири компютерӣ аз тариқи шабакаи интернет дар реҷаи мустақим (ЗУМ-конференсия) низ ба роҳ монда шудааст.
Бо истифода аз ин минбари муносиб ба иттилои хонандагон мерасонем, ки барои дарёфти маълумоти бештар оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав онҳо метавонанд ба маркази тамоси Кумитаи андоз бо рақами телефони содакардашудаи 151 ва сомонаи Кумитаи андоз муроҷиат намоянд. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2022    №: 76    Мутолиа карданд: 1281
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед